Рӯзноманигорони тоҷик, ки ошкор намудани камбудиҳо қисмате аз корашон мебошад, худ интиқодро дӯст надоранд. Чун қоида, онҳо ба таҳлили интиқодии муҳтавои худ вокуниши хушунатомез нишон медиҳанд ва бо ҳеҷ гуна далел розӣ намешаванд. Чаро чунин иттифоқ меафтад ва оё рӯзноманигорони тоҷик ба нақди расонаӣ ниёз доранд? – ин масъаларо иштирокчиёни бозори расонаӣ дар як нишасти вижаи мавзӯӣ, ки аз ҷониби гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон баргузор шуда буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Интернюс аз соли 2019 инҷониб нақди расонаиро дар Осиёи Марказӣ бо баргузории коргоҳҳои онлайн, ки дар он рӯзноманигорон ба таври ҳирфаӣ барои навиштани матлабҳои интиқодӣ барои муҳтаво омӯзиш мебинанд, инкишоф медиҳад. Дар ин муддат дастаи мунаққидони расонаӣ мунтазам васеъ шуда, дар мавзуъҳои гуногун тақризҳо навишта шудаанд. Аммо ҷомеаи рӯзноманигорони минтақа на ҳамеша бо назарҳои мунаққидони расонаӣ мувофиқ мебошад. Тоҷикистон дар ин маврид истисно нест.
— Ӯ худаш кист, ки танқид кунад?
“Унсурҳои нақди расонаӣ қаблан низ вуҷуд доштанд. Онҳо ҳатто дар замони шӯравӣ дар назарсанҷиҳои солонае, ки маҷаллаҳо дар байни хонандагони худ анҷом медоданд, зоҳир мешуданд, то бифаҳманд, ки мухотабон дар саҳифаҳои маҷалла чӣ дидан мехоҳанд. Ҳамчунин як жанри алоҳида — мактубҳои хонандагон, ки дар саҳифаҳои рӯзнома нашр мешуданд, вуҷуд дошт», – мегӯяд рӯзноманигор, таҳиякунандаи нақди расонаии нусхаи тоҷикии сомонаи «New Reporter» («Хабарнигори нав») Раҷаби Мирзо. Ӯ ёдовар мешавад, ки дар соли 2003 рӯзномаи «Рӯзи нав», ки таҳти раҳбарии Раҷаб буд, саҳифае бо номи «Вокуниш» дошт, ки дар он хонандагон давра ба давра маводи таҳририяро интиқод мекарданд. Зимнан, ин гуна мактубҳоро газетаи «СССР» чоп мекунад. Аммо имрӯз расонаҳои Тоҷикистон интиқодро нисбати худ душвор қабул мекунанд:
— Имрӯз, мутаассифона, мо худро «ситора» мешуморем. Ба назари мо чунин менамояд, ки мо ҳақ дорем ҳамаро танқид кунем, аммо касе ҳақ надорад моро танқид кунад. Ин махсусан барои бачаҳое, ки дар телевизион кор мекунанд, дуруст аст. Онҳо ба ман мегӯянд, ки Раҷаби Мирзо чӣ ҳақ дорад, ки моро танқид кунад? Оё ӯ дараҷа дорад? Оё ӯ профессор аст? Ӯ кист, ки моро танқид кунад? Ин муносибати моро ба нақди расонаӣ нишон медиҳад”, – гуфт Раҷаб.
Мунаққиди ВАО, рӯзноманигор Мазҳаб Ҷумъа бо чунин вижагиҳои бардошт аз нақди расонаӣ мувофиқ аст.
— Баъзеҳо аз танқид сахт хафа мешаванд, баъзеҳо онро кабул мекунанд. Ба чӣ сабаб бошад, ки журналистони телевизион аз интиқод бештар нороҳат мешаванд. Журналистони радио, газетаву маҷаллаҳо инро дуруст дарк мекунанд. Мудири радиои давлатии «Тоҷикистон» бо мо тамос гирифт ва гуфт, ки ба интиқоди мо хеле хуб муносибат мекунад», – мегӯяд Мазҳаб.
Рӯзноманигорон аз он хиҷолат мекашанд, ки ҳамкасбоне, ки дирӯз якҷоя бо онҳо кор мекарданд, имрӯз матолиби онҳоро танқид мекунанд. Якчанд саволҳо ба миён меоянд: ба кӣ иҷозат аст, ки нақди расонаӣ нависад ва ба кӣ не? Оё мунаққиди расонаӣ бояд пеш аз танқид ягон сифат, таҷрибаи бой ва тахассуси маҳдуд дошта бошад? Ё шояд ҷомеаи Тоҷикистон дар маҷмуъ барои қабули интиқод ва кор бо он омода нест?
Зеҳният бартарият аст
Иштироккунандагони маҷлис гуфтанд, ки танқиди матбуот аксар вақт нуқтаи назари зеҳнӣ (субъективӣ), рубрикаи муаллифӣ мебошад. Аммо дар он бояд меъёрҳои ахлоқӣ риоя шаванд ва андеша асоснок бошад.
Таҳиякунандаи (продюсери) нақди расонаӣ дар нусхаи русии “New Reporter”, Лилия Гайсина бар ин назар аст, ки ҳар касе, ки интиқодӣ фикр мекунад, метавонад мунаққиди ВАО шавад.
— Мо ба худ иҷозат додем, ки дар бораи фильмҳо тақриз нависем, гарчанде ки касе аз мо мутахассиси соҳаи кино нест. Албатта, ин як навъ танқиди филми академӣ набуд, аммо мо метавонем дар бораи филм ҳамчун тамошобине, ки дорои ақидаи худ аст, бинависем, мегӯяд Лилия.
Вай қайд кард, ки ҳатто дар замони фаъолияташ ба ҳайси рӯзноманигор, ҳангоми интиқод аз амалкарди мақомот ба ӯ чунин вокунишҳои хашмгин нарасидааст, ки пас аз матолиби интиқоди васоити ахбори омма аз ҷониби ҳамкасбонаш гирифта буд.
Мунаққиди ВАО Михаил Петрушков мегӯяд, мавод дар ин формат ба далели назари субъективии муаллиф бештар хонда мешаванд:
— Танкиди ВАО мисли дигар танқидхо ҳамеша субъективӣ аст. Ба назари ман, вазифаи муҳаррир аз он иборат аст, ки услуб ва андешаи нотакрори расонаҳоро нигоҳ дошта, ба ҳеҷ ҳолат моҳияти маводро тағйир надиҳад. Матни мунаққиди ВАО аз аввал то ба охир андешаи ӯст, назари ӯ ба ин ҷаҳон аст, шояд хато бошад, шояд ба аксарият чунин менамояд, ки ин як сафсатаи мутлақ аст. Аммо, шояд барои ҳамин аст, ки ВАО мунаққидони расонаҳоро ҷалб мекунад, зеро нуқтаи назари мунҳасир ба фарди муаллиф ҷолиб аст.
Нақди расонаӣ барои кӣ навишта мешавад?
Мумкин аст чунин тассвур ба миён ояд, ки мунаққидони расонаӣ нақди матолиби ВАО – ро барои ҳамон ВАО менависанд, аммо ин тавр нест. Ҳадафи асосии нақди расонаӣ мусоидат ба дарки огоҳонаи муҳтаво аз ҷониби мухотабон мебошад. Он барои муайян кардани маълумоти бардурӯғ, таблиғ, стереотипҳо, ғаразнокӣ ё рафтори ғайрикасбӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони муҳтаво кумак мекунад. Нақди расонаӣ ба мухотабон кумак мекунад то тафаккури интиқодиро равнақ диҳад, ҷараёни иттилоотро дарк кунад, назарҳоро аз далелҳо фарқ кунад, яъне нақди расонаӣ бахше аз саводи расонаӣ мебошад.
Нашрияҳо низ, дар навбати худ, дар сурати таваҷҷуҳ бо бозхурди мухотабон ва мунаққидони расонаӣ метавонанд муҳтаворо беҳтар кунанд ва худро ба унвони расонаи босифат муаррифӣ кунанд.
Масалан, Шаҳноза Ҳамдамова, роҳбари нашрияи “Оила” мегӯяд, ки хондани интиқод осон нест, аммо он то ҳадде ба тими ӯ барои беҳтар кардани сифати муҳтавояшон кумак кардааст.
– Мардуми тоҷик танқидро дӯст намедорад, аммо расонаҳо ба он ниёз доранд. Ин танқид моро водор кард, ки корамонро беҳтар кунем ва акнун бо ифтихор гуфта метавонам, ки «Оила» расонаи касбист. Танқид метавонад ҳам созанда ва ҳам харобиовар бошад. Мехоҳам ба шумо барои танқиди кори мо миннатдорӣ баён кунам. Муаллифи мавод ва муҳаррири нашрия ин интиқодро баррасӣ карданд, бо чизе розӣ шуданд, бо чизе розӣ набуданд, аммо ин боиси норозигии онҳо нагардид», – гуфт Шаҳноза.
Михаил Петрушков бо таассуф қайд мекунад, ки илова бар интиқод аз маҳсулоти расонаҳо, дар шабака ва матбуот баҳсҳои кофӣ миёни худи мунаққидони расонаӣ вуҷуд надоранд.
«Ин хеле ҷолиб, омӯзанда ва ибратбахш мебуд», – мегӯяд Петрушков.
Оё имкон дорад, ки нақди расонаӣ бидуни маблағгузорӣ зинда монад?
Ба гуфтаи Михаил Петрушков, мавҷудияти интиқод нишонаи ҷомеаи болиғ аст. Дар он ҷое, ки кор ҳаст, камбудиҳо низ ҷой доранд, бинобар ин нақши танқид, ки ба ин камбудиҳо ишора мекунад, калон аст. Дар ин ҳол, оё нақди расонаӣ метавонад дар сурати набудани маблағгузории грантӣ вуҷуд дошта бошад? Саволи калон.
Анӯшервон Шоймардонов, мунаққиди расонаӣ ва рӯзноманигор дар ин бора назари ноумедона дорад.
— Дар панҷсолаи ҷорӣ лоиҳа ба натиҷаҳои калон расид, редаксияҳо муносибаташонро ба нақди расонаӣ ҷиддӣ карданд, маводҳои якдигарро муҳокима кардан гирифт, аммо хеле зуд аст, ки ин лоиҳаро ба ҳаракати мустақилона ҷавоб диҳем. Фишор болои ҷомеаи рӯзноманигорӣ бе ин ҳам аз ҳад зиёд мебошад ва гумон аст, ки ягон расона розӣ шавад, ки боз як бори изофии дигарро бар дӯш гирад.
Иштирокчиён қайд карданд, ки нашрияҳои инфиродӣ дар ин формат имконпазир аст, вале мутаассифона, бидуни дастгирии иловагӣ дар бораи кори пурра дар ин самт ҳарф задан барвақт аст.
Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ карда мешавад. Муфассалтар дар бораи барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ, лутфан, инҷо хонед. Муфассал дар бораи созмон: Интернюс: дар ҷаҳон, Интернюс дар Тоҷикистон.