Дар Тоҷикистон лоиҳаи Интернюс таҳти унвони “Дастгирии инъикос ва таблиғи озодии эътиқод” (SCARF) оғоз ёфт, ки ба рӯзноманигорони маҳаллӣ барои дурусту холисона инъикоси мавзуъҳои ҳассоси ҷомеа кӯмак хоҳад кард.
Ташкилкунандагони лоиҳа тасмим гирифтанд, ки онро бо муҳокима оғоз кунанд. Рӯзи 16-уми декабр, нахустин ҷаласаи машваратии онлайн баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 30 рӯзноманигор, коршиноси ВАО, сиёсатшинос, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ гирди ҳам омаданд. Барандагони чорабинӣ рӯзноманигорони тоҷик Шаҳноз Комилзода ва Ҷамшед Маърупов буданд. Онҳо дар якҷоягӣ бо ширкаткунандагон имкониятҳои беҳтар намудани инъикоси озодиҳои диниро баррасӣ карда, кӯшиш ба харҷ доданд, ки мушкилоти асосии ин самтро нишон диҳанд.
Ба гуфтаи Вадим Садоншоев, роҳбари лоиҳаҳои Интернюс дар Тоҷикистон, инъикос ва таблиғи озодии афкор дар ВАО ҷузъи муҳими рисолати созмон мебошад.
– Ташкилоти мо кӯшиш мекунад, то одамони саросари ҷаҳон ба иттилооти босифате, ки барои қабули қарорҳои дуруст заруранд, дастрасӣ дошта бошанд, – гуфт ӯ.
Дар давоми қисми интерактивии семинар, коршиносон рӯйхати талаботҳои асосиро барои рӯзноманигорон, ки мавзуъҳои диниро инъикос мекунанд, тартиб доданд. Ба гуфтаи ширкаткунандагон, чунин мутахассисон бояд мавзуъро хуб омӯзанд, танҳо манбаъҳои боэътимодро истифода баранд, қоидаҳои истилоҳоти дурустро риоя кунанд, принсипи “зарар нарасон” – ро истифода кунанд ва инчунин чизҳои бештарро ба назар гиранд.
-Вақте мо масъалаҳои диниро баррасӣ мекунем, бояд аввал аз худамон оғоз кунем. Ислом, зардуштия – имрӯз мебинем, ки ҳангоми баррасии ин масъалаҳо, масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзноманигорони мо ба таври субъективӣ ҳарф мезананд. Ё онҳо дар ин мавзуъ кам менависанду кӯшиш мекунанд, ки аз гӯшаҳои тез дуртар бошанд. Аз ин рӯ, шумо бояд аз худ оғоз кунед, – мегӯяд Хуршед Атовулло, мудири Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон.
Ширкаткунандагон зимни баррасии мушкилоте, ки рӯзноманигорон дар инъикоси мавзуъҳои мазҳабӣ рӯбарӯ мешаванд, кофӣ набудани дониш, норасоии мутахассисон ва сатҳи баланди таҷовузи аудиторияро қайд карданд.
Мавзуъи дин барои ҷомеаи мо хеле ҳассос аст. Аммо ин мавзуъ бояд муҳокима карда шавад. Ман хеле шодам, ки имрӯз корро аз машварат оғоз кардем. Аммо он чизе, ки мо бо шумо муҳокима кардем, танҳо як нӯги айсберг аст. Дар ин самт мушкилот ва мавзуъҳои зиёд мавҷуданд. Мо бояд дар бораи онҳо суҳбат кунем, – иброз дошт Шаҳодат Соҳибназарова, рӯзноманигор, коршиноси ВАО.
Инчунин аз ҷараёни ҷаласа, иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои худро оид ба иттилоияҳои масъалаҳои мазҳабӣ, ки дар расонаҳои маҳаллӣ нашр мешаванд, иброз доштанд. Ҳамзамон дар бораи коршиносон ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ин самт кор мекунанд ва метавонанд ба рӯзноманигорон кӯмак расонанд, мубодила карданд.
Фикрҳо ва пешниҳодҳои дар ҷараёни чорабинӣ баёншуда, ҳангоми таҳияи дастури таълимии кор бо шарикону тасмимгирандагон ба назар гирифта мешаванд.
Лоиҳаи “Дастгирии инъикос ва таблиғи озодии эътиқод” имсол дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оғоз ёфт. Ҳадафҳои асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори маҳаллӣ барои таҳияи муҳтавои босифати масъалаҳои озодии дин ва тақвият додани робита бо муҳтаво мебошад, ки муҳокимаи масъалаҳои диниро бармеангезад ва фаҳмишу таҳаммулпазириро тақвият медиҳад.