Аввалин 10 навори омӯзиши саводи синамоӣ бо забони тоҷикиро Салимҷон Саидов, рӯзноманигор ва коршиноси саводи расонаӣ аз вилояти Суғди Тоҷикистон омода ва дар саҳифаи ютубаш нашр кардааст. Кори Салимҷон ба корбарон хуш омад ва ҳудуди 100 000 тамошои кори ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳи ин аст. Шарҳу мубоҳисаи тамошобинон баъд аз нашри дарсҳои видеоӣ ҳамчунон идома доранд.
Фаъолияти Салимҷон Саидов дар арсаи саводи расонаӣ аз соли 2017 шурӯъ шуда, то ҳол идома дорад. Дар рӯйхати фаъолиятҳои ӯ дар самти саводи расонаӣ: иҷрои лоиҳаҳо, ташкил ва гузаронидани ток-шоу, тартиб додан ва ба навор гирифтани муҳтавои омӯзиширо дидан мумкин. Таваҷҷуҳи бештаре ба дарсҳои видеоӣ зоҳир мекард. Салимҷон дар дарсҳои видеоӣ як восита ва имконоти нав барои паҳн кардани саводи расонаӣ дар ҷомеаро медид ва дар зеҳн идеяи як лоиҳаи дарсҳои видеоиро мепарварид.
Озмуни грантии Интернюс дар Тоҷикистон, ки ҳамон вақт эълон шуда буд, шанси хеле хубе барои Салимҷон шуд. Ӯ барои иштирок дар он дархост фиристод. Озмуни грантии Интернюс дар Тоҷикистон, ки ҳангоми Эдьютона-2023 эълон шуда буд, шанси хеле хубе барои Салимҷон шуд. Ӯ барои иштирок дар он дархост фиристод. Идеяи вай, ки ба як лоиҳа табдил шуда буд, дастгирӣ ёфт ва дар байни ғолибон қарор гирифт. Салимҷон Саидов аллакай зиёда аз 50 навори омӯзишӣ дар самти саводи расонаӣ омода кардааст.
– “Самти саводи синамоӣ мавзӯи хеле муҳим аст, чунки филмҳо дар афкорсозӣ нақши калидӣ доранд. Ба монанди муҳтавои гуногуни тафтишношуда дар фазои расонаӣ, дар фазои синамо ҳам филмҳо зиёд ҳастанд ва ҳар кадом бо мақсадҳои гуногун омода шудаанд. Бинобар ин доштани саводи синамоӣ яке аз тамоюлҳои асри рақамӣ аст”, – мегӯяд Салимҷон.
Мақсади лоиҳа ҷалби таваҷҷуҳи корбарони Интернет ба саводи синамоӣ буд.
Аудиторияи асосии он ҷавонон буданд, ки бештар аз ҳама аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Дар доираи ин лоиҳа 10 силсиланавори омӯзишӣ дар формати аниматсионӣ сабт гардида буд, ки мавзуъҳои дасткорӣ (манипулятсия) дар филм, таблиғи сиёсӣ дар филм, афкорсозӣ, чӣ гуна интихоб кардани синамо, бурду бохти силсилафилмҳо ва дигар мавзуъҳое, ки ба саводи синамоӣ дахл доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Яке аз мавзуъҳои ин наворҳои омӯзишӣ тарғибот ва ё пропаганда дар филм буд. Тарзи пешниҳоди маълумот бошад ин гуна аст: писарбачае, ки дар сараш тоқии тоҷикӣ дорад пайдо шуда, бо садои худи Салимҷон Саидов мавзуъро шарҳ медиҳад. Дар навор ба пуррагӣ фаҳмонида мешавад, ки пропаганда чист, чӣ гуна дар филм онро истифода мекунанд ва барои чӣ:
–
“Дар чанд навори аввал мо ба он писарбачае, ки нақл мекунад хусусияти миллӣ надода будем. Вале баъдан ба хулосае омадем, ки бояд либосро тарҳи миллӣ – тоҷикӣ диҳем. Пас аз ин, таваҷҷуҳи бинандагон ба муҳтаво хубтар ва тамошо бештар шуд”, – қайд мекунад Салимҷон.
Дар маҷмуъ теъдоди тамошои лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 100 000 – ро ташкил додааст. Ҳамзамон ин наворҳо дар телевизиони минтақавии СМ1 низ нашр шуданд, ки мухотабони потенсиалии он ҳудуди 800 000 касро дар бар мегирад.
– “Ин дастоварди хуби лоиҳаи ман мебошад. Зеро ба даст овардани ин миқдор тамошо барои муҳтавои омӯзишӣ бо забони тоҷикӣ хеле корӣ мушкил аст. Чун дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамон бештар муҳтавои тафреҳӣ, аз ҷумла ҳаҷву шӯхиро тамошо мекунанд. Аммо бо ин гуна нишондод метавон гуфт, ки кори мо дуруст буд ва бояд онро идома дод”, – хулоса кард Салимҷон.
Вай мехоҳад наворҳои омӯзиши саводи синамоиро дар асоси филмҳои ватанӣ таҳия намуда, дар онҳо осори устодони синамои тоҷикро таҳлил намояд. Ҳоло ӯ бино бар баъзе мушкилот наметавонад ин лоиҳаро амалӣ кунад, аммо ният дорад ҳатман онро иҷро кунад.
Салимҷон Салимов мегӯяд, ки дастгирии молӣ аз Интернюс ба поён ҳам расида бошад, лоиҳа идома меёбад. Ӯ акнун дар ин самт, ҷиддитар машғул хоҳад шуд ва авлавияти бештарро ба синамоҳои миллӣ хоҳад дод. Чун талабот ба ин гуна муҳтаво дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудааст ва вай ин фурсатро истифода хоҳад бурд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.