Комиссияи мустақили озмуни грантии «Формати калон» ду идеяи беҳтарини соли 2024–ро муайян сохт, ки ҳар ду мавзӯъи мубрам – мубриза бо стереотипҳои гендерӣ ва мушкилоти наврасони душвортарбият – мебошанд.
Ба озмуни мазкур, ки дар доираи лоиҳаи CAIIA баргузор шуд, дар маҷмӯъ 57 идея барои истеҳсоли матлабҳои калонҳаҷми аудиовизуалӣ пешниҳод гардида буд, аммо аз ин теъдод ба питчинг (ҳимояи идея) танҳо 5 муаллиф роҳ ёфтанд. Пас аз суҳбат бо онҳо ва таҳлилу баррасии идеяҳо ҳакамон лоиҳаҳои “Маро бишнавед” ва “Зиёдулло”-ро ғолиб донистанд.
- «Маро бишнавед» лоиҳаи мултимедиавии сомонаи Your.tj буда, он ба мубориза бо стереотипҳои гендерӣ равона шудааст. Ҳангоми амалисозии идея гурӯҳи эҷодӣ аз ҷумла ният дорад, ки ба мавзӯъҳои нобаробарӣ дар музди меҳнат, аз таҳсил дур мондани духтарони деҳот, тақсими нодурусти квотаҳо, поймолшавии ҳуқуқи занҳо пас аз барҳамхурии оилаҳо, номуайянии тақдири хатмкардагони ятимхонаҳо таваҷҷӯҳи хоса диҳад. Забони лоиҳа комилан тоҷикӣ мешавад ва субтитрҳо бо забони русӣ низ пешбинӣ шудаанд.
- «Зиёдулло» лоиҳаи филми мустанади аниматсионӣ аст ва дар он муаллифи мустақил Исмаил Зибаӣ мехоҳад мушкилоти наврасони душвортарбиятро баррасӣ кунад, махсусан зиндагии нафаронеро ба таҳлил кашад, ки ба колония ва мактабҳои махсус бо қонуншиканиҳои гуногун афтидаанд. Муаллиф дар рафти кор бо гурӯҳии эҷодии худ саъй мекунад, ки сабаб ва пайомадҳои чунин ҳолатҳоро омӯзад ва аудиторияро на танҳо дар доираи як филм, балки бо нашри як қатор матлабҳои гуногунформат ба баҳсу андешаронӣ кашад. Забони ин лоиҳа ҳам комилан тоҷикӣ мешавад.
Бояд гуфт, ҳар ду ғолиби озмун дар рафти ҳимояи идея на танҳо зовияи наву муассир, балки бандубасти ғайриоддиро пешниҳод карданд. Таҷрибаи кофӣ ва ҳирфаияти муаллифон, ба назари ҳакамон, имкон медиҳад, ки идеяҳо дар сатҳи баланди касбӣ амалӣ карда шаванд.
Давомнокии лоиҳаҳои зикршуда 6 моҳ буда, дар ин муддат ғолибон бояд аудиторияи зиёдро ба баррасии мавзӯъҳо ҷалб созанд ва барои ҷустуҷӯи роҳҳалҳо низ мусоидат кунанд. Аз ин рӯ, ба Your.t ва Исмаил Зибаӣ дар рафти амалисозии идеяҳо аз ҷониби Internews на танҳо грант, балки маслиҳатҳои муфиди мутахассисон низ пешниҳод мешаванд.
Озмуни «Формати калон-2024», дар воқеъ, аз чанд марҳила иборат буд (қабули дархостҳо, интихоби техникӣ, баҳогузории ҳакамон ва питчинг) ва барои таҳлили идеяҳо ба ҳайси ҳакамон журналистони соҳибтаҷриба ва коршиносони соҳа ҷалб карда шуданд, ки ба хубӣ аз талаботи аудитория, бозори маҳаллӣ ва тенденсияҳои глобалӣ огоҳ ҳастанд.
–Дархостҳо ҳам аз шариконе омаданд, ки ҳамроҳашон солҳои зиёд Internews ҳамкорӣ дорад, ва ҳам аз муаллифон ва гурӯҳҳои эҷодие, ки барои мо чеҳраҳои наванд. Дар асл, идеяҳои хубу ҷолиб бештар буданд ва ҳакамон ҳам борҳо ҳангоми омӯзиш ва таҳлили онҳо ин нуктаро зикр мекарданд, аммо, афсус, дар доираи ин озмун имкониятҳои грант аз нигоҳи маблағ маҳдуд буд ва мо натавонистем муаллифони бештарро дастгирӣ кунем, – мегӯяд директори Internews дар Тоҷикистон Рухшона Наҷмидинова.
Барои дарки мақсаду маром ва талаботи чунин озмунҳо Internews одатан сессияҳои иттилоотӣ баргузор мекунад ва ин дафъа низ дарҳол пас аз нашри эълони озмун мутахассисони созмон хоҳишмандонро ба чорабинии иттилоотии онлайнӣ даъват карданд. Аксаран ин усули бархурд натиҷаҳои хуб медиҳад, аммо дар баъзе аз маворид камбудиҳо ҳамоно боқӣ мемонанд ва дар ин озмун ҳам норасоиҳо дар дархостҳо пай бурда шуданд.
–Аз он чизе, ки мо ин дафъа дидем, як гурӯҳ идеяҳояшонро то ҷое хом пешниҳод намуданд – муаллифон сари формат ва сохтори лоиҳаҳо гӯиё бештар фикр карданд, аммо худи мавзӯъ ва зовияи барасии онро дар дархостҳо то охир асоснок карда натавонистанд. Ба ҷуз ин, ба марҳилаҳои иҷрои кор на ҳама воқеъбинона муносибат карданд, ки, албатта, ба қарори ҳакамон ин омил ҳам таъсир гузошт. Масалан, мавзӯъҳои ҷолибу саривақтие низ буданд, ки барои амалисозии онҳо 6 моҳ камӣ мекард ва аммо мо вақти бештар надорем, – мефаҳмонад Р. Наҷмидинова.
Зиёда аз ин, ба гуфтаи ӯ, баъзе аз муаллифон бархурдашон ба кору мавзӯъ умумӣ буд.
– Мавзӯъҳое ба монанди муҳоҷират ва ё зиндагии ашхоси дорои маъюбият воқеъан хеле муҳиманд, аммо на ҳама дар дархостҳо ракурси нави инъикосро пешниҳод карданд. Аз ин рӯ, то ҷое маълум набуд, онҳо ба аудитория чӣ паёми нав ва муфид доранд ва устувории лоиҳаашон дар ин росто аз чӣ иборат аст, – мегӯяд Р.Наҷмидинова. – Мо аз иштирокдорон ва таваҷҷуҳашон ба озмунҳои Internews дар ҳар сурат хеле сипосгузор ҳастем ва ба ғолибон дар амалисозии идеяҳояшон барор мехоҳем!
Лоиҳаи «Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ» (CAIIA) аз ҷониби Интернюс ҳамроҳ бо шарикон – Zinc Network (Британияи Кабир) ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.