Ғолибони озмуни грантии Internews барои сохтани шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ интихоб шуданд

Дар Қазоқистон ва Тоҷикистон ғолибони озмуни грантҳо барои таъсиси шабакаҳои хабарнигорони шаҳрвандӣ интихоб шуданд. Барои ширкат дар озмун 31 дархост – аз Қазоқистон (20 дархост) ва аз Тоҷикистон (11 дархост) – пешниҳод шуда буд.

Ҳайати доварони байналмилалӣ, ки иборат аз коршиносони расонаӣ аз Қазоқистон ва Тоҷикистон ташкил шуда буд, довталабонро аз рӯи ҳафт меъёр баҳогузорӣ намуданд, аз ҷумла:

  • устувории расона,
  • таҷрибаи кор бо журналистони шаҳрвандӣ,
  • возеҳ асоснокдоркунии зарурати таъсиси шабакаи рӯзноманигорони шаҳрвандӣ барои ин расона/ дар ин минтақа  аз нуқтаи назари расидан ба ҳадафҳои бахш,
  • доштани таҷрибаи омӯзиши рӯзноманигорон,
  • доштани барнома барои дастёбӣ ба пойдории берун аз дастгирии грантии Internews,
  • омодагӣ ба омӯзиши рӯзноманигорони шаҳрвандӣ,
  • доштани стратегияи дақиқи ҷалб ва интихоби журналистони шаҳрвандӣ.

Рӯйхати ғолибон:

Тоҷикистон 

  • Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, АИ «Суғднюс»
  • Ташкилоти чамъиятии «Хома»
  • Муассисаи ғайридавлатии нашрияи “Маънавият”
  • Радиои “Дунё плюс”

Қазоқистон

  • Tilshi.kz  
  • “QazaqTimes” ақпараттық агенттігі
  • Minber.kz
  • Elitar.kz

Ғолибон дарёфт хоҳанд кард:

  • Дастгирии молиявии ҳамоҳангсози шабакаи шаҳрвандии рӯзноманигорон;
  • грант барои пардохти ҳаққи иштирокчиёни шабака дар марҳилаи аввал;
  • роҳнамоии фосилавӣ барои ҳамоҳангсозони шабакаҳои сохташуда.

Барои ҷавоб гирифтан ба ҳамаи саволҳо, лутфан, муроҷиат кунед:

Қазоқистон: kz-info@internews.org
Тоҷикистон: tj-info@internews.org

Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *