Internews шариконро барои лоиҳаи «Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ» ҷустуҷӯ мекунад

Интернюс озмуни расонаҳои Тоҷикистонро ва Қазоқистон барои ширкат дар лоиҳаи “Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” дар солҳои 2021-2022 оғоз мекунад. Ҳадафи аслии он кӯмак ба расонаҳои мустақили Қазоқистон ва Тоҷикистон дар таъсис ва рушди шабакаи хабарнигорони шаҳрвандӣ мебошад.

Дар давоми се сол дар ин лоиҳа 34 расонаи касбӣ тақрибан аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок карданд. Беш аз 120 нафар рӯзноманигори шаҳрвандӣ – шахсоне, ки таҷрибаи рӯзноманигорӣ ва таҳсилоти рӯзноманигорӣ надоштанд, вале хоҳиши зиёд барои иникоси воқеаҳои муҳим ва тағйир додани зиндагӣ дар ҷомеаи худро доштанд, ширкат варзиданд.

Дар мавсими нав Интернюс то 12 созмони расонаии Тоҷикистонро ва Қазоқистон (дар ҳар кишвар то шашто) дастгирӣ хоҳад кард.

Дар доираи Лоиҳа пешбинӣ мешавад:

· Дастгирии молиявии нашрияи шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ.

· Додани пардохти ҳаққи хабарнигори шаҳрвандӣ дар ибтидо.

· Роҳнамоии фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои эҷодшуда.

· Омӯзиши фосилавии рӯзноманигорони шаҳрвандӣ. Дар соли 2021 коршиносони Интернюс як силсила вебинарҳои омӯзишӣ барои иштироккунандагони лоиҳа – асосҳои журналистика, наворбардории аксу видео дар дастгоҳҳои мобилӣ, саводнокии расонаӣ, қонуни расона ва ғайра баргузор карданд.

Ҳар ҳафта мутасаддиён ва рӯзноманигорони лоиҳа дар онлайн-вохӯриҳои банақшагирифташуда ва вохӯриҳои ғайрирасмии онлайн иштирок карда, табодули таҷриба мекунанд ва аз ҳамкорон ба саволҳои худ посух мегиранд.

Дар соли 2021 иштирокчиёни барнома – расонаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон – як лоиҳаи беназири махсус  эҷод карданд: Беҳтарин рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар ҷашнвораи байналмилалии Internews MediaCAMP Fest 2021 муарифӣ шуданд:

Агар шумо хоҳед, ки бахше аз лоиҳа шавед ва имкони рушди шабакаи шахсии журналистони шаҳрвандиро пайдо кунед, мо дархостҳои шуморо интизорем!

Чӣ тавр бояд дархост кард?

1. Номаи асоснок нависед ва ба саволе, ки чаро расонаи шумо бояд узви лоиҳаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ шавад, ҷавоб диҳед.

2. Формаи онлайниро дар то 14 декабри соли 2021 (соати 23) ба вақти Душанбе пур кунед.

Интернюс на дертар аз 21 декабри соли 2021 қарор қабул мекунад ва довталабон дар бораи натиҷаҳо на дертар аз 25 декабри соли 2021 тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.

Лутфан, барои ҳама гуна саволҳо ба ин суроға муроҷиат кунед:

Қазоқистон: kz-info@internews.org

Тоҷикистон: tj-info@internews.org

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *