Саводи расонаии кайҳонӣ: чӣ гуна Парвизи Орзуқул дар бораи фейкҳо ва ситораҳо нақл мекунад


Парвизи Орзуқул магистри факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Яке аз ғолибони лагери панҷрӯзаи IdeaCAMP2023 мебошад. Парвиз чанд соат қабл аз дедлайни қабули дархостҳо барои лагери ҷавонони IdeaCAMP2023 дархост фиристод ва ҳатто пай намебурд, ки яке аз ғолибон шуда ва барои амалисозии лоиҳааш грант дарёфт мекунад. То ширкат ба лагери ҷавонон ҳам Парвиз блоги худро дар Instagram пеш мебурд. Вале баъди ширкат ва ғолибият ҷиддитар назар карда, сафи пайгиронаш аз 10 000 гузаштанд ва ҳамарӯза сафашон зиёдтар мешаванд. Лоиҳаи амаликардаи Парвиз бошад, зиёда аз 200 000 ҷалбро ҷамъ овард.

Парвиз ба лагери панҷрӯзаи IdeaCAMP2023 танҳо бо мақсади ширкат ва қавитар сохтани донишҳои СИР, SMM, гендер, мобилографияи худ дархост фиристода буд. Аммо баъди ҷаласаҳои ин лагер ва кор бо мураббиён дарк кард, ки бояд ба блоги худ дар Инстаграм хеле ҷиддӣ назар кунад.

Парвизи Орзуқул ҳангоми ширкат дар IdeaCAMP2023

–“Дар блоги худ муҳтаво нашр мекардам ва обуначиёни зиёде меомаданд. Муҳтавои маро қадр мекарданд. Аммо идеяҳо тез тамом мешуданд ва барои дар як ритм пеш бурдани блогам, баъзан вақт фурсат намерасид. Аммо баъди  иштирок дар лагери ҷавонон барои эҷоди контент, ман бисёр дониш ва малакаҳои нав ба даст овардам, ки  дар рушди ин соҳа ва ноил шудан ба муваффақият кӯмак карданд. Аз ҳама муҳим, баъди ширкат дар лагер аз рӯйи нақша, сенарияи пешакӣ омода карда кор карданро омӯхтам. Ин барои ман дониши зарурӣ буд”, – мегӯяд Парвиз.

Якум амале, ки баъди ғолиб шудан Парвиз иҷро кард, мавзуъи блоги худро васеътар сохт: аввал фақат дар мавзуъи кайҳон муҳтаво месохт, баъдан дар мавзуъҳои гуногуни  илмӣ муҳтаво сохтанро шуруъ кард. Лоиҳаи Парвиз ҳам ба он равона карда шуда буд, ки мифҳо ва маълумоту тасаввуротҳои нодурусти илмие, ки миёни ҷомеа паҳн шудаанд, баррасӣ карда ва бо забони одии тоҷикӣ ба аудитория иттилои санҷидашударо диҳад. Дар умум, Парвиз ҳашт навори асосӣ ва ҳафт муҳтавои иловагӣ сохт. Ҷалби муҳтавои асосии Парвиз зиёда аз 200 000 ҷалб ба даст оварданд ва сафи пайгиронашро дар Инстаграм рӯз аз рӯз афзоиш меёбанд. 

Парвизи Орзуқул бо дигар ширкаткунандагони IdeaCAMP2023

Барои мисол, миёни мардум толеъномахонӣ ва боварӣ ба бурҷҳо як кори маъмулӣ ҳисобида мешавад. Ҳамарӯза бо дӯстон, ҳамкорон вохӯрӣ карда, ин мавзуъҳоро баррасӣ мекунем. Ҳатто дар расонаҳо ҳам толеъноманависӣ  хеле маъруф аст  ва дар он ҳам гӯё тақдири ҳаминрӯзаи моро пешгӯйӣ мекунанд. Вале Парвиз дар ин навор бо чанд далелҳои илмӣ нақл мекунад, ки ҳамаи ин фейк аст. 

–“Муҳим аст, ки ҳар як шахс саводи хуби расонаӣ дошта бошад, зеро ҷомеаи муосир бо иттилооте, ки тавассути каналҳои гуногуни ВАО меоянд, пур шудааст. Саводи хуби расонаӣ ба одамон имкон медиҳад, ки иттилоотро таҳлил кунанд, далелҳоро аз ақидаҳо фарқ кунанд, андешаи интиқодӣ ва қарорҳои оқилона қабул кунанд. Набудани саводи расонаӣ метавонад боиси дарки нодурусти иттилоот гардад, паҳншавии хабарҳои қалбакӣ ва осебпазирӣ ба тақаллуб ва таблиғ гардад”, – қайд мекунад Парвиз. 

Парвиз инчунин мегӯяд, ки кор бо менторон беҳтарин қисмати лагери ҷавонони IdeaCAMP2023 буд. Зеро ӯ мустақилона пеш бурдани блогашро шуруъ карда буд ва ҳамавақт ба назари коршиноси соҳа ниёз дошт. Ҳамзамон дар давоми амалисозии лоиҳаи худ Парвиз сазовори ҷоизаи “ТОП 10 блогерони Тоҷикистон” ва инчунин дар рӯйхати блогерони ҷолиби расонаи “Азия Плюс” низ ворид шуда буд. 

–“Ростӣ, ба лагер ман танҳо барои ширкат кардан омада будам. Танҳо мехостам, ки донишҳои худро нав ва қавитар созам. Аммо баъди амалисозии лоиҳа фикрам ба куллӣ иваз шуд. Акнун ба блоги худ хеле ҷиддӣ назар мекунам ва пеш мебарам. Қоидаи аввали блоги ман ин пешниҳоди дурусту санҷидашудаи иттилоот ба ҳисоб меравад”, – дар ҷамъбаст қайд кард Парвизи Орзуқул.  

Қиссаҳои дигар ғолибони Ideacamp2023-ро аз ин ҷо дида ва хонда метавонед. 

Лагери панҷрӯзаи ҷавонони IdeaCamp2023 дар доираи лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) доир шуд, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби Internews амалӣ мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *