Пас аз масдуд шудани комили сомонаи гурӯҳи расонаии «Азия-Плюс» дар соли 2018, ҳайати таҳририя ба фикри гузариши пурра ба шабакаҳои иҷтимоӣ афтид. Нашрия соҳиби мутахассиси SMM-и худ (бе таҷрибаи корӣ) шуда, қадамҳои аввалро дар роҳи тӯлонӣ ва душвори рушд, ки аз якчанд марҳила иборат буд, гузошт. Дар марҳилаи ниҳоӣ, таҳририя дар шабакаҳои иҷтимоии худ шурӯъ ба касби даромади хуб кард.
Дар бораи ин таҷриба бароятон нақл мекунем.
Тирамоҳи соли 2020 гурӯҳи расонаии «Азия-Плюс» дафтари худро аз даст дод. Дар соли 2008 рӯзноманигорон ин дафтарро (собиқ ҳаммоми матбааи кӯҳна) бо қувваи бозсозӣ ва таъмир карда, ба ҷойи хеле роҳат табдил доданд. Бо гузашти солҳои зиёд ожонси давлатии «Ховар» ба ин ҷо кӯчид, зеро ҷойи қаблии онҳо ба шаҳрдории пойтахт дода шуда. Маъмурияти гурӯҳи расонаӣ, радио ва идораи реклама маҷбур шуд, ки ба редакцияи куҳна кӯчад, ки дар он пештар ҳамагӣ коргарони танҳо рӯзнома кор мекарданд. Дар он вақт зиёда аз 50 корманд дар як дафтар ҷойгир шуданд, ки ба онҳо лозим буд, ки мулоқотҳоро бо ситораҳо ва шарикони тиҷоратӣ идома диҳанд, муҳтавои ҷолиб эҷод кунанд ва ислоҳотро идома диҳанд.
То он замон сомонаи гурӯҳи расонии «Азия-Плюс» аллакай се сол боз масдуд буд ва редаксия тамоми муҳтавои онро ба шабакаҳои иҷтимоии нашрия интиқол дода, ҳамзамон кӯшиш мекард, ки қисматҳои эҷодии як гурӯҳи бузурги расонаҳоро дар як механизми амалкунанда муттаҳид созад ва аз хизматрасонии тиҷоратӣ касби даромад кунад. Ҳатто барои як нашрияи ботаҷрибае чун “Азия-Плюс” ба танҳоӣ аз ӯҳдаи ин ҳама корҳо баромадан душвор буд, аз ин рӯ, тирамоҳи соли 2021 онҳо тасмим гирифтанд, ки дар Барномаи шарикии институтсионалии расонаҳои Интернюс ширкат варзанд ва дархост доданд. Аз рӯи натиҷаи овоздиҳии ҳакамони мустақил, «Азия-Плюс» ғолиб дониста шуда, соҳиби грант гардид. Лоиҳа аз се марҳила иборат буд:
- Арзёбии эҳтиёҷот,
- Таҳияи тавсияҳо ва татбиқи онҳо дар якҷоягӣ бо мураббиён;
- Арзёбии ниҳоӣ.
Барои анҷом додани ин кор ба редакция якуним сол лозим омад.
Пеш аз оғози барнома, коршиносони Интернюс аз намояндагиҳои Алмаато ва Душанбе арзёбии васеи ниёзҳои ҳар як шарики ин барномаро анҷом доданд. Саволу ҷавоб, вохӯриҳо бо коркунони таҳририя якчанд рӯз давом кард. Бархе аз мусоҳибаҳои Азия Плюс то шаш соат давом карданд. Ҳамзамон, комиссияи коршиносии Интернюс аз хадамоти SMM-и гурӯҳи расонаии «Азия-Плюс», ки аз се нафар иборат буд, ба «бозбастабандии» муҳтаво машғул буд ва ба фаҳмиши аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ дар редаксия мусоидат мекард, дар ҳайрат монд. . Ҳеҷ кас дар Тоҷикистон наметавонад бо чунин хадамот фахр кунад.
-Кори худро дар SMM ман бедуни ягон таҷриба дар соли 2018 оғоз кардам, – мегӯяд сардори хадамоти SMM Амонулло Хайруллоев. – Се сол ба танҳоӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ машғул будам, он вақт мо 12 платформа доштем. То соли 2021, Андрей ва Олимшоҳ, коргарони таҳририя пайдо шуданд, ки илова ба кори асосии худ бо шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор доштанд. Ҳоло дастаи мо аз шаш нафар иборат аст, мо дар 21 платформа кор мекунем ва дар маҷмуъ як миллион муштарӣ дорем.
Шабакаҳои иҷтимоии гурӯҳи расонаӣ акнун бе истироҳат кор мекунанд – маъмурон муҳтаворо нашр мекунанд, бо муштариён муошират мекунанд ва барои идораи асосӣ 24/7 маълумоти муфид ҷамъ мекунанд. Амонулло дар ҳар маҷлиси редаксия иштирок карда, бо ҳамкасбонаш мубодилаи афкор мекунад. Илова ба бозбастабандии муҳтаво, операторони SMM инчунин ба истеҳсоли маводи худ шурӯъ карданд. Ба гуфтаи Амоннуло, 20% тамоми муҳтавои хадамот маводи аслӣ буда, 80% аз нав бастабандӣ шудаанд.
Барои самаранок кор кардани хадамот дар доираи Барномаи Интернюс барои худ лавозимоти зарурӣ – iPhone, таҷҳизоти рӯшноӣ ва садо хариданд.
– Видеоҳо барои ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло танҳо тавассути мутахассисони SMM таҳия мешаванд, масалан, онҳо худашон назарсанҷӣ мегузаронанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузоранд. Қаблан ин корро хадамоти видеоӣ анҷом медод, онҳо камераи ҳирфаӣ ва монтажи босифат доштанд. Дар натиҷа дар як моҳ на бештар аз 10 видео мебаромад. Ҳоло як корманди хадамоти SMM Шаҳноза дар як моҳ 65 навор омода кардааст, мегӯяд мудири таҳририяи гурӯҳи расонаӣ Баҳманёр Нодиров.
Амонулло мегӯяд, ки аъзои ҷавони дастааш омода барои таҷрибаҳои гуногун буда, платформаҳои навро аз худ мекунанд ва идеяҳои нав доранд.
— “Пештар бачаҳо зиёд намемонданд, ҳамин ки омада медиданд, ки СММ – чиҳо дар расона чӣ қадар кор доранд, вақте фаҳмиданд, ки рӯзҳои дароз кор кардан лозим меояд, мерафтанд. Ин бачаҳо бошад монданд”, – мегӯяд ӯ.
Ба ғайр аз кормандони нави SMM, ҳоло рӯзноманигорони ҳайати таҳририяи асосӣ низ дар таҳияи шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок мекунанд. «Азия-Плюс» дар доираи Барномаи Интернюс якҷо бо мураббиёни хориҷӣ ба модели Social First гузашт, ки ин маънои онро дорад, ки ҳамаи рӯзноманигорони редаксия пеш аз ҳама дар бораи чӣ гуна дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир кардани муҳтавои худ фикр мекунанд. Воқеан, рӯзноманигорони таҳририя бояд якчанд мавод омода кунанд – алоҳида барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва алоҳида барои сомона, аммо барои ин маблағи иловагӣ намегиранд.
— Ба мо муяссар шуд, ки қисман модели Social First – ро ҷорӣ кунем. Қаблан рӯзноманигорон ҳама корро барои сомона анҷом медоданд, акнун фаҳмиданд, ки аввал – «Telegram», баъд ба сайт. Одамон наҳваи навиштан барои шабакаҳои иҷтимоиро дарк карданд, ба бозбастабандӣ намудани муҳтавои худ, бурдани пахши зинда аз конфронсҳои матбуотӣ шурӯъ карданд. Онҳо ангеза доранд: вақте ба онҳо теъдоди хонандагонро дар «Telegram» нишон медиҳед – 20 ҳазор ва дар сомона бошад – 1,5 ҳазор, ба онҳо албатта кор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷолибтар мебошад, – мегӯяд Амонулло.
Ҳамаи ин дигаргуниҳо ба он оварда расонд, ки дар давоми якуним сол даромад аз таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ 4,5% афзоиш ёфта, ҳоло 11% даромади умумии гурӯҳи расонаиро ташкил медиҳад.
Бахши тоҷикии “Азия-Плюс”
Яке аз самтҳои афзалиятнок зимни татбиқи Барнома, рушди бахши тоҷикии гурӯҳи расонаии «Азия-Плюс» буд. Гап дар сари он аст, ки то чанде пеш муҳтавои тоҷикӣ, ки дар сомонаи ин нашрия пайдо мешуд, тарҷумаи матолиби русӣ буд. Ба гуфтаи Баҳманёр, мухотабон ҳатто намедонанд, ки «Азия-Плюс» ба забони тоҷикӣ муҳтаво дорад. Ҳоло гурӯҳи расонаӣ дорои бахши мукаммали тоҷикии худро дорад.
– Имрӯз бахши тоҷикии мо дорои муҳаррир, ду хабарнигори штатӣ, корманди алоҳидаи SMM ва нависандагони озод мебошад. Илова бар ин, мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба забони тоҷикӣ саҳифаҳои алоҳида дорем. Ва агар қаблан мо ҳамеша матнҳои русиро ба тоҷикӣ тарҷума мекардем, ҳоло матолиби рӯзноманигории тоҷикиро бештар ба забони русӣ тарҷума мекунем, – мегӯяд Баҳманёр.
Вай тавзеҳ медиҳад, ки муҳтаво ба забони тоҷикӣ бештар маъмул мешавад, ҳарчанд динамикаи афзоиши мухотабон аз ҳисоби корбарони хориҷӣ барои мундариҷаи русзабон ҳанӯз бештар аст.
Ба гуфтаи Ҷасур Абдуллоев, муҳаррири бахши тоҷикии сомонаи “Азия-Плюс”, гурӯҳи ӯ дар як рӯз 12–14 мавод омода мекунад, ки нисфи аз онҳо матнҳои аслӣ мебошанд.
— Ба ғайр аз хабарнигорони редаксия бо мо хабаргузорон аз минтақаҳо ҳамкорӣ мекунанд. Дар омади гап, ду нафари онҳо рӯзноманигорони шаҳрвандӣ ҳастанд, ки пас аз анҷоми лоиҳа боқӣ мондаанд (“Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ”, лоиҳаи Интернюс, маълумоти бештарро метавонед аз инҷо гиред). Мо бисёр мехоҳем дар ВМКБ рӯзноманигор пайдо кунем, аммо мутаассифона аз онҷо ба мо хеле ва хеле кам менависанд”, – нақл мекунад ӯ.
Ҷасур мегӯяд, омори тамошои муҳтаво ба забони тоҷикӣ дар ҳоли афзоиш аст, аммо дар оянда “Азия Плюс” – ро лозим меояд барои таҳкими ин бахш хабарнигорони изофӣ ҷалб кунад.
Бахши тиҷоратӣ
Ва дар ниҳоят, самти бунёдие, ки «Азия-Плюс» бояд дар доираи Барномаи шарикии институтсионалии ВАО сари он кор мекард, хадамоти тиҷоратӣ мебошад. Дар рафти ниёзсанҷии бештари шикоятҳо ба кори ин бахши гурӯҳи расонаӣ марбут буданд. Масалан, яке аз мушкилот ин буд, ки рӯзноманигорони таҳририяи (редаксияи) аслӣ бояд матнҳои тиҷоратӣ эҷод кунанд. Яке аз хабарнигорон зимни мусоҳиба бо коршиносони Интернюс тавзеҳ дод, ки ӯ имкони навиштани муҳтавои фармоишӣ дар бораи ягон бонкро надорад, зеро ин ба айнияти маводи муаллифии ӯ дар бораи бахши бонкӣ таъсир мерасонад. Дар ин ҳол таҳририя барои фармоишҳои тиҷоратӣ муаллифони дигар надошт, вале аз таблиғ ҳам даст кашида наметавонист.
-Ҳоло мо як редаксияи алоҳидаи тиҷоратӣ дорем, ки тибқи фармоиши таблиғоткунандагон муҳтаво омода мекунад”, – мегӯяд Баҳманёр. — Ин хадамот хабарнигорон, СММ – чиҳои худро дорад, вале муҳаррир то ҳол нест — мо дар ҷустуҷӯи он ҳастем. Илова бар ин, мо ниҳоят як бозорёберо истихдом кардем, ки барои таблиғкунандагон пешниҳодҳои лоиҳавиро омода мекунад.
Светлана Лебедева, мушовири мудирияти (менеҷменти) расонаӣ ва касби даромад (монетизатсия) аз Русия, дар якҷоягӣ бо муҳаррирон барои рушди хадамоти тиҷоратӣ ҳамкорӣ кардааст. Бо Светлана, онҳо зиёда аз 15 тавсия доир ба равандҳои тиҷорӣ дар нашрияро, ки пас аз арзёбии эҳтиёҷоти ширкат тартиб дода шуда буд, анҷом доданд.
— Барномаи шарикии институтсионалии расонаӣ муваффақ баромад, зеро он лоиҳаи хеле дарозмуддат буд. Ҷаласаҳои якбора танҳо дар ҳамон вақт хуб аст, ки мабное мавҷуд бошад ва равандҳо сохта шуда бошанд. Агар мабное набошад, пас аз ин ҷаласаҳо чизе тағйир намеёбад. Барномаҳои дарозмуддат бо шарти ҷалби шахсони аввали ширкат ба натиҷаҳо оварда мерасонанд, мегӯяд Светлана.
Ба эътиқоди коршинос, бозори расонаҳои Тоҷикистон дорои потенсиали афзоиш аст, аммо ин равандро нафаҳмидани қоидаҳои нави бозӣ бозмедорад.
— Ман тасаввуроти возеҳ дорам, ки потенсиал вуҷуд дорад ва он бузург аст, аммо мо кӯшиш мекунем, ки вазъи кунуниро бо замонҳои беҳтаре, ки замони шукуфоии модели анъанавии таблиғот буд, муқоиса кунем. Ин андеша моро нигоҳ медорад, андаке ба иштибоҳ меандозад, эҳсоси носталгияро ба вуҷуд меорад, аммо муқоиса бо давраҳои қаблӣ дар мо тасаввуроти нодурустро дар бораи воқеият ба вуҷуд меорад. Агар тиҷорат ҳаст, пас рақобат вуҷуд дорад, аз ин рӯ таблиғот лозим аст. Бо вуҷуди ин, ҳар се шарт тағйир ёфт: таблиғгарон, азбаски онҳо каналҳои мустақими ҳамкорӣ бо истеъмолкунандагонро доранд, худи истеъмолкунандагон, зеро иқтисод дар ҳолати рукд қарор дорад ва худи ҷаҳон ба таври куллӣ тағйир ёфтааст, он таркибӣ шудааст ва расонаҳо дар он бояд тибқи қоидаҳои дигар кор кунанд, — шарҳ медиҳад Светлана.
Баҳманёр мегӯяд, ки дар давоми кори Барнома, даста кӯшиш кард, ки ҳамаи тағйиротҳоро қайд кунад, аз ин рӯ, пас аз анҷоми лоиҳа, гурӯҳи расонаӣ як бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоеро дошт, ки стандартҳои корро мушаххас мекард. Акнун мудирияти корхонаро лозим аст, ки барои аз руйи қоида кор кардан саъю кушиш намояд.
– “Албатта, ҳанӯз корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд, аммо кори ширкат воқеан осонтар шуда он натиҷа дода истодааст”, – мегӯяд Баҳманёр.
Кор дар таҳририя, инчунин пас аз кӯчидани гурӯҳи расонаии «Азия-Плюс» ба идораи нав худи дар маркази шаҳри Душанбе, осонтар шуд. Ширкат ин дафтарро дар доираи Барномаи шарикии институтсионалии ВАО соҳиб нашудааст. Дар стратегияи пештараи рушди худ, ки «Азия-Плюс» ҳанӯз соли 2018 дар бинои кӯҳнаи Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳо таҳия карда буданд, муқаррар гардида буд, ки дафтари нав бояд мудтарин дар пойтахт бошад. Пас аз чор сол, маҳз ҳамин чиз рӯй дод.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.