Овоздиҳӣ барои кори беҳтарин дар номинатсияи “Замон аз намои наздик”-и IV озмуни Осиёи Марказӣ барои хабарнигорони MediaCAMP Award оғоз шуд. Натиҷаҳои озмун дар моҳи октябри соли 2022 ҷамъбаст карда мешаванд.
Шумо метавонед бо кори номзадҳо дар галерея шинос шавед – клик кунед ва варақ занед. Тавсифи пурраро дар ин ҷо хонед ва мустақиман ба кори мавриди писандатон овоз диҳед.
Довталабони «Замон аз намои наздик» MediaCAMP Award 2022
Номи пурраи ин номинатсия “Замон аз намои наздик: аксҳо, карикатураҳо, иллюстратсияҳо” мебошад. То соли 2021 ин номинатсия “Объектив” ном дошт ва ба он танҳо корҳои вобаста ба аксҳо қабул карда мешуданд. Аз соли гузашта ба ин озмун ҳамчунин карикатураҳо, инфографика ва коллажҳо низ қабул карда мешаванд. Дар ин номинатсия ғолибро мухотабон (аудитория) интихоб мекунанд. Коре, ки то 30 сентябри соли 2022 шумораи бештари овозҳоро ба даст меорад, беҳтарин маҳсуб шуда, муаллифи он сазовори ҷои аввал мешавад. Аммо имсол дар “Замон аз намои наздик” тағйирот ворид шуд: ба ғайр аз ғолиби асосӣ, дар ин категория боз як нафари дигар ғолиб мешавад. Барои ин мо аз доварони минтақавии MediaCAMP Award хоҳиш мекунем, ки ба маводҳои пешниҳодшуда назар кунанд – аз рӯи салоҳдиди онҳо мумкин аст ҷоизаи махсус дода шавад.
Имсол ба номинатсияи “Замон аз намои наздик” 34 дархост аз иштироккунандагон аз панҷ кишвар (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ворид шудааст. Мувофиқи қоида муаллиф метавонист то се корро пешниход кунад. Ҳамин тавр, маводҳои пешниҳодшуда нисбат ба дархостҳо бештар буданд. Созмондиҳандагони MediaCAMP Award интихоби техникӣ баргузор карданд – на ҳамаи дархостҳо ба шартҳои озмун ҷавобгӯ буданд. Дар натиҷа 42 кор ба овоздиҳӣ гузошта шуд.
Ғайр аз ин номинатсия дар озмун боз панҷ номинатсияи дигар ҳаст. Дар онҳо корҳои пешниҳодшуда аз ҷониби доварони иборат аз коршиносони касбӣ баррасӣ карда мешаванд: аввал, дар ҳар панҷ кишвар комиссияҳои миллӣ кор мекунанд. Онҳо беҳтарин маводҳоро интихоб мекунанд, ки муаллифони онҳо ба финал роҳ дода мешаванд. Сипас, кори финалистҳо аз ҳамаи панҷ кишвар аз ҷониби доварони минтақавӣ баррасӣ карда мешавад ва доварони минтақавӣ ғолибони озмунро муайян мекунанд. Ғолибони озмун ба MediaCAMP Fest даъват карда мешаванд. Дар он ҷо номи ғолибон маълум ва маросими супоридани ҷоизаҳо баргузор мегардад.
Имсол аз рӯи ҳамаи шаш номинатсияи MediaCAMP Fest аз ҷониби иштироккунандагон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон 821 дархост пешниҳод шуд. Дар озмун намояндагони расонаҳои мустақил ва давлатӣ метавонистанд иштирок намоянд. Корҳо ҳам аз ҷониби редаксияҳо ва ҳам аз ҷониби худи муаллифон – рӯзноманигорон, аккосон ва наворбардорон (видеографҳо) пешниҳод карда шуданд. Як расона ё як муаллиф метавонист барои озмун чанд мавод пешниҳод кунад, вале дар ҳар номинатсия як кор.
Соли чаҳорум аст, ки озмуни рӯзноманигорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Internews баргузор карда мешавад. Озмуни якум соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд (маълумоти бештар дар бораи он дар ин ҷо). Озумуни дуюм соли 2020 дар формати онлайн баргузор шуд. Озумуни сеюм дар формати омехта соли 2021 баргузор гардид. Шумо метавонед дар бораи озмуни соли 2022 дар ин ҷо ба таври муфассал бихонед ва қоидаҳои озмуни соли 2022-ро аз тариқи ин линк омӯзед.
Ҳуқуқ ба ҳамаи тасвирҳо ба муаллифон/нашрияҳо тааллуқ дорад. Муаллифон розӣ шуданд, ки онҳо ҳангоми овоздиҳӣ аз тариқи интернет ва намоишдиҳӣ дар маросими супоридани ҷоизаҳо истифода шаванд. Мундариҷа масъулияти танҳо дорандагони ҳуқуқи муаллиф аст ва ҳатман нуқтаи назари Internews, ЮСАИД ё Ҳукумати ИМА-ро ифода намекунад.
Озмуни мазкур бо кӯмаки молии мардуми Амрико, Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ва дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews амалӣ мегардад, гузаронида шудааст. Internews барои муҳтавои ин мавод масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА-ро инъикос намояд.