Панҷ нашрия аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҷалби рӯзноманигорони шаҳрвандӣ шурӯъ карданд. Онҳо афродеро меҷӯянд, ки шояд маълумоти махсус ва таҷрибаи кор дар расонаҳоро надошта бошанд, вале шахсоне ҳастанд, ки нисбати рӯйдодҳои гирду атроф бетафовут нестанду мехоҳанд ба аудиторияи васеъ дар бораи тағйирот, ҳаводис ва қаҳрамонҳо нақл кунанд.
Ҳамаи панҷ нашрия ғолибони озмуни лоиҳаи “Шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ” – и Интернюс шуданд, ки охири соли гузашта роҳандозӣ шуда буд. Нашрияҳо аз Душанбе ва Хуҷанд ғолиби озмун дониста шуданд:
- Нашрияи “Маънавият”;
- Холдинги расонаҳои “Оила”;
- Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, АИ “Суғднюс”;
- АИ “Азия-Плюс”;
- ШТР “Пайванд”.
Акнун нашрияҳо рӯзноманигорони шаҳрвандиро ба кор ҷалб мекунанд, ки онҳо дар тӯли шаш моҳи соли 2021 аз минтақаҳои зисташон ҳикояҳои ҷолиб омода хоҳанд кард. Барои дохил шудан ба гурӯҳҳо, шумо метавонед бо истифода аз линкҳои зерин дархостро пур кунед:
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ;
Қабл аз оғози кор, рӯзноманигорони шаҳрвандии интихобгардида курси махсуси омӯзиши назариявӣ ва машқҳои амалиро доир ба ҷустуҷӯйи қиссаҳо, тарзи саволдиҳӣ, санҷидани иттилоот ва эҷоди маводи мултимедиявиро мегузаранд.
Муаллифони интихобшуда ва омӯзишдида барои маводҳояшон кормузд мегиранд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.