СИР-ро бидон: Донишҳои СИР дар мавҷҳои радиоии шаҳри Хуҷанд

Акнун дар барномаҳои радиои “Садои Хуҷанд” ду бахш ба таври кулл ба мавзӯи донишҳои саводи иттилоотиву расонаӣ (СИР) бахшида шудааст. Шунавандагони радио метавонанд мусоҳибаҳои коршиносони соҳаро гӯш кунанд ва баъдан дар викторинаи СИР дар пахши мустақим ширкат варзида, дониши худро бисанҷанд, ки то чанд андоза он маълумотҳоро дуруст дарку қабул карданд.

Барои Уғулой Раҷабова бонуи рӯзноманигори риштаи телевизион ва радио аз шаҳри Хуҷанд то ширкат дар Эдютон – 2023  мавзӯи СИР бегона набуд. Ӯ солҳост, ки ба омода намудани гузоришҳои иттилоотӣ машғул аст ва дар таҳияи он санҷидани хабару таҳлили факту рақамҳо, муайян намудани сарчашмаи иттилоот аввалиндараҷа аст. Аз ин рӯ, Уғулой  қайд мекунад, ки донишҳои СИР-и мухотабонро боло бурдан ҳам яке аз уҳдадориҳои нонавиштаи хабарнигорон аст.

-Шавқи маро ба ин мавзуъ Эдютон – 2023 зиёдтар кард ва маро руҳбаланд сохт, ки дар ин мавзуъ ҷиддӣ кор кунам. Баъди ширкат дар ин чорабинии инноватсионӣ ман ба зиёд саволҳои худ ҷавоб пайдо кардам ва эҳсос кардам, ки чӣ гуна тафаккури ман тағйир ёфт. Лоиҳаи ман ғолиб омад ва ман на танҳо донишҳои худро сайқал додам, балки дар вақти амалишавии ин лоиҳа дар расонаамон, ҳамкоронам ҳам донишҳои СИР-и худро такмил дода истодаанд, мегӯяд Уғулой.  

Лоиҳаи Уғулой дар чорумин Эдютон – 2023-и барномаи MediaCAMP-и Internews, ки моҳи декабри соли 2022 баргузор шуд, яке аз беҳтаринҳо дониста шуд ва барои амалишавӣ грант дарёфт кард. Дар доираи лоиҳа, Уғулой дар радиои “Садои Хуҷанд” 10 мусоҳиба бо коршиносони соҳаи СИР сабт мекунад ва 10 пахши мустақим доир месозад, ки дар тайи он шунавандагони радио метавонанд ба саволҳои ровӣ ҷавоб гӯянд. Қисми аввалини лоиҳа 10 мусоҳибаи соҳавӣ аст, ки аввалинаш дар Рӯзи Матбуоти тоҷик, 11 уми марти 2023 дар мавҷи радиои “Садои Хуҷанд” пахш шуд. Меҳмони барнома Илҳом Ҷамолиён яке аз чеҳраҳои саршиноси расонаии кишвар ва сафири СИР дар шаҳри Хуҷанд буд. Ҳамзамон ин навбат дар бораи Далелсанҷӣ барнома сабт карда шудааст, ки меҳмони он Ҷамшед Маъруф, ҳаммуассиси платформаи Factchek.tj аст.

-Мо мехостем, ки аввал дар бораи СИР ба мухотабон  тавассути коршиносон маълумот диҳем. Баъдан дар викторинаи пахши мустақим месанҷем, ки то чӣ андоза аудитория маълумотҳоро дарк карданд”.

Дар мавҷи радиои Садои Хуҷанд викторинаҳо дар мавзӯи саводнокии молиявӣ ва дигар мавзуъҳои гуногун доир мешуданд. Вале бори аввал буд, ки доир ба СИР викторинаҳо ташкил шуд. Уғулой мегӯяд, ки новобаста аз оне, ки шунавандагон бори аввал ҳам буд, ки ин мавзуъро мешуниданд, посух ё андешаҳои худро иброз мекарданд.

-Дар аввалин пахши мустақими мо зани 60 солае занг зада қисса кард, ки чӣ гуна қаллобон аз ҳамёни электории ӯ 1400 сомониашро рабуданд. Гап сари он аст, ки худи ӯ коди корташро ба суханҳои қаллобон бовар карда мегӯяд. Ӯ аз мо хоҳиш кард, ки дар пахши мустақими оянда дар бораи дуруст истифода бурдани ҳамёнҳои электронӣ маълумот диҳем, гуфт Уғулой.

Ин қисса дардовар аст, мегӯяд Уғулой, вале муҳим он аст, ки аудиторияи муҳтавои барномаҳои моро дарк мекунанд ва ин маънои онро дорад, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем. Дар аввалин пахши мустақиме, ки қариб 30 дақиқа идома ёфт, 20 кас занг зада, кӯшиш карданд ба саволҳои СИР, ки аз тарафи ровӣ пешниҳод шуд, ҷавоб гардонанд. Аз ин 20 кас, 8 кас ба суолҳо комилан дуруст ҷавоб гуфтанд.

Мавзуъҳое, ки оянда дар ҷараёни лоиҳа баррасӣ хоҳанд шуд, ин далелсанҷӣ, бехатарӣ дар Интернет, таблиғ (пропаганда), тафаккури интиқодӣ мебошад. Чун ин мавзуъҳоро худи мухотабон дархост кардаанд.

-Пас аз қиссаи зани 60 сола, мо тасмим гирифтем, ки доир ба истифодаи дурусти ҳамёнҳои электронӣ барнома сабт намоем. Ҳамчун коршинос ба барномаамон мехоҳем корманди техникии ягон бонкро даъват созем, то ӯ дар бораи саводи рақамӣ ва тарзи дуруст истифода кардани корту ҳамёнҳо маълумот диҳад, то ин ки дигар шунавандагони мо асири қаллобон нагарданд, қайд кард Уғулой.

Уғулой ва тими кории радиои Садои Хуҷанд бар ин ақидаанд, ки пас аз анҷом ёфтани маблағгузорӣ ҳам ин лоиҳаро идома хоҳанд дод, чунки мухотабон ба тоза шуруъ шудани лоиҳа нигоҳ накарда, бо завқу шӯру хоҳиши зиёд ба он алоқамандӣ доранд. Ҳарчанд посухҳои нодуруст ҳам медиҳанд, зангу хоҳиши иштирокашон аз ин далолат медиҳад, ки ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ доранд.

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *