Чорумин Эдютон доир ба саводи расонаии Барномаи Осиёимарказии MediaCAMP аз 8 то 12 феврал ба шакли онлайн баргузор хоҳад шуд. Коршиносон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эстония ва Россия дар бораи саводи синамоӣ (кинограмотность), рамзҳо дар реклама, бозиҳо ва ҳамчунин офаридани муҳтавои эҷодӣ ва муфид доир ба саводи расонаӣ нақл хоҳанд кард. Машғулиятҳои алоҳида ба муҳокимаҳо дар бораи аҳамияти саводи расонаӣ ва компютерӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда бахшида мешаванд.
“Имсол мо ду ҳадафи асосӣ дорем: ҷалби расонаҳои касбӣ ба инъикоси масъалаҳои вобаста ба саводи расонаӣ ва иттилоотӣ, инчунин таҳияи лоиҳаҳои омӯзиши интерактивии саводи расонаӣ дар бахши реклама ва санъати синамо”, – тавзеҳ дод Гулнар Асанбаева, мушовири минтақавии Барномаи Осиёмарказии MediaCAMP доир ба саводи расонаӣ.
Семинар ба шакли онлайн ба забони русӣ бо тарҷумаи ҳамзамон ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ баргузор мешавад. Дарсҳои амалӣ, мастер-классҳо ва машваратҳо бо коршиносон ҳар рӯз рӯзона ва шом аз 8 то 12 феврал баргузор мешаванд. Дархосткунандагони интихобшудаи озмун барои дастгирии молиявии рушди саводи расонаӣ метавонанд дар Эдютон иштирок намоянд. Ҳамагӣ 30 ҷой вуҷуд доранд: 10 тоӣ иштироккунанда аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
Иштироккунандагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Эдютон ба омӯзиши пуршиддат ҷалб карда мешаванд, лоиҳаҳои худро ҳимоя мекунанд ва ҳакамони мустақил беҳтаринҳоро барои дастгирии молиявӣ муайян менамоянд. Самтҳои афзалиятдори лоиҳаҳо дар ин сол: эҷоди муҳтаво доир ба саводи расонаӣ, намоишҳои театрӣ, тренингҳо доир ба савод дар бораи кино, сохтани бозиҳо ва викторинаҳо (квизҳо), таҳия ва нашри овезаҳо (постерҳо). Мӯҳлати иҷрои ҳамаи лоиҳаҳо: на дертар аз моҳи августи соли 2022.
- Тренерҳо ва менторҳои семинари Эдютон 2022 коршинос доир ба савод дар бораи кино, муаллифи китобҳои “Кино как универсальный язык” (“Кино ҳамчун забони универсалӣ”), “125 лет кинодраматургии” (“125 соли кинодраматургия”), Камилл Ахметов (Россия).
- Пажӯҳишгари реклама аз Донишгоҳи Тарту Александра Милякина (Эстония). Сармуҳаррири сайти Nuqtainazar.uz, ғолиби “Эдютон 2021” Тимур Юлдошев (Ӯзбекистон).
- Мушовир оид ба ВАО, муаллифи китоби дарсии “Медиаграмотность для журналистов” (“Саводи расонаӣ барои рӯзноманигорон”) Дилфуза Мирзахмедова, рӯзноманигор, тренер оид ба СИР (Ӯзбекистон).
- Муаллифи бозии электронӣ “Медиаджунгли” Татяна Голубсова (Қазоқистон).
- Мутахассис оид ба коммуникатсия дар ЮНИСЕФ Рустам Гулов (Тоҷикистон).
- Директори иҷроияи ширкати технологияҳои иттилоотӣ IROKEZ Арсен Абдрахманов (Қирғизистон).
- Мутахассис оид ба ВАО, Internews дар Қазоқистон Баубек Сагиндиков (Қазоқистон) хоҳанд буд.
Баъзе аз машғулиятҳо боз хоҳанд буд ва ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар онҳо иштирок намоянд. Онҳо дар аккаунти Фейсбуки Internews Қазоқистон пахш карда мешаванд ва тарҷумаи ҳамзамон ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ дар Zoom дастрас хоҳад буд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.