Сенздаҳ редаксия дар Тоҷикистон ғолиби озмуни грантҳои Интернюс бо номи “Иттилоот зиндагиро наҷот медиҳад” шуданд. Тамоми ғолибон контент дар мавзуи COVID-19 таҳия хоҳанд кард.
Озмуни грантҳои “Иттилоот зиндагиро наҷот медиҳад”, ки дар аввалҳои моҳи май эълон шуда буд, ба дастгирии расонаҳои ватанӣ дар марҳилаи мушкили пендемияи умумиҷаҳонӣ равона шудааст. Ҳаққи иштирок дар ин озмунро танҳо расонаҳои дар Тоҷикистон сабти номшудае доштанд, ки барои сохтани контенти итттилоотии муфид ба хотири огоҳонидани мардум оид ба бемории COVID-19 омодаанд.
Дар маҷмуъ 38 дархост ба озмун аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ворид шуд, ки пас аз баррасии доварони байналмилӣ 13 расонаи беҳтар интихоб шуданд:
- ШТР «ТВ5», барномаи алоҳидаи COVID-19, мусоҳибаҳо ва гузоришҳо;
- Гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс», силсилаи мусоҳибаҳои онлайнӣ, видеороликҳо;
- Гуруҳи расонаҳои «Вечёрка», нашри махсуси рузнома бо забони тоҷикӣ ва паҳнкунии маҷонии он, ;
- ШТР «СМ1», Контенти мавзуӣ барои эфир, гузоришҳо;
- ТВ «Ғулакандоз», барномаҳои иттилоотӣ, видеороликҳо;
- ТРРК «Тирози ҷавонӣ», онлайн квест;
- ШТР «Қургонтеппа», видеороликҳо, барномаҳои иттилоотӣ, мусоҳибаҳои онлайнӣ;
- Ширкати расонаҳои «Оила», видеогузоришҳо;
- Нашрияи «Фараж», мақолаҳо, видеосюжетҳо;
- ШТР «Азия», маҷаллаи телевизионии «Как жить с COVID-19?»;
- ШТР «Исфара», мусоҳибаҳои онлайнӣ, видеосюжетҳои мавзуӣ;
- ШТР «Танин», барномаҳои иттилоотӣ
- Радио «Имруз», барномаҳои иттилоотӣ.
Ҳама лоиҳаҳо дар давоми се моҳ татбиқ хоҳанд шуд ва маблағи грантиашон 3000$ аст. Тамоми иштирокчиёни барнома бояд тадбирҳои муҳофизатӣ аз COVID-19 ро ҳангоми таҳияи контент риоя кунанд. Тадбирҳои муҳофизатиро метавон дар сомонаи расмии СТҶ мутолиа намуд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.