Internews дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) расонаҳои Тоҷикистонро ба рушди шабакаҳои мухбирони ғайриштатии минтақавӣ даъват мекунад. Мо аз шаш созмони расонаӣ дар таъсиси шабакаи мухбирони минтақавиашон пуштибонӣ хоҳем кард.
Шумо чӣ дарёфт хоҳед кард?
- Дастгирии молии ҳамоҳангсози шабакаи минтақавии журналистони мардумӣ то охири соли 2019;
- Бурсия барои пардохти ҳаққи қалами иштирокчиёни шабака дар марҳилаи ибтидоӣ;
- Машварати фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои таъсисёфта.
Дар озмун расонаҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд
Тарзи пешниҳоди дархост чигуна аст?
- Навиштани мактуб бо шарҳи он, ки чаро чаро расонаи Шумо мехоҳад дар барномаи “Рузноманигорони мардумӣ” иштирок кунад;
- Пур кардани дархости онлайнии бурсия то 31 марти соли 2019 .
Ҳуҷҷатҳоро бо почтаи электронӣ ба суроғаи TJ-info@internews.org то муҳлати зикршуда бифиристед.
Internews на дертар аз 10 апрели соли 2019 дар ин бора тасмим мегирад ва ғолибонро на дертар аз 15 апрели соли 2019 тариқи почтаи электронӣ хабардор мекунад.
Агар дар ин мавзуъ саволе доред, лутфан тариқи почтаи электронии TJ-info@internews.org муроҷиат намоед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.