Internews дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) барои пайдо намудани шарикон дар ташкил намудани барномаҳои омузишӣ ба хотири рушди касбии расонаҳои Тоҷикистон озмун эълон менамояд. Ба озмун созмонҳои расонаии чи тиҷоратӣ ва чи ғайритиҷоратӣ, ки дар омузиши касбии кормандони расонаҳо таҷриба доранд, даъват мешаванд.
Озмун барои омузиш дар самти зерин эълон мешавад:
- идоракунии шаклҳои гуногуни расонаҳо, стратегияи рушд ва таҳкими устувории молиявии расонаҳо, фарҳанги сохторсозӣ ва тақвияти зарфияти кадрҳо дар расонаҳо.
Дар доираи ин самт бояд аз як то се чорабинии омузишӣ ба нақша гирифта шавад. Шарикон ҳамчунин бояд иштирокдорони давраҳои омузиширо дар муддати 3 – 4 моҳи оянда мураббигӣ намуда, бо машварату маслиҳатҳои касбӣ фаро гиранд.
Кадом маълумот бояд пешниҳод шаванд?
– барномаи пешакии чорабиниҳои омузишӣ;
– шумораи тренингҳо ва иштирочиёни эҳтимолӣ;
– шаклҳои омузиш: тренинг, вебинар, дарсҳои устодон (master class), мураббигӣ (mentoring) ва ғ.;
– руйхати муаллимон бо зикри салоҳият ва таҷрибаашон;
– тарзи интихоб ва даъвати иштирокчиён;
– роҳҳои тарбияи шогирдон пас аз анҷоми даври омузиш.
Муҳлати охирини пешниҳоди дархостҳо: 31 марти соли 2019
Интихоби ғолибони озмун дар ду марҳила сурат мегирад:
1) арзёбии зарфияти дархостдиҳанда, сатҳи дарки талаботи бозори расонаҳо, навоварӣ дар пешниҳоди усулҳои омузиш. Дар натиҷаи ин арзёбӣ руйхати мухтасари (short list) довталабони муваффақ тартиб дода мешавад.
2) арзёбии буҷети лоиҳаҳо ва ҳамчунин машваратҳои инфиродӣ ба хотири дақиқ намудани маълумоти иловагӣ.
Қарори ниҳоиро оиди интихоби коршарик Шурои коршиносон то 5 апрели соли 2019 қабул хоҳад кард.
P.S. Тамоми чорабиниҳои омузишии тарҳрезишуда бояд то охири моҳи сентябри соли 2019 ба анҷом расанд. Дар ҳолати зарурӣ барнома метавонад то охири моҳи декабри соли 2019 бе маблағгузории иловагӣ тамдид гардад.
Қолаби дархост ва буҷаи лоиҳаро метавонед тариқи ин пайвандҳо дарёфт кунед.
Лутфан, дархост ва буҷаи пур кардаи лоиҳаи худро то охири рузи 31 марти соли 2019 тариқи почтаи электронии TJ-info@internews.org. равон кунед.
Агар саволе доред, лутфан ба суроғаи электронии TJ-info@internews.org. муроҷиат намоед
Ҷавобҳо якҷоя бо саволҳои матраҳшуда дар саҳифаҳои эълонҳои Internews нашр хоҳанд шуд.
Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.