Бақайдгирӣ барои ширкат дар Мактаби рузноманигории илмӣ ва тиббӣ

Барои рузноманигорон, блогерҳо ва олимон, ки хоҳиши  ба таври содда ва фаҳмо оиди илм ва дастовардҳои он маълумот паҳн намоянд, бори нахуст дар Осиеи миена Мактаби рузноманигории илмӣ ва тиббӣ гузаронида мешавад. Омӯзишҳо аз таърихи 18 то 29-уми январ  дар шакли онлайнӣ бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, узбекӣ ва қазоқӣ гузаронида мешаванд. Дархост барои шомил шудан ба Мактаби мазкур то 11 январ қабул гардида, иштирокчиён дар асоси озмун интихоб карда мешаванд. Ширкат дар Мактаб ройгон аст.

Дар кадом шакл дастрас ва фаҳмо оиди илм навиштан зарур аст? Бо кадом роҳҳо имкон аст, ки саҳеҳ будани ин е он ҳангома (сенсатсия)- и илмӣ муайян гардад ё маълумотдиҳанда аз будаш онро зиедтар нишон додааст?  Рузноманигор чиро бояд оиди пешравии илмии ватанӣ ва беруназмарзиро донад? Чи тавр оиди дастовардҳои илмӣ, дору е ваксина маълумот пешниҳод кардан зарур аст, ки хонанда е тамошобин маълумоти мукаммал гирад ва ҳамзамон дар хавотир наафтад.

Посух ба ин ва дигар саволҳои ба онҳо наздикро ширкаткунандагон метавонанд дар Мактаби рузноманигории илмӣ ва тиббӣ дарёфт намоянд.

Дар тули ду ҳафтаи пурра лексияхо, машгулиятҳои интерактивӣ ва омузишҳо роҳандозӣ мегарданд.

Мо барои дар хотира нигоҳ доштан ва мукаммалсозии донишҳои андухта барои Шумо саволномаҳо ва варақаҳои санҷиширо омода намудаем. Дар доираи Мактаб ҳар як иштироккунанда ду маводро омода мекунанд ва дар ин бахш Шумо аз хизматрасонии ментор дар муддати як моҳ бархурдор мегардед.

Тренери асосии мактаб Николай Воронин- рузноманигори илмии  BBC Global News буда, инчунин ба гуруҳи тренерон дар Казоқистон Есей Женисулы, муҳаррири лоиҳаи «100 новых учебников», Айжан Мадиходжаева- муҳаррири портали  «Перемена медиа», дар  Узбекистан, рузноманигори илмӣ, муҳаррир ва муаллифи Telegram-канали «Асанов формати» Эльдар Асанов ва дар Тоҷикистон — олим ва тренер Абдулназар Абдулназаров шомил мебошанд.

Ба замми ин, ба кори Мактаб Даря Саркисян- муҳаррири нашриёти интернетии «Медуза», муҳаррири Telegram-канали «Намочи манту» ба ҳайси баромадкунандаи расмӣ олимон ва шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон ҷалб мегарданд.

Дар Мактаб метавонанд рузноманигороне, ки дар ВАО-и Тоҷикистон, Казоқистон ва Узбекистон (сарфи назар аз шакли сохибмулкӣ) фаъолият доранд, блогерҳо, ки дар мавзуҳои илмӣ менависанд, олимоне, ки мехоҳанд ВАО е блоги худро таъсис диҳанд, ширкат намоянд. Забони таълими Мактаб-русӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ буда, тарҷумаи синхроникӣ аз забони русӣ ба забонҳои миллӣ низ таъмин мегардад.

Барои ширкат дар мактаб, лутфан дархости онлайниро то таърихи 11 январи 2021 пур намоед.

Ба хотири он, ки барнома ба таври фардӣ ва то андозае интенсивӣ таҳрезӣ гардидааст, хоҳишмандем, ки чанд мавридро ба инобат гиред. Зарур аст, ки Шумо бояд дар муддати ду ҳафта, аз таърихи 18 то 29 январи соли 2021 ҳар руз аз соати 16.00 то 18.00 ба вақти Алмаато (15.00-17.00  ба вақти Душанбе ва Тошкент)  барои омузишҳои Мактаб вакт ҷудо намуда, вазифаи хонагиро ичро намоед.  Баъди хотима ефтани омузишҳо Шумо имкон доред, ки бо кумаки менторон маводхои худро дар масъалаҳои илмӣ ва тиббӣ омода намоед.

Мактаби нахустини илмӣ ва тиббӣ бо ташаббуси Internews дар ҳамкорӣ бо Фонди «Алтын Оркен» (Казоқистон), ташкилоти ҷамъиятии «Лочвар» (Тоҷикистон), Канали Telegram «Асанов формати» (Узбекистон) роҳандозӣ мегардад. Лоиҳа дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Миёна бо дастгирии Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) амалӣ мегардад.

Leave a Reply