Аз 18-ум то 29-уми январи соли 2021 Internews аввалин Мактаби журналистикаи илмӣ ва тиббии осиёимарказиро баргузор мекунад. Мо шариконро аз қабили – муҳаррирон, таблиғгарони илм, васоити ахбори омма ва ташкилотҳои ҷамъиятиеро меҷӯем, ки дар соҳаи илм ва тиб кор мекунанд. Шарикон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар асоси озмун интихоб карда мешаванд.
Барномаи мактаб кори муштараки коршиносон ва шарикони Интернюс хоҳад буд. Мо тасмим гирифтем, ки он аз 14 ҷаласаи интерактивӣ иборат бошад. Ҷаласаҳоро коршиносони аз ҷониби Интернюс даъватшуда, ҳамроҳ бо тренерони ташкилотҳои шарик баргузор мекунанд.
Аз кормандони ташкилотҳои шарик салоҳиятҳои зеринро интизорем:
- таҷриба дар ВАО ба ҳайси муҳаррир ба забонҳои русӣ ва миллӣ (қазоқӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ)
- таҷрибаи корӣ ба ҳайси тренери ВАО, муаллифони тренингҳои соҳаҳои илм ва тиб
- қобилияти ҷалби коршиносон ва тарҷумонҳо
Агар кормандони ташкилотҳои шарик қаблан дар тренингҳои Мактабҳои журналистикаи илмӣ ва тандурустии байналмилалӣ ширкат карда бошанд, хеле хуб истиқбол гирифта мешавад. Ҳамзамон ба шарикон дастгирии молиявӣ расонида мешавад.
Мактаб ба монанди як чорабинии омӯзишӣ аст. Ширкат дар он барои шарикон – шиносоӣ бо стандартҳои нави омӯзиши онлайнӣ буда, аз 18-ум то 29-уми январи соли 2021 бо забони русӣ (тарҷума ба забонҳои миллӣ) доир мегардад. Ҳамзамон дар назар аст, ки коршиносони шарик ба ҳайси тренерҳо баромад намуда, дар гурӯҳҳои мақсаднок ба забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ кор кунанд. Пас аз ба итмом расонидани тренинг, давоми моҳи феврал, мутахассисони ташкилотҳои шарик барномаи менторингро барои ширкаткунандагон идома медиҳанд. Иштирок ҳамчун шарик дар аввалин Мактаби журналистикаи илмӣ ва тиббӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки дар ин самтҳо барномаҳои муаллифии худро бо забонҳои миллӣ омода созанд. Инчунин дар асоси озмун ба шарикон грантҳо дода мешавад. Дастаҳо ё мураббиёни инфиродӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонанд барои ширкат дар барномаи шарикӣ якбора дар се кишвар ва ё дар ҳар як кишвар алоҳида муроҷиат кунанд.
Барои ширкат дар озмун, лутфан дархости онлайниро то 14-уми декабри соли 2020 пур кунед.
Натиҷаҳо то 16-уми декабр эълон карда мешаванд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.