8-12 феврал семинари инноватсионӣ оид ба саводи расонаӣ Эдютон 2022 баргузор мешавад, ки шиори он дар соли ҷорӣ“Саводи расонаӣ: кино, реклама, бозиҳо” мебошад. 8 ва 9 феврал дар чорчӯби семинари ҳарсолаи инноватсионӣ доир ба саводи расонаӣ 4 ҷаласаи боз баргузор мешаванд (онҳоро метавонед дар Zoom, ё дар Facebook-саҳифаи Internews Қазоқистон тамошо кунед).
Ҷаласаҳои бозро 2 сухангӯ баргузор мекунанд: пажӯҳишгари реклама аз донишгоҳи Тарту Александар Милякина (Эстония) ва коршиноси саводи синамоӣ, муаллифи китоби “Кино ҳамчун забони универсалӣ”, “125 соли кинодраматургия” Камилл Ахметов (Россия). Ҷадвали корӣ чунин аст: 8 феврал, 15.30-16.35 – “Забони реклама: асосҳои таҳлили нишонашиносӣ (семиотикӣ)” ва дар 16.40-17.45 – “Саводи синамоӣ барои чӣ даркор аст?”, 9 феврал, 15.00-16.00 “Грамматикаи ба чашм намоёни реклама”, дар 17.00-18.05 – “Забони кинои муосир”. “Гузоришгари нав” (Новый репортер) аз коршиносон пурсид, ки мавзуъи лексияи онҳо вобаста ба саводи расонаӣ чӣ гуна аст.
Александра Милякина (Эстония), пажӯҳишгари реклама аз донишгоҳи Тарту:
“Муддати тӯлонӣ мо дар ҷаҳони логомарказӣ (логосентрӣ) зиндагӣ мекардем”
“Барои ман ҳамеша ҷолиб буд, ки чӣ гуна таҳиякунандагони реклама метавонанд бо воситаҳои ба назар оддӣ – калимаҳо, аксҳо, рангҳо, шаклҳо ва ғайра ба рафтори мо сахт таъсир расонанд. Ҷои тааҷҷуб нест, ки рекламаро баъзан бо гипноз муқоиса мекунанд – ба он метавон ба осонӣ бовар кард, агар шумо надонед, ки он чӣ гуна кор мекунад. Бо фаҳмидани он ки муаллифони реклама ба кадом фишангҳо пахш мекунанд, шумо дигар намехоҳед ба мағоза давед ва ҳама чизро якбора бихаред. Шояд шумо мехоҳед, вале ҳадди аққал ба таври огоҳона!
Муддати тӯлонӣ мо дар ҷаҳони логомарказӣ (логосентрӣ) зиндагӣ мекардем, ки дар он калима бар ҳама ҳоким аст, вале имрӯз образҳои айнӣ (визуалӣ) пеш омадаанд. Имкониятҳо ва маҳдудиятҳои аломатҳои шифоҳӣ ва ғайришифоҳӣ кадомҳоянд? Чӣ гуна мо метавонем якеро ба дигаре табдил диҳем?
Бидуни саводи расонаӣ ба таври самарабахш эҷод ва таҳлил намудани реклама имконнопазир аст. Реклама ҳамеша дар ягон шакли расона ифода карда мешавад, хоҳ он ролики телевизионӣ, хоҳ рекламаи чопӣ ё баннер дар шабакаи иҷтимоӣ бошад.
Дарк намудани реклама барои ҳама муфид аст. Ҳар кадоми мо шояд дар вазъияте қарор гирифтаем, ки пас аз тамошои реклама, хоҳиши фавран харидани чизе пайдо мешавад ва комилан маълум нест, чаро. Дониш метавонад подзаҳр бошад. Агар шумо ба сатҳи муайяни маҳорат бирасед, шумо метавонед дар реклама пайдо кардани хатоҳоро ёд гиред ва таҳлил кунед, ки чаро он ба таври зарурӣ кор намекунад. Ва, албатта, шумо метавонед онро ба манфиати худ истифода баред, агар ниёзи фаврӣ ба фурӯхтани чизе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё таблиғи лоиҳаи нав ба вуҷуд ояд”.
Камилл Ахметов (Россия), коршиноси саводи синмаоӣ:
“Барои баҳрабардорӣ аз потенсиали комили видеожурналистика”
“Кино – санъати хеле ҷавон аст, ки ҳамагӣ 120 сол боз вуҷуд дорад. Санъати тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, театр ва адабиёт ҳазорҳо сол вуҷуд доранд. Кино – маҳсули муосир, технологияи револютсионӣ ба мисли консерв аст: онро метавон ба роҳатӣ харид, он хуб нигоҳ дошта мешавад ва истеъмоли он осон аст. Шумо асарҳои бузурги адабии “Дон Кихот” ё “Ҷанг ва сулҳ”-ро дар 2 соат намехонед, вале дар шакли филм – метавонед. Ғайр аз ин, истеҳсоли филмҳо нисбат ба дигар намудҳои санъат гаронтар аст. Он пули зиёдеро талаб мекунад ва бояд дар тӯли 2-4 ҳафтаи прокат дубора пули он ба даст оварда шавад. Аз ин рӯ, филмсозон дидаву дониста киноро ба маҳсули ба ҳадди аксар ба осонӣ истифодашаванда, азхудшаванда ва рақобатпазиртарин дар бозор табдил медиҳанд. Бесабаб нест, ки ҳамаи диктаторҳои асри 20 киноро ҳамчун воситаи қавии таблиғотӣ қадр мекарданд – ҳам Мусоллинӣ ва ҳам Ленин.
Дониш дар бораи саводи синамоӣ барои онҳое, ки ҳар гуна рекламаро эҷод мекунанд ва барои онҳое муҳим аст, ки китобҳои дарсии видеоӣ таҳия мекунанд. Ба таври мисол, шумо истеҳсолкунандаи мол ё хидматрасониҳо ҳастед, шумо барои эҷоди рекламаи видеоӣ сармоягузорӣ кардаед, вале он ба ҳадафҳои худ намерасад, зеро бинандаи шумо намефаҳмад, ки он чӣ аст ва дар зеҳнаш тасаввуроте пайдо намешавад. Ё шумо китобҳои дарсии видеоӣ таҳия мекунед: 90% потенсиали таълимии курси видеоии шумо ба ҳадаф намерасад, зеро бинандаи шумо барои комилан азхуд кардани ин видеоконтент савод надорад. Имрӯз иртиботи видеоӣ (видеокоммуникатсия) ба алоқаи асосӣ табдил ёфтааст, ҳатто тариқи телефон одамон дар экран ба ҳамдигар менигаранд. Аз ин рӯ, фаҳмидани асосҳои алоқаи видеоӣ бисёр муҳим аст, ки он тавассути кино инкишоф меёбад.
Барои рӯзноманигорон дониши синамоӣ зарур аст, то ки онҳо аз потенсиали пурраи видеожурналистика баҳраманд шаванд. Ғайр аз ин, на танҳо дар телевизион, балки дар маҷмӯъ ҳар шахсе, ки мехоҳад наворбардорӣ кунад, метавонад ин корро тавассути видеохостингҳо анҷом диҳад. Имрӯз ҳар кас метавонад рӯзноманигори телевизион бошад, ин комилан дастрас аст. Шумо танҳо бояд бидонед, ки чӣ гуна наворбардорӣ кунед, чӣ гуна монтаж кунед, он бояд бо кадом ритм пахш карда шавад ва чӣ гуна онро бо шарҳҳо ҳамроҳӣ кард. Яъне, боз ҳам шумо бояд бидонед, ки забони кино чӣ гуна кор мекунад. Видеоблогерҳои муваффақи дорои миллион муштари аллакай аз он истифода мебаранд”.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.