Вебинар: чӣ гуна бояд лоиҳаҳои махсуси бомуваффақиятро дар Тоҷикистон ташкил ва пеш бурд?

Рӯзноманигор, продюсер ва барандаи лоиҳаҳои “Салом, соседи“, “В чем сила, сестра?” ва коргардони филми ҳуҷҷатии “Мардикор” Маҳпора Киромова дар вебинари махсус бо забони тоҷикӣ ба шумо нақл мекунад, ки чӣ гуна мавзӯи мувофиқро барои як лоиҳаи махсус интихоб карда, аудиторияи мақсадноки худро пайдо кунед.

Рӯзноманигор Маҳпора Киромова тайи чанд соли охир дар як қатор лоиҳаҳои машҳури гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ширкат варзид; ҳафтаи гузашта, вай филми ҳуҷҷатии худро бо номи “Мардикор” ба табъ расонид, ки боиси ташаннуҷ дар ҷомеа гардид. Дар бораи он ки чӣ гуна мавзӯъҳо ва форматҳо барои ин лоиҳаҳо интихоб карда шуданд, дар вақти амалисозии онҳо ба чӣ диққати зарурӣ додан лозим аст ва дигар ҷабҳаҳои ташкил ва пеш бурдани лоиҳаҳои махсуси расонаӣ Маҳпора дар вебинари махсус бо забони тоҷикӣ, ки рӯзи панҷшанбе, 9 июл, соати 16:00 бо вақти Душанбе баргузор мешавад, бо шунавандагон иттилоъ хоҳад дод.

– Мо дар бораи он ки чӣ гуна барои аудиторияи мақсаднок бояд хизмат расонем, чӣ гуна форматҳо ва каналҳои паҳнкуниро интихоб кард, чӣ тавр ёфтани ҷойгоҳи худ ва банду басти муҳтаво сӯҳбат хоҳем кард, – мегӯяд Маҳпора.

Барои сабти ном, лутфан шакли онлайнро пур кунед, ва ба почтаи электронии шумо барои ворид шудан ба вебинар пайванди махсус фиристода мешавад. Ғайр аз он, вебинар дар саҳифаи расмии Интернюс дар Тоҷикистон ба таври мустақим пахш карда мешавад.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *