Канали телевизионии занона, барномаҳои таҳлилӣ дар радио ва нашрияҳои иттилоотӣ, ки дар инъикоси муҳтаво бахшида ба вилояти Суғд тахассус доранд, ахиран рузноманигорони шаҳрвандиеро ба кор кирифтанд, ки дар рузи аввали мулоқоташон бо корфармоҳо тавонистанд бисёр идеяҳои тозаву нав барои мақолаҳои ояндаашон пешниҳод намоянд.
Internews бо ҳар се даста мулоқот баргузор намуд ва дар ин редаксияҳо омузишҳо гузаронд.
Ноҳияҳои вилояти Суғд гуногунанд – ҳам ҳамвору сераҳолӣ ва ҳам куҳистони дастнорас. Масалан, ноҳияи Куҳистони Масчо, ки аз маркази вилояти Суғд 400км фосила дорад ва аксари деҳаҳо дар баландиҳои беш аз 2.5 ҳазор метр қарор доранд. Рузноманигорони марказӣ дар як панҷсола шояд як бор биоянд, бинобар ин дар бораи зиндагии онҳо дар марказҳо чизе намедонанд. Воқеан, ин ҳолат метавонад иваз шавад, зеро Фитрати Ҳикмат-сокини Куҳистони Масчо иштирокунандаи лоиҳаи “Рузноманигорони шаҳрвандӣ” гардид ва ният дорад, ки дар бораи ноҳияи худ дар саҳифаҳои сомонаи “СуғдНюс” нақл кунад.
Рузноманигори ҷавон мегуяд, ки дар ноҳияшон одамон ва ҷойҳои аҷиб бисёранд, масалан, деҳаи хурде ҳаст,ки ҳамагӣ 20 нафар сукунат доранд ва тақрибан ҳеҷ вақт каси бегона ба он ҷо намеравад, пирамарде ҳаст, ки бо сабабҳои ноаълум нонеро аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳон то ҳол нигаҳ медорад.
– Зимистон аз асари бориши барфи зиёд роҳи деҳаҳои мо баста мешавад, вале тариқи телефон расонидани хабар оид ба руйдодҳо имкон дорад, – мегуяд рузноманигор.
Дар маҷмуъ нашрияи «СугдНюс» 4 нафар рузноманигорони шаҳрвандиро интихоб намуд, ки ҳамашон таҷрибаи кор бо ВАО-ро доранд, вале таҷрибаи сохтани муҳтавои худашонро барои адуторияи марказ на ҳама санҷидаанд. Акнун аз худ намудани чунин таҷриба лозим аст.
Иштирокчии дигари лоиҳаи “Рузноманигорони шаҳрвандӣ” аз вилояти Суғд радиои «Пайванд» аст. Радиои мазкур яке аз радиоҳои ангуштшумор, на танҳо дар вилоят, балки дар саросари Точикистон аст, ки танҳо ба инъикоси масоили муҳим бо забони тоҷикӣ машғул аст.
-Нарасидани рузноманигорон барои мо мушкили асосӣ буд – мегуяд сармуҳаррири радио Ҷамшеди Маъруф. Ман худам дар ин радио ягона рузноманигорам ва ҳамеша бо кадрҳо мушкилӣ дорам, чун наметавонам дар ҳама чорабиниву маъракаҳо иштирок намоям. Лозим меомад, ки ба шогирдон,дустон ва ҳамкасбон, ки дар ноҳияҳои вилояти Суғд кор мекунанд барои гирифтани маълумот муроҷиат намоям. Аз ин ру, вақте аз лоиҳаи “Рузноманигорони шаҳрвандӣ” огоҳ шудам, хоҳишам хеле зиёд буд, ки радиои мо дар сафи иштирокдорони он қарор бигирад ва чунин ҳам шуд. Алакай дар маҷлиси субҳонаи нахустинашон, навкорон ба пешниҳод намудани мавзуъҳо шуруъ карданд.
Алҳол дар радиои «Пайванд» якбора чор рузноманигор аз ноҳияҳо ва шаҳрҳои мухталиф-аз Исфара, Паҷакент, Ашт ва Истаравшан пайдо шуданд.
– Дар ноҳияи Ашти мо боғчаҳои кудакона умуман нест ва ин мушкилии бузург аст. Занон кор кардан наметавонанд, чун касе надоранд, ки атфолро пешашон гузоранд. Умуман, боғчаҳои бачагон нестанд, – мегуяд Одил Ҳайётҷонӣ аз ноҳияи Ашт.
– Дар яке аз деҳаҳои мо ҳам чунин мушкилӣ буд, вале як сокини маҳал бо пули худ боғчаи бачагон сохт ва акнун бачаҳо ба он ҷо тамоман бепул мераванд, – мавзуъро идома медиҳад Абдусамад Аминов аз Панҷакент.
Илова ба гузоришҳои радио, ҷавонон боз подкастҳо омода мекунад, ки ба онҳо кормандони радиои “Пайванд” корро меомузонанд.
Воқеан, дастаи аз ҳама ғайриоддии рузноманигорони шаҳрвандӣ дар назди ширкати радиотелевизионии “Диёр” ҷамъ омадааст.
-Ман аз оғоз тасмим гирифта будам, ки ҳамкорони нав аз ҳисоби занон мешаванд, -мегуяд роҳбари ШТР “Диёр”- Фируза Мирҷумъаева, – зеро пас аз роҳбар интихоб шуданам, ман тасмим гирифтам самти фаъолиятро иваз намуда ба телеканали занона табдил ёбем. Аз ин ру занонро интихоб намудам: дар ярмаркаи ниёзмандони ҷойҳои корӣ, ки маркази амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд барпо намуда буд,иштирок кардам. Мизи худро гузоштам ва шуруъ кардам ба нақл кардан оид ба лоиҳа. Се нафарро дар он ҷо пайдо кардам, сохтани маводи видеоиро ба онҳо худам мемузонам.
Дастаи Фируза аз ҷиҳати синусолӣ хеле гуногун аст, масалан дар он Малика фаъолият мекунад, ки хатмкунандаи мактаби миёна аст ва ҳамчунин Зебо Қурбонова бо маълумоти тиббӣ, ки 63 сол дорад.
-Барои ман муҳим аст ки ҳарчи бештар одамон маълумоти муфид гиранд. Бекор нишастан наметавонам, -эътироф мекунад Зебо Қурбонова- масалан, чунин намунаҳо дорам: мо дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд будем ва дидем, ки аксар кудакон нисбат ба солашон вазни кам доранд. Зеро модаронашон намедонад, ки чи тавр ба онҳо дуруст ғизо омода кунанд. Маҳсулот ҳаст, вале онҳо ғизои якранг омода мекунанд. Аксари мушкилоти сокинони ноҳияҳо маҳз аз надоштани маълумот аст.
Дигар иштирокдорон таҷрибаи рузноманигорӣ доранд, вале бо видео қаблан сару кор надоштаанд ва ваъда медиҳанд,ки онро аз худ мекунанд. Дар маҷлиси субҳгоҳӣ навкорон идеяҳоеро пешниҳод карданд, ки ҳар соҳибтаҷрибае аз ВАО-марказӣ ҳавасашро мекунад. Инак, ин қиссаҳо дар эфири канали телевизон гуфта хоҳанд шуд.
Дар ҳар се редаксия Интернюс семинраҳои кутоҳи омузишӣ оид ба сторителленг ва рузноманигории шаҳрвандӣ гузаронд. Дар ин мулоқотҳо мавзуъҳои марҳилаи аввал муайян гардиданд, сохтори мақолаҳо,манбаъҳои хабарӣ ва паҳлуҳои дигари кор муҳокима шуданд.
Дар лоиҳаи “Рузноманигорони шавҳрвандӣ” шаш нашрия: гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, нашрияи душанбегии “Вечерка”, рузномаи “Пайк” аз шаҳри Кулоб, Агентии иттилоотии «СугдНюс», радиои «Пайванд» ва ширкати радиотелевизионии «Диёр» аз вилояти Суғд иштирок мекунанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.