Internews дар чорчӯби барномаи MediaCAMP озмуни кушодаи грантиро ҷиҳати дастгирии журналистҳои таҳқиқгаре, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекунанд, эълон мекунад.
Internews дар чаҳорчӯби барномаи MediaCAMP бо камоли хушнудӣ озмуни нави грантиро барои дастгирии ҷомеаи журналистҳои таҳқиқгаре, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кор мекунанд, эълон мекунад.
Кӣ метавонад дар озмун иштирок кунад?
Барои ширкат дар озмун созмонҳои ғайриҳукуматии Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки таҷрибаи идораи лоиҳаҳои марбут ба омӯзиши журналистон ва блогерҳоро доранд, даъват карда мешаванд. Мо ҳамчунин аз иштироки редаксияҳои ВАО-и Қазоқистон ва Тоҷикистон, ки дар баргузорӣ ва нашри таҳқиқоти журналистӣ дар мавзуъҳои муҳими иҷтимоӣ таҷриба доранд, дар ин озмун истиқбол мекунем.
Кадом фаъолиятҳо дастгирӣ карда мешаванд?
Дар чорчӯби ин озмуни кушоди грантӣ, дархосткунандагон метавонанд идеяҳои худро барои дастгирӣ, баланд бардоштани касбият, муттаҳидсозӣ ва ҳимояи манфиатҳои рӯзноманигорони таҳқиқгар дар Осиёи Марказӣ пешниҳод кунанд. Ин мумкин аст фаъолиятҳои зеринро дар бар гирад, аммо шумо метавонед бо ин рӯйхат маҳдуд нашавед:
• Ташкил ва баргузор намудани вебинарҳо, тренингҳо ва мастер-классҳо барои журналистҳои таҳқиқгар;
• Гузаронидани машғулиятҳои махсуси мавзӯӣ ё мубоҳисаҳои панелӣ барои баррасии рушди журналистикаи таҳқиқот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ;
• Таҷрибаомӯзии журналистҳои таҳқиқгар дар редаксияҳои гуногун ва ғайра.
Чӣ тавр дархост пешниҳод кардан мумкин аст?
Дархостҳо барои марҳилаи аввал то 30 июни соли 2022 то соати 20.00 бо вақти Душанбе* қабул карда мешаванд. Барои иштирок дар озмун лутфан ин варақаро пур кунед.
Ҳама саволҳоро доир ба ин озмун ба нишонии kz-info@internews.org бо қайди “Дастгирии ҷомеаи журналистҳои таҳқиқгар дар Осиёи Марказӣ” ирсол намоед.
Дархостҳо чӣ гуна арзёбӣ мешаванд?
Ҳама дархостҳои воридшуда аз ҷониби Шӯрои коршиносон баррасӣ ва мувофиқи меъёрҳои зерин арзёбӣ карда мешаванд:
– Мутобиқати чорабиниҳои пешниҳодшуда ба ҳадафҳои озмун ва ниёзҳои ҷомеаи журналистҳои таҳқиқгар;
– Воқеӣ будани буҷет;
– Таҷрибаи дархосткунандагон дар татбиқи лоиҳаҳои омӯзиши журналистҳо (на камтар аз се сол) – барои дархосткунандагони потенсиалӣ – ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;
– Таҷрибаи дархосткунандагон дар гузаронидан ва нашри таҳқиқоти журналистӣ (на камтар аз се сол) – барои дархосткунандагони потенсиалӣ – редаксияҳои ВАО.
– Устувории натиҷаҳои лоиҳа;
– Имконияти дастгирии робитаҳои баъдӣ бо журналистони таҳқиқгар;
Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки дар ин озмун танҳо созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва редаксияҳои ВАО-и Қазоқистон ва Тоҷикистон метавонанд ширкат кунанд.
*Мӯҳлати қабули дархостҳо тамдид карда шуд
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.