Internews дар ҳамкорӣ бо шарикон мактаби филмҳои мустанад ифтитоҳ менамояд

Мо коргардонҳову муллифони навкори филмҳои мустанад, видеосозони мустақил ва рӯзноманигорони телевизиониро барои ширкат дар Мактаби “Филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ” даъват мекунем. Дар ин омӯзиш шумо фарқи байни филми мустанад ва телевизион дарк карда, соҳиби диду фикрронии синамоигӣ шуда, ҳамзамон филми кӯтоҳмуддати худро ба навор мегиред.

Нахустин Мактаби филми мустанад, ки аз ҷониби Интернюс доир карда мешавад, баҳору тобистони соли равон тариқи онлайн ва офлайн дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад.

Қабули дархостҳо то соати 00:00-и 3-юми марти соли 2021 сурат мегирад. Бо онҳое, ки аз интихоби пешакӣ гузаштаанд, мусоҳибаи инфиродӣ гузаронида мешавад.

Барномаи мактаб ду марҳилаи корро дар бар мегирад:

  1. Назария: шаш ҳафтаи пуршиддати таълимӣ бо коргардонҳои маъруфи филмҳои ҳуҷҷатӣ ва мураббиёни байналмилалӣ, супоришҳои хонагӣ, семинарҳо, намоиши филмҳо, мубоҳисаҳо;
  2. Корҳои амалӣ: ду моҳи наворбардориву таҳрир, таҳияи филми ҳуҷҷатии шумо таҳти роҳбарии коршиносон ва мураббиёни мактаб.

Мураббии асосии Мактаб Шаҳида Тулаганова (BBC) мебошад. Инчунин барои дарсҳои омӯзишӣ  сухангӯёни пуртаҷрибаи байналмилалӣ, продюсерон, коргардонҳо, таҳиягарони филмҳои мустанад даъват карда шудаанд: Виталий Манский (Русия), Татяна Рахманова (Фаронса), Кенан Алиев (Чехия), Рухи Ҳамид (Британияи Кабир), Елена Демидова (Русия).

Дар омӯзиш мутахассисони навкори Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, ки дорои идеяи филми мустанади худ, таҷрибаи корӣ, малакаҳои ибтидоӣ дар истеҳсоли муҳтавои видеоӣ мебошанд ва инчунин таҷҳизоти оддӣ барои давраи омӯзиширо доранд ё онро иҷора гирифта метавонанд, ҳуқуқи ширкатро пайдо мекунанд. Дархости иштирокро метавонед ба таври инфиродӣ ва ё гурӯҳӣ пешниҳод кунед.

Забони таълим – русӣ бо тарҷума ба забонҳои миллӣ мебошад.

Барои ширкат лутфан, дархости онлайниро дар ин ҷо пур кунед.

“Мактаби филмҳои мустанад. Формати кӯтоҳ” бо дастгирии Интернюс дар ҳамкорӣ бо тими O-Create (Қазоқистон), Zibai production (Тоҷикистон) ва Элёр Неъматов (Ӯзбекистон) баргузор мешавад. Лоиҳа дар доираи барномаи осиёмарказии #MediaCAMP, ки  аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *