Барои иштирок дар озмуни ташкил кардани Хонаи саводи расонаӣ дар Душанбе бунёдҳои ғайридавлатӣ, созмонҳо ва иттиҳодияҳои таълимии ВАО аз Тоҷикистон даъват мешаванд.
Ҳар рӯз мо бо ҳаҷми зиёди иттилоот аз сарчашмаҳои гуногун рӯбарӯ мешавем. Дар ин ҷараёни иттилоотӣ ёфтани мавқеи худ, шинохтани дасткориҳо (манипулятсияҳо), маълумоти сохта (фейк) ва тарғибот душвор аст. Хонаи саводи расонаӣ – ин маркази коршиносии маҳаллиест, ки дар ҷалб намудани ҷомеа ба саводи иттилоотӣ ва рақамӣ тамаркуз мекунад.
Вазифаҳои Хонаи саводи расонаӣ инҳоро дар бар мегиранд:
- Ба таври доимӣ баргузор кардани чорабиниҳо барои рушди сатҳи саводи расонаӣ, иттилоотӣ ва рақамии аҳолии шаҳри Душанбе ва ба ҳадди имкон, ноҳияҳои ба шаҳр наздик (машғулиятҳои гуногуни омӯзишӣ барои гурӯҳҳои мухталифи демографӣ; мубоҳиса ва мунозираҳо; бозиҳо ва ҷустуҷӯҳо (квестҳо); омӯзишҳо барои тренерҳо доир ба саводи расонаӣ ва рақамӣ, мулоқотҳо бо намояндагони мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғ.).
- Давраи баргузор кардани чорабиниҳо – на камтар аз ду маротиба дар як моҳ бо истифода аз ҳар гуна формат вобаста ба вазъи эпидемиологӣ.
Мо интизор ҳастем, ки дар чорабиниҳои Хонаи саводи расонаӣ дар Душанбе одамони дорои синну сол ва касбҳои гуногун иштирок хоҳанд кард.
Афзалият ба довталабоне дода хоҳад шуд, ки дар баргузор кардани чорабиниҳои гуногуни баланд бардоштани саводи расонаӣ, иттилоотӣ ва рақамӣ соҳибтаҷрибаанд.
Барои иштирок дар озмун дархостро дар ин ҷо то соати 24 (ба вақти Душанбе) 10 январи соли 2022 пур кунед.
ТАМДИД ГАРДИД: то соати 24 (ба вақти Душанбе) 24 январи соли 2022 пур кунед.
Агар шумо ҳар гуна саволе дар бораи лоиҳаҳои рушди саводи расонаӣ дошта бошед, лутфан, ба нишонии TJ-Info@internews.org нависед. Дар сатри “Мавзуъи паём” ( “Тема сообщения”), лутфан, “Хонаи саводи расонаӣ”-ро зикр кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.