Шаст нафар котибони матбуотӣ аз мақомоти гуногуни давлатии ҷумҳурӣ тарзи нави кор бо рӯзноманигорони маҳаллиро меомӯзанд. Созмондиҳандагони давраҳои омӯзишӣ – Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бар ин андешаанд, ки хадамоти матбуотӣ ба бознигарӣ ва таҷдиди ҷиддӣ ниёз доранд ва аз ин на танҳо ВАО-и маҳаллӣ, балки худи мақомоти давлатӣ низ бурд мекунанд.
Ҳамагӣ 10-15 сол пеш аксарияти котибони матбуотӣ дар Тоҷикистон бо рӯзноманигорони расонаҳои давлатӣ ва мустақил ҳамкории наздик доштанд. Онҳо нисбатан дастрас буданд, кӯшиш мекарданд, ки ба саволҳо зуд ҷавоб диҳанд ва ба журналистон дар иҷрои вазифаи касбиашон ёрӣ расонанд. Имрӯз дар бозори расонаҳои Тоҷикистон танҳо чанд нафар котибони матбуотӣ кор мекунанд, ки рӯзноманигорон онҳоро дӯсти худ медонанд. Ҳамаи боқимондаҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ВАО (махсусан расонаҳои мустақил) канораҷӯӣ кунанд ва рӯзноманигорон бошад мушкили асосии худро набудани дастрасӣ ба иттилоот меноманд.
«Масалан, вақте чанде пеш дар Хоруғ як гирдиҳамоӣ баргузор шуд, котиби матбуотии ҳокимияти вилоят ғайб зад. Рӯзноманигорон ӯро пайдо карда натавонистанд ва бе маълумот монданд. Аксари вақтҳо чунин амалҳо аз надонистани рафтори худ дар шароити бӯҳронӣ ба вуҷуд меоянд” – мегӯяд Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.
Мутаассифона, ҳолатҳои ғайб задани котибони матбуотӣ дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз дар Тоҷикистон зуд-зуд рӯй медиҳанд: хадамоти матбуотӣ чунин фикр мекунанд, ки барои онҳо беҳтар аст аз ВАО пинҳон шаванд, то ин ки бо онҳо вориди муколама шаванд.
Дар ниҳояти кор, чунин рӯйкард на танҳо ба сифати муҳтавои журналистӣ, балки ба обрӯи мақомоти маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мутаассифона, ин мушкилот системавӣ шудааст ва на танҳо ба хотири омили инсонӣ, балки бо бисёр сабабҳои дигар, масалан, мавҷуд набудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти хадамоти матбуоти давлатӣ ба вуҷуд омадааст.
— Иттифоқ кори хадамоти матбуотиро мониторинг кард ва мо муайян намудем, ки дар кишвари мо, масалан, барои ин сохтор мақоми ягонаи ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Дар ҷое ин хадамоти матбуотӣ, дар ҷое – шуъбаҳои робита бо ҷомеа, дар ҷои дигар – ёвари роҳбар мебошад. Ҳоло мо гузориш омода мекунем, аз ҷумла барои ҳукумат, ки дар он зарурати муайян кардани мақоми ҳуқуқии хадамоти матбуотӣ ва тартиби кори онҳоро тавзеҳ мекунем, – шарҳ дод Зинатулло.
Имсол Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаи калон шурӯъ кард. Лоиҳаи мазкур барои таҳкими тавоноии хадамоти матбуотӣ ва инкишофи коммуникатсияҳои самарабахш дар байни мақомоти давлатӣ ва расонаҳо дар Тоҷикистон нигаронида шудааст, ки онро Internews роҳандозӣ кард. Намояндагони Иттифоқи журналистон барои иштирок дар ин лоиҳа дархост пешниҳод карданд ва аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳии ҳакамони мустақил дар қатори ғолибон қарор гирифтанд. Вазифаи асосие, ки ин созмон бояд дар лоиҳа ҳал намояд, роҳандозии ҳамкории байни хадамоти матбуотии давлатӣ ва расонаҳои маҳаллӣ мебошад.
– Ба андешаи мо, хадамоти матбуотӣ бояд пуле бошад байни давлат ва расонаҳову ҷомеа. Обрӯи мақомоти давлатӣ аз он вобаста аст, ки онҳо то чӣ андоза аз функсияҳои худ истифода бурда метавонанд, мегӯяд Зинатулло.
Иттифоқ карор дод, ки лоиҳаи худро аз баргузор намудани тренингҳои махсус барои котибони матбуотӣ оғоз намояд. Гап сари он аст, ки мутахассисон дар муассисаҳои давлатӣ, ки барои робита бо рӯзноманигорон масъул мебошанд, воқеан дар тренингҳои касбӣ иштирок намекунанд, ки барои расонаҳои имрӯза дастрас ҳастанд. Зинатулло ба ёд оварда натавонист, ки котибони матбуотӣ кай бори охир дар ин гуна барномаҳои омӯзишӣ иштирок доштанд: дар тӯли даҳ соли охир ин гуна тренингҳо набуданд.
Дар барномаи таҳиянамудаи Иттифоқ рӯзноманигорони ботаҷриба – Шаҳноз Комилзода, Хилватшо Маҳмуд, Ҷовид Муқим, инчунин собиқ котиби матбуотии раиси шаҳр Шавқат Саидов, ки замоне аз ҷониби рӯзноманигорони маҳаллӣ ҳамчун яке аз беҳтарин мутахассисон эътироф шуда буд, бо иштироккунандагон кор мекунанд.
– Мо намояндагони хадамоти матбуотиро ба чанд блок тақсим кардем: иҷтимоӣ, қудратӣ ва иқтисодӣ. Дар тӯли лоиҳа мо барои онҳо 12 тренинг баргузор мекунем. Мо дар бораи тамоюлҳои журналистикаи имрӯза дар Тоҷикистон, чӣ гуна истифода намудан аз воситаҳои нав ҷиҳати эҷоди контенти (муҳтавои) баландсифат, чӣ гуна ба роҳ мондани идоракунии зиддибӯҳронӣ дар ҳолатҳои фавқулодда, кадом заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва ҳамчунин дар бораи чӣ гуна таҳия намудани стратегияи дарозмуддати робитаи мутақобил бо ҷомеа суҳбат мекунем, мегӯяд раиси Иттифоқи журналистон.
Тибқи суханони ӯ, қоидаҳое, ки аз рӯи онҳо рӯзноманигорони муосир дар Тоҷикистон кор мекунанд, барои аксарияти котибони матбуотӣ маълум нестанд.
– Рӯзноманигорон аксари вақтҳо дар тренингҳо иштирок карда, бо форматҳои чандрасонаӣ (мултимедиявӣ) муддати тӯлонӣ кор мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона рафтор мекунанд, дар ҳоле ки аксарияти котибони матбуотӣ бо тарзи кӯҳна кор мекунанд – варақаҳои матбуотии (пресс-релизҳои) классикӣ менависанд ва агар дар шабакаҳои иҷтимоӣ кор кунанд, аксари вақтҳо танҳо бо нашри аксҳо аз чорабиниҳо маҳдуд мешаванд, шарҳ медиҳад Зинатулло.
Холо Иттифоқ дуюмин чунин тренингро баргузор мекунанд ва котибони матбуотӣ на танҳо бо принсипҳои кори журналистони имрӯза шинос мешаванд, балки ҳамчунин бо ҳамдигар робита барқарор мекунанд. Иштироккунандагони ҳар тренинг дар мессенҷерҳо гурӯҳҳо ташкил мекунанд ва Зинатулло умедвор аст, ки онҳо дар оянда аз ин платформаҳо барои мубодилаи иттилоот истифода хоҳанд кард.
– Тренинг ба ман хеле писанд омад, мавзуъҳои аз ҳама ҷолибтарин ҳуқуқи муаллифӣ ва сторителлинг буданд, мегӯяд Эҳсон Сафарзода, котиби матбуотии Вазорати маориф ва илм, иштироккунандаи тренинг. – Ман фикр мекунам, ки чунин тренингҳо барои котибони матбуотӣ бояд бештар баргузор карда шаванд. Давраи нави технологияҳои рақамӣ фаро расидааст, ҳар рӯз дар касби мо чизи нав пайдо мешавад ва чунин омӯзиш барои таҷдид ва таҳкими дониш зарур аст. Ман умедвор ҳастам, ки тренингҳо дар бораи тамоюлҳои рӯзноманигорӣ бештар баргузор мешаванд.
Худи Зинатулло умедвор аст, ки котибони матбуотӣ дар баробари малакаҳои муосири кор бо иттилоот метавонанд дар ҷараёни тренингҳо ҳамчунин дар бораи мақоми баланду муҳими худ дар ҳар сохтори давлатӣ фаҳмиш пайдо кунанд.
– Мо бисёр умедвор ҳастем, ки мақоми котиби матбуотиро баланд бардорем, зеро дар бисёр кишварҳо ин вазифа ба вазифаи муовини вазир баробар аст, мегӯяд Зинатулло. – Зеро аз ин шахс вобаста аст, ки тамоми сохтор ба чашми ҷомеа чӣ гуна намудор мешавад ва аз ҷумла ҳокимияти зинаи олии ҷумҳурӣ.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.