Internews ҷиҳати баргузории 10 вебинар ва мулоқотҳои мавзӯии офлайнӣ барои рӯзноманигорон озмуни грантиро миёни созмонҳои расонаии Тоҷикистон эълон мекунад. Муҳлати татбиқ бояд ба моҳҳои феврал-июни соли 2023 рост ояд.
Қабули дархостҳо аз шарикони эҳтимолӣ 20-уми декабри соли 2022 дар соати 23:59 ба вақти Душанбе ба охир мерасад.
ТАМДИД ГАРДИД: Қабули дархостҳо аз шарикони эҳтимолӣ 26-уми декабри соли 2022 дар соати 22:00 ба вақти Душанбе ба охир мерасад.
Кӣ метавонад дар озмун иштирок кунад?
Ин озмун барои созмонҳои расонаие пешбинӣ шудааст, ки пайваста аз набзи ҷомеа огоҳанд ва метавонанд на танҳо мавзуъҳои муҳим барои мулоқотҳоро зуд муайян кунанд, балки онҳоро самарабахш гузаронанд.
Инчунин, шарики эҳтимолӣ барои баргузории чунин мулоқотҳо бояд бинои шахсии худро дошта бошад, ки дар як вақт ҳадди ақал 15 рӯзноманигор-иштироккунандаро дар он ҷамъ карда тавонад. Бахше аз чорабиниҳоро, агар зарурати ҷалби шумораи зиёди намояндагони расонаӣ вуҷуд дошта бошад, метавон дар шакли вебинари онлайнӣ баргузор кард.
Кадом мавзуъҳоро метавон муҳокима кард?
Худи шарики эҳтимолӣ мавзуъро аз рӯйи аҳамият ва саривақтӣ будани он интихоб мекунад. Аммо мавзуъҳои баррасишаванда бояд ба таҳкими робитаи байни намояндагони расонаҳо мусоидат кунад ва ба онҳо имкон диҳад, ки на танҳо хатарҳо ва мушкилоти пешомадаро баррасӣ кунанд, ки ба сифати инъикос таъсир мегузорад, балки инчунин, эҳтимолан дар ёфтани роҳи ҳалҳои муштарак ба онҳо кумак кунад.
Internews дар навбати худ мавзуъҳои зерро тавсия медиҳад:
- Стресс-менеҷмент барои роҳбарон ва кормандони расонаӣ
- Амнияти рақамӣ, равонӣ ва шахсии рӯзноманигорон
- Инъикоси низоъҳо
- Нақди расонаӣ: таъсир ва пайомадҳо
- Ҷанбаҳои ҳуқуқии фаъолияти рӯзноманигорӣ/блогерӣ
Мулоқотҳо бояд ба забони тоҷикӣ ё бо тарҷумаи тоҷикӣ бошад, агар забони кории суханронҳо русӣ ё англисӣ аст.
Мулоқотҳо ва вебинарҳоро шарики Internews барои кӣ таҳия мекунад?
Иштироккунандагони мулоқотҳо ва вебинарҳои офлайнӣ метавонанд роҳбарони расонаҳо, муҳаррирон, рӯзноманигорон ва дигар мутахассисон бошанд, ки дар тавлиди муҳтаво ва устувории расонаҳо нақши калидӣ доранд. Ҳангоми интихоби онҳо Internews ва шарикони эҳтимолӣ тавозуни гендериро нигоҳ хоҳанд дошт.
Internews шарики ин озмунро чӣ гуна интихоб мекунад?
Интихоб дар ду марҳила сурат мегирад: аввал – арзёбии тавоноиҳои довталаб ва дарки ӯ аз ниёзҳои бозори расонаӣ ва баъд аз он – мусоҳиба ва мулоқот бо доварони мустақил.
Internews тасмими ниҳоиро дар бораи ғолиби озмун то охири соли 2022 қабул мекунад ва дар ҳамин давра ба довталабон аз тасмими худ хабар медиҳад.
Чӣ тавр барои шарикӣ дархост кардан мумкин аст?
Барои иштирок дар озмун то 20 декабри соли 2022 (то соати 23:59 ба вақти Душанбе) дархост пур кунед.
Барои фиристодани дархост шумо бояд дар платформаи грантии мо сабти ном кунед. Ҳангоми сабти ном, лутфан, нишонии почтаи электронии фаъолро нишон диҳед, зеро мо ҳамаи огоҳиҳоро ба он нишонӣ мефиристем. Лутфан, дастурҳои марбут ба интихоби рамз (парол)-ро иҷро кунед ва пас аз сабти ном ҳисоби худро бо пахш кардани линке, ки ба почтаи электронии шумо фиристода мешавад, тасдиқ кунед.
Пас аз сабти ном кишвари худ, яъне Тоҷикистон ва номи барнома “Мулоқотҳои мавзӯӣ“(«Тематические встречи»)-ро интихоб кунед. Барои он ки мо дархости шуморо қабул кунем, дар охир тугмаи сабзи “Ирсол” («Отправить»)-ро пахш кунед.
Барои посух гирифтан ба саволҳо дар бораи пур кардани дархостҳо дар платформа шумо метавонед ба mnazirova@internews.org муроҷиат кунед.
Мулоқотҳои мавзӯӣ ва вебинарҳо дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) баргузор мешаванд. Барои гирифтани маълумоти муфассал дар бораи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ, лутфан, инҷоро бихонед. Муфассалтар дар бораи созмон: Internews: дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.