Мо бо хушҳолӣ озмуни интихоби шарик барои тақвияти иқтидори хадамотҳои матбуотӣ ва рушди иртиботи муассир миёни мақомоти давлатӣ ва расонаҳои Тоҷикистонро эълон мекунем. Хадамотҳои матбуотии идороти ҳукуматӣ дар таъмини иртиботи муассир ва муфид бо рӯзноманигорону ҷомеа нақши назаррас доранд. Мо ният дорем бо ҷалб намудани шарикони касбии маҳаллӣ, ки дар соҳаи ВАО кор мекунанд барои рушди ин самт қувваамонро муттаҳид созем.
Мо ба шарик пешниҳод мекунем, ки фаъолияташро ба ташкилу гузаронидани омӯзишҳои махсус барои хадамотҳои матбуотии мақомоти давлатии Тоҷикистон оид ба истифодаи технологияҳои нави расонаӣ ва ҳамкорӣ бо рӯзноманигорону аҳли ҷомеа равона кунад; омӯзиш оид ба тарзи амалкарди хадамоти матбуотӣ дар шароити бӯҳрон, тарзи ташкили иртиботи зиддибӯҳронӣ; чӣ гуна ҳамкории боэътимоди хадамоти матбуотро бо ВАО ва дигар мавзӯъҳои дахлдор нигоҳ доштан; ташкили клубҳои матбуотӣ, ки рӯзноманигорон ва хадамотҳои матбуотӣ метавонанд масъалаҳову мушкилоти умумиро муҳокима кунанд.
Талабот барои номзад:
- Таҷрибаи ғании кор бо мақомоти давлатӣ;
- Таҷрибаи гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ, на камтар аз ду сол;
- Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ВАО-и Тоҷикистон на камтар аз ду сол.
Аъзоёни ҳакамон пешниҳодҳоро мувофиқи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ мекунанд:
- Мутобиқати идеяи лоиҳа ба эҳтиёҷоти муайяншуда;
- Дар даст доштани як тарҳи муҳтавоӣ барои интишори иттилоот роҷеъ ба фаъолияти лоиҳа бо мақсади фарогирии васеъи иштирокчиёни эҳтимолӣ;
- Асолат ва тозагии иҷро;
- Воқеъбинона будани хароҷот ва замони иҷрои лоиҳа;
- Қобили андозагирӣ будани натиҷаҳо, нишондиҳандаҳои мулоҳизашудаи натоиҷи эълоншуда;
- Таъсири максималӣ, устувории натиҷаҳои бадастомада.
Ғолибон тавассути суроғаи электронӣ огоҳ карда мешаванд.
Дархостро аз ин ҷо боргирӣ карда, пур кунед. Буҷа низ дар ин ҷо. Шумо бояд дархостро то охири рӯзи 26 уми апрели соли 2021 пур кунед.
Бо ҳамаи саволҳо лутфан ба суроғаи TJ-info@internews.org муроҷиат кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.