Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ҷашн гирифта
худи рӯзноманигорон ҳуқуқҳои худро оид ба озодии сухан дар Тоҷикистон хуб намедонанд
3 юми май мо дар якҷоягӣ бо ҳамаи дунё Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуотро ҷашн мегирем. Озодии сухан ва эҳтироми ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Осиёи Марказӣ дар чӣ ҳол аст? Интернюс бо Шаҳло Акобирова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Хома” дар бораи он, ки рӯзноманигорон бо чӣ мушкилот рӯбарӯ мешаванд ва дар Тоҷикистон чӣ корҳое барои беҳбуд бахшидани вазъ анҷом дода мешавад, суҳбат орост.

Дар масъалаи риояи ҳуқуқҳои рӯзноманигорон дар Тоҷикистон чанд ҷанба аст. “Нахуст, худи рӯзноманигорон ҳуқуқҳои худро хуб намедонанд. Мо дар ин самт фаъолият дорем: маслиҳат медиҳем ва намудҳои гуногуни омӯзишҳоро бо дастгирии барномаи MediaCAMP мегузаронем, ҳуқуқшиносони расонаӣ тайёр мекунем. Дуввум, зарурати такмили заминаи ҳуқуқӣ ба миён омадааст, ки он на ҳамеша ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст”, мегӯяд Шаҳло.
“Хома” соли 2003 бо мақсади мусоидат ба рушди касбии расонаҳо дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст. “Мо лоиҳаҳоеро амалӣ карда истодаем, ки сатҳи касбии журналистонро баланд мебардоранд, дониши ҳуқуқии кормандони ВАО-ро васеъ месозанд, ба онҳо дар идоракунии самараноки ВАО кӯмак карда, дар маҷмӯъ журналистикаро дар Тоҷикистон рушд медиҳанд” – мегӯяд Шаҳло.
“Мо инчунин бо ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар Тоҷикистон кор мекунем. Яке аз дастовардҳои ин самт декриминализатсияи тӯҳмат ва таҳқир дар соли 2011 дар кишвар мебошад”. Хома инчунин дар самти такмили заминаи ҳуқуқӣ дар бахши ВАО кор мебарад ва ба расонаҳову рӯзноманигорон маслиҳат медиҳад.
Ғайр аз ин, бо дастгирии барномаи осиёимарказии MediaCAMP, “Хома” манфиатҳои ширкатҳои мустақили телевизиониро дар самти гузариш ба пахши рақамӣ ҳимоя мекунад. То соли 2024 Тоҷикистон комилан ба пахши рақамӣ хоҳад гузашт. Вале қонунгузории амалкунанда ба ширкатҳои мустақил ҳуқуқи пайвастшавӣ ба пахши рақамиро намедиҳад.
Мо чанд сол мешавад бо Интернюс ҳамкорӣ дорем. Дар тӯли 2 соли охир, як лоиҳаи беҳтар намудани муҳити ҳуқуқиро амалӣ карда истодаем: бо донишҷӯён кор мекунем, қонунҳоро такмил медиҳем, ҳуқуқшиносони расонаиро меомӯзонем. Мо аллакай аввалин мактаби ҳуқуқи расонаиро гузаронидем, ки бо шарофати он дар кишвар чеҳраҳои нави соҳаи ҳуқуқи ВАО пайдо шуданд. Дар назар аст, ки мо дуввумин мактаби ҳуқуқи ВАО – ро баргузор кунем. Ҳамаи ин дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP аст, – мегӯяд Шаҳло.
“Мо коргаҳҳо, семинарҳои амалӣ баргузор мекунем. Бинобар ин, дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ кор бурда истодаем. Инчунин барои намояндагони ВАО, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ сафарҳои омӯзишӣ ташкил мекунем. Бо шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва мустақили кишвар, инчунин бо ташкилотҳои давлативу байналмилалӣ корҳои зичу пурсамар анҷом медиҳем. ИА, Институти “Ҷамъияти Кушода”, Бунёди мадад дар Тоҷикистон,UNDP, UNDEF, USAID, UNAIDS, ОБСЕ, DFID, Internews,сафоратхонаҳои Амрико, Британияи Кабир, Нидерланд аз ҷумлаи ташкилотҳое мебошанд, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунем. Ғайр аз ин, мо таҷрибаи гузаронидани таҳқиқоти расонаӣ дорем”, илова мекунад Шаҳло. Дар “Хома” маркази таълим ва бозомӯзии мутахассисони ВАО таъсис дода шудааст. Ин созмон инчунин узви Шӯрои ҷамъиятии назди президенти Тоҷикистон мебошад.
Дар чанд соли охир “Хома” 3 лоиҳаи бузурги таълимиро амалӣ кард. Якум, лоиҳаи “Имкониятҳои нав дар фазои иттилоотӣ” бо дастгирии Сафорати Амрико аст. Шаш Мактаби рӯзноманигории 10-рӯзаи ташкилоти ҷамъиятии “Хома” баргузор гардид ва дар шаҳрҳои кишвар мактабҳои журналистикаи маҳаллӣ таъсис дода шуданд. Дуюм, якчанд лоиҳаҳо барои рушди журналистикаи иқтисодӣ мавҷуданд. Сеюм, лоиҳаи “Дастгирии гузариш ба пахши рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Мақсад аз ин амалҳо огоҳии ҳуқуқиву техникии ширкатҳои мустақили телевизионӣ ва талаботи гузариш ба қонунгузории рақамӣ мебошад.
Ҳоло “Хома” лоиҳаеро оид ба журналистикаи додаҳо ба анҷом мерасонад, ки натиҷаҳои онро метавонед дар Youtube ва сомонаи ташкилот бубинед. “Мо барои мутобиқат кардани қонунгузории ВАО-и кишвар бо стандартҳои байналмилалӣ таҳлил мегузаронем. Ҳамзамон, омӯзиши малакаҳои ибтидоии рӯзноманигориро ба журналистони навкор идома медиҳем ва истеҳсоли муҳтавои баландсифатро дар кишвар дастгирӣ мекунем”, – хулоса мекунад Шаҳло.
Дар назди созмонҳои ҳуқуқи расонаӣ ҳанӯз кори зиёде дар пеш аст. Вале он чи ки рӯҳбаланд мекунаду умед мебахшад он аст, ки дар Осиёи Марказӣ барои ҳифзи озодии баён қадамҳо гузошта мешаванд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки на танҳо рӯзноманигорон, балки мардум аз мушкилоти дастрасӣ ба иттилоот ва имконияти бардоштани ин ё он масъала нигаронанд. Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ба мо имконият медиҳад, ки дастовардҳои худро то имрӯз эътироф кунем ва корҳои дар пешистодаро ба ёд орем.
Дар бораи вазъи Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз ин ҷо бихонед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.