Аз 28 то 30 апрели соли ҷорӣ, дар осоишгоҳи “Сатурн”, ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ доир ба коркарди лоиҳаи “Дастур барои пешбурди сомонаҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуд. Давоми се рӯз иштирокчиён тартиби нашр ва навкунии маводи иттилоотӣ дар сомонаҳои судҳоро баррасӣ карданд. Дар ин чорабинӣ намояндагони мақомоти судӣ, ВАО, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Лоиҳаи коркарди “Дастур барои пешбурди сомонаҳои судҳои ҶТ”-ро Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди олии иқтисодии Тоҷикистон ва иштироки фаъоли ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ месозад. Пеш аз рӯйи кор омадани ин лоиҳа, Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ лоиҳаи дигареро роҳандозӣ карда буд, ки дар доираи он маълум шуд то чӣ андоза сомонаҳои судӣ маълумотеро, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, паҳн мекунанд. Дар назар аст, ки пас аз рӯйи кор омадани ин лоиҳа тамоми мақомоти судӣ тибқи ин дастур кор мекунанд ва рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон, фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ ба иттилооти судӣ бештар дастрасӣ пайдо мекунанд.
Дар рафти баррасиҳое, ки доир шуданд, Камол Тӯраев, роҳбари шӯъбаи иттилоотии Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт:
–Мақомоти судӣ 77 суд ва 5 суди иқтисодӣ дорад, ки аз онҳо феълан 77 сомона фаъол шудааст. Барои ҳамаи мақомоти судӣ, сомонаҳо омода карда шуданд, вале ҳоло мӯҳтаво нест. Ҳоло ба чигуна пур кадани маълумотҳо ниёз дорем. Кормандоне, ки бо кор ба сомонаҳои мақомоти судӣ равона карда мешаванд ба роҳнамое ниёз доранд, ки барои дуруст пешниҳод кардани маълумот барояшон кӯмаке бошад. Умедворам, ки дастуре, ки айни ҳол дар ҳоли омодашавӣ аст, барои пешбурди кори мо роҳнамое буда метавонад. Ҳамзамон дар қисмати техникии ҷойгиркунии маълумот ҳам мо мушкилие дорем. Инро ҳам бояд дар назар гирифт.
Ин гуфтаҳои Камол Тӯраевро судяи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Беҳруз Шафо низ тасдиқ карда илова намуд:
–Ҳамзамон барои амалӣ шудани ин дастур ҳиссаи кормандони техникӣ низ зарур аст. Барои ҳар сомонаҳои мақомоти судӣ як шахси алоҳидае бояд бошад, ки самти техникии пешбурди сомонаҳоро балад бошад ва дастрасии техникии сомонаҳоро ӯ танҳо дар дасти худ дошта бошад. Яъне, маълумотро ба сомонаҳои судӣ худи ӯ илова кунад. Мо панҷ минтақаи асосӣ дорем: шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ. Ба ҳар яки ин минтақаҳо, мо метавонем 5 корманди техникӣ бигирем. Зеро вазифаи ҷойгиркунии маълумоти судиро ба ҳар як кормандон додан ҳам дуруст нест.
Дар ҷараёни фаъолияти Гурӯҳи корӣ пешниҳоду ақидаҳои ҳамаи ширкаткунандагон шунида ва баррасиву қабул карда шуданд. Хуршед Қурбоншоев, ҳуқуқшиноси расонаӣ ва ҳамоҳангсози лоиҳаи “Дастур барои пешбурди сомонаҳои судҳои ҶТ” низ қайд кард, ки пас аз ин баррасиҳо пешниҳодҳоро ба ин дастур илова карданд ва метавон гуфт, ки пурра омода шудааст.
-Яке аз хулосаҳои муҳиме, ки дар ин гурӯҳи корӣ қабул карда шуд – тағйири номи ин лоиҳа ба ҳисоб меравад. Чунин эътироф шуд, ки номи ин лоиҳа аз “Дастур барои пешбурди сомонаҳои судҳои ҶТ” ба “Қоидаҳо барои пешбурди сомонаҳои судҳои ҶТ” иваз карда шавад. Ҳоло метавон гуфт, ки ин ҳуҷҷат комилан омода шудааст. Вале боз ҳам барои коршиносон дар алоҳидагӣ намунаи охирини қоидаҳоро равон кардем. Дар назар аст, ки бори охир ягон пешниҳоду дархостҳои нав шавад ва дар муддати наздик намунаи охиринаш тасдиқ гардад ва ҳамзамон барои истифода дастрас бошад.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.