Дар вилояти Суғд “TajMediaQuiz” – вебквест ва викторинаҳои саводи иттилоотиву расонаӣ (СИР) бо забони тоҷикӣ ташкил карда шуд. Ин викторинаҳо ба зудӣ миёни аудитория маъруфият пайдо карда, акнун даҳҳо нафар – аз наврасону ҷавонон то калонсолон дар ин вебквестҳо бозӣ мекунанд ва донишҳои СИР-и худро мустаҳкам месозанд.
“TajMediaQuiz” ҳамагӣ 6 викторина: 2 онлайн-кроссворд ва 2 квестро дар бар мегирад. Ин ду квест яке аз 6 зина ва дуюмаш аз 8 зина иборатанд. Ҳамаи саволномаҳои ин викторинаҳо ба донишҳои СИР бахшида шудаанд. Барои мисол, дар яке аз квестҳо тими корӣ аудиторияро бо намунаи афсонаҳои халқи тоҷик шинос мекунанд. Дар ин замина чандин филмҳои беҳтарини тасвирӣ, ки сохти эҷодкорони тоҷик буда, дар асоси машҳуртарин афсонаҳо ва ҳикоёт таҳия шудаанд, намоиш дода мешаванд. Аммо барои гузаштан аз як қисмат ба қисмати дигари саёҳат ба олами афсонаҳо бояд вазифаҳои мушаххасро иҷро кунед. Иҷрои ин вазифаҳо барои аудитория холҳои имтиёзӣ медиҳанд ва шанси иштирокчиёнро барои ғолибият дар ин квест бештар мекунанд. Иҷрои вазифаҳо – ҷавоб ба саволҳои пешниҳодшуда аст. Саволҳо аз қабили: “Саводи расонаӣ чист?”, “Агар дар бораи шумо дар яке аз расонаҳо мақолаи тӯҳмату таҳқир нависанд амалӣ шумо чӣ хоҳад буд?”, “Кадоме аз ин олимон бори нахуст назарияи консепсияи “деҳкадаи ҷаҳонӣ”-ро нисбат ба расонаҳо асоснок кард?” ва ғайра мебошанд. Дар охири квест маълум мешавад, ки чанд дарсад расонашинос ҳастед. Дар ин линк худро бисанҷед.
Илҳом Ҷамолиён, муаллифи лоиҳаи мазкур, ки ғолиби озмуни грантии Эдютон – 2022 – Internews шуд, коршиноси расонаӣ, яке аз чеҳраҳои маъруфи олами расонаии кишвар бо тими худ созандаи ин викторинаву квизҳои саводи иттилоотиву рақамӣ бо забони тоҷикӣ мебошад. Дар аввалин викторинае, ки онҳо кори худро оғоз кардан – 105 нафар ширкат варзиданд. Аз ин миқдор 63 нафар ҷавоби дуруст доданд. Ҳамзамон Илҳом ва тими ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи худ беш аз 500 вокуниши корбаронро ба даст оварданд, ки аксарият аз бозиҳо истиқбол мекарданд ва дар баробари ин тавсияву пешниҳодҳои худро манзур медоштанд.
Аслан, истифодаи бозиҳо дар раванди таълими мавзӯи СИР ахиран хеле рушд кардааст ва феълан дар фазои расонаии на танҳо Тоҷикистон, балки Осиёи Марказӣ онҳо фаровон истифода мешаванд. Иддае аз ингуна бозиҳо дар мавзӯи СИР ба забони тоҷикӣ мутобиқ ва ё тарҷума шуда, ин афзорҳо дар байни муштариён маъруфияти зиёд пайдо кардаанд. Илҳом Ҷамолиён муаллифи лоиҳаи викторинаву квизҳои СИР қайд мекунад, ки ба зиёд будани бозиҳо нигоҳ накарда, боз ҳам ба ин кор даст зад. Ӯ мегӯяд, бозиҳое, ки онҳо омода карданд бозиҳои мурургарӣ ва ё ба истилоҳи русӣ “браузерные игры” мебошанд.
“Вақте расидааст, мо бифаҳмем, ки оё мухотабон аз дарсу тренинг ва семинарҳои омӯзишии зиёди доиркардаи коршиносон ва ташкилотҳои мухталифи ҷамъиятӣ дар самти рушди саводи расонаӣ чӣ бардоште доранд. Дар ин замина яке аз роҳҳои санҷидани сатҳи донишҳои саводи расонаии мухотабон, созмон додани викторина ва квестҳои мавзӯӣ аст, ки мо ба он рӯ овардем”- қайд мекунад, Илҳом Ҷамолиён.
Пеш аз ҳама ҳадафи муаллифони лоиҳа ин буд, ки муштариён хеле фаъол бошанд ва дар викторинаву квизҳо ширкат варзанд. Вале тавре Ҷамолиён тазаккур мекунад, ҳадафи дигар ва аз нуқтаи назари ӯ хеле муҳим ин буд, ки натиҷаҳои бозиҳо бояд барои онҳо индикатор ё худ нишондиҳандаи муайянро дар боби сатҳти донишҳои саводи расонаӣ-иттилоотии муштариён инъикос мекарданд.
Дар умум, агар ба савияи дониши мухотабони тоҷик аз зовияи натиҷаҳои бозиҳо назар афканем, таваҷҷуҳи одамон, новобаста аз касбу кор ва синну сол ба донишҳои саводи расонаӣ хеле зиёд шудааст. Тавре Ҷамолиён мегӯяд, ҳангоми гузаронидани давраи амалии лоиҳа бисёриҳо қайд мекарданд, ки акнун зимни интихоб ва истеъмоли иттилоот аз тафаккури интиқодӣ кор мегиранд. Аммо Илҳом Ҷамолиён таъкид мекунад, ки барои ҳосил намудани тасвири воқеӣ дар ин бобат, бояд таҳқиқотҳои ҷиддӣ гузаронида шаванд, танҳо омӯзишу викторинаҳо басанда нест.
“Агар бо такя ба бардоштҳои ман ин мавзуъро пайгирӣ кунем, тибқи мушоҳидаҳои банда мо ҳанӯз ҳам дар оғози кор қарор дорем ва то имрӯз ба ин ноил шудем, ки аксарият мафҳуми саводи иттилоотӣ-расонаиро дарк кардаанд ва ба ин мавзуъҳо андаке таваҷҷуҳ бештар шудааст. Ба назар мерасад, ки ҳоло дар ин самт корҳои зиёд дар пешанд ва то вақте, ки Стратегияи миллӣ доир ба рушди саводи расонаӣ қабул нашавад, пешбурди бонизом ва мақсадноки рушди саводи расонаӣ- иттилоотӣ ва рақамӣ мушкил мешавад”, – гуфт Илҳом Ҷамолиён.
Моҳи августи соли ҷорӣ Илҳом Ҷамолиён ташкилоти ҷамъиятии “Расонашиносӣ ва фарҳанги рақамӣ” – ро кушод ва акнун тамоми кӯшиши худро барои ҷалби бештари таваҷҷуҳ ба илми расонашиносӣ ба харҷ медиҳад. Ба ақидаи Илҳом ин ҳама викторинаву квестҳо, лоиҳаҳои СИР як дастурҳои хуби омӯзишӣ барои тақвияти ин ташкилот ва умуман донишҳои СИР дар қаламрави кишвар мебошанд. Инчунин Илҳом барои рушд ёфтани саводи расонаӣ ба ҳамкории ҳамаҷониба омодааст, то ки мардум дорандаи хуби СИР гарданд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.