Дастаи Internews дар Осиёи Марказӣ вобаста ба талафоти ҷонӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ таъзияи худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда, умедвор аст, ки ҳамсоягон муноқишаи рӯхдодаро дар мӯҳлати кӯтоҳтарин бартараф хоҳанд кард.
Мо ба унвони тиме, ки рушди бахши ВАО (расона)-ро дар минтақа дастгирӣ мекунад, аз ҳамкасбонамон дар ҳарду кишвар, инчунин аз рӯзноманигорони дигар кишварҳо, ки рӯйдодҳои марзиро инъикос мекунанд, хоҳиш дорем, то меъёрҳои касбӣ ва ахлоқиро риоя кунанд ва ҳар маълумотеро, ки ин шабу рӯз ба дасташон мерасад, таҳти бозбинӣ қарор диҳанд. Яъне далел ва манбаъҳоро санҷанд, дақиқ ва воқеъбин бошанд, беғаразона ва бо риояи тавозун маводро таҳия кунанд, ҳассос будани мавзӯъи муноқишаро дар ёд дошта бошанд, оромиро нигоҳ доранд ва ба эҳсосу иғвоҳо дода нашаванд.
Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки ба ҳар як калима эҳтиёткор бошед, вазъиятро тезу тунд насозед ва ба аудитория бо истифода аз нутқи нафратангез ҳарф назанед. Имрӯзҳо зиндагӣ ва тақдири одамон ба сифати кори шумо вобаста аст.
Бовар дорем, ки дар расонаҳои мо барои дидаю дониста тағйир надодани воқеъият ва бозӣ накардан бо афкори мардум хирадмандӣ кофист. Ҳамчунин онҳо ба иғвоҳои дигарон дода намешаванду ба рушди даргириҳо мусоидат намекунанд. Баръакс матлабҳояшон боиси гуфтушунидҳо байни ду кишвар мешаванд ва онҳо фазову имконияти кофиро барои ибрози андеша ба ҳама ҷонибҳо баробар таъмин месозанд. Ба ҷуз ин, манфиатҳои шаҳрвандонро ба назар гирифта, барои ҳарчи зудтар ба даст овардани сулҳ ҳама имкониятҳоро истифода мебаранд.
Дастаи кормандони Internews дар Осиёи Марказӣ ҷомеаи расонаии ду кишварро ба муколама, муттаҳидсозӣ ва ҳамкорӣ даъват мекунад.
Тими Internews дар Осиёи Марказӣ.