Internews барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки расонаҳо ва ТҒҲ дар Тоҷиктстон грант ҷудо мекунад

Лоиҳаҳои муштараки расонаҳо  ва  созмонҳои ғайриҳукуматие, ки ба ҳалли  мушкилоти иҷтимоии ҷомеа дар Тоҷикистон бо роҳи ҷалби аудитория  равона шудаанд, метавонанд дар озмуни Интернюс барои дарёфти грантҳо иштирок намоянд.

Муҳлати қабули дархостҳо то 7 июли соли 2019 аст.

Дар озмуни Internews  метавонанд лоиҳаҳои муштарке иштирок намоянд, ки  дар онҳо,аз як тараф, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, бо ёрии коршиносони худ моҳияти мушкилотро кушода ҳамзамон роҳи ҳалли онро пешниҳод менамояд ва аз тарфи дигар, расонаҳо тавассути абзорҳои худ ва  минбару саҳифаҳои  машҳур ба ин ташаббус ҷомеаро ба таври васеъ ҷалб менамоянд.

Мо бар он боварем, ки  дар иттиҳоди  талошҳои  расонаҳо ва фаъолони ҷомеаи  шаҳрвандӣ самарнокии иқдомҳои иҷтимоӣ бештару муассиртар  хоҳад буд

Internews  тарҷеҳ ба он лоиҳаҳои  расонаҳо ва ТҒД медиҳад, ки ба ҷалби аудитория таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.Тасмим  гирифта шудааст, ки то панҷ лоиҳаи муштарак, ҳар кадоме бо маблағи то – $3000 дастгирӣ ёбад.

Лоиҳа  метавонад аз фаъолиятҳои зерин: гузаронидани чорабиниҳои марбут ба расонаҳо,пурсишҳо,озмунҳо, кор бо гуруҳҳои ҷамъиятӣ оид ба ҷалби маблағҳои хайриявӣ, хондани маърузаҳо, чорабиниҳои ихтиёриён ва ғайра  иборат бошад.

Намунаи ҳамкорӣ миёни расонаҳо ва ТҒД метавонад маърака бахшида ба таҳсилоти фарогир барои кудакони имконоташон маҳдуд бошад, ки соли 2018  нашрияи “Вечёрка” барпо намуда буд. Бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин чорабинӣ нақши манбаи иттилооотро  иҷро намуд, ки ба журналистон дар сарфаҳм рафтан ба мавзуъ кумак расонд. Хулоса, рузноманигорон ба  масъала диққати оммаи васеъро ҷалб намуданд ва коршиносони ТҒД бошанд дар бораи мушкилоти мавҷуда ва ҳалли худро дар ин самт ҳануз наёфта  нақл карданд ва  ба лутфи ҳамин дар Тоҷикистон беш аз пеш ба  муҳокимаи масаълаҳои дастрасии кудакони имконоташон  маҳдуд ба таҳсилот ру оварданд.

Расонаҳо ва ТҒД метавонанд ҳам барои татбиқи  идеяҳо нав ва ҳам барои дастгирии лоиҳаҳои алакай фаъол(амалкунанда) дархост пешниҳод намоянд. Тавваҷуҳ намоед: дар дархост бояд ду созмони ҳамшарик – як расона ва як ТҒД- нишон дода шавад. Пешиҳоди дархости ҷудогона ҳам  имкон дорад, вале ба шарте ки то оғози татбиқи лоиҳа созмони ҳамшарик пайдо шавад.

Шакли дархостро метавонед аз ин ҷо боргирӣ намоед.

Барои иштирок дар озмун, лутфан,то 7 июли соли 2019, то соати 24:00 ба вақти Душанбе дархостро бо суроғаи с tj-info@internews.org  бифиристед.

Internews  дархостҳоро баррасӣ намуда, на дертар аз 19 июли соли  2019  тасмим хоҳад гирифт.

То  қабули қарор бо муаллифон гузаронидани муҳокимаи онлайнӣ имконпазир аст.

Меъёрҳои интихоб:

1. Идеяи наву тоза;

2. Фаҳмиши аудиторияи зерҳадф ;

3. Ҷалби аудитория;

4.  Доштани  таҷрибаи қаблӣ;

5. Бюджети оқилона ва вақеӣ.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ, лутфан, ба суроғаи почтаи электронии :

tj-info@internews.org ё бо рақами телефони 992 (37) 2271361 (офис) муроҷиат намоед.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

1 thoughts on “Internews барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки расонаҳо ва ТҒҲ дар Тоҷиктстон грант ҷудо мекунад

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *