Рӯзи 2 июл дар Алмаато ба ғолибони панҷумин озмуни минтақавии рӯзноманигорон ва мутахассисони ВАО дар Осиёи Марказӣ ҷоизаҳои MediaCAMP Award 2023 супурда шуданд. Ин озмун дар доираи ҷашнвораи ниҳоии расонаӣ, ки Интернюс аз соли 2019 бо дастгирии USAID баргузор мекунад, барпо шуд.
Имсол барои дарёфти ҷоизаи MediaCAMP 652 дархост пешниҳод карда шуд. Аз Узбакистон – 168, аз Қирғизистон – 113, Тоҷикистон – 109 ва аз Туркманистон – 39 дархост ворид шудааст. Аз рӯи анъана Қазоқистон аз ҳама бештар дархост қабул кардааст – 223 рӯзноманигор кори худро барои рақобат бо ҳамкасбони дигар кишварҳо барои дарёфти ҷоизаҳо дар яке аз категорияҳо фиристоданд:
«Замони ҷавонон», «Замони дарк кардан», «Замони пирӯз шудан», «Замони эҷод кардан», «Мавзӯи сол. Вақт ва пул».
Корҳо дар ин категорияҳо аз ҷониби ҳакамон интихоб карда мешаванд. Дар ибтидо, комиссияҳои миллӣ кор мекунанд, ки ба онҳо Интернюс дар ҳар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ мутахассисони маъруфи дорои таҷрибаи кор дар ВАО ва истеҳсоли муҳтаворо, даъват намудааст. Комиссияҳои миллӣ ғолибони ниҳоии худро интихоб мекунанд – на бештар аз се нафар дар ҳар як номинатсия. Сипас рӯйхати пурраи ғолибони озмун ба ҳакамони минтақавӣ пешниҳод карда мешавад, ки ба ҳайати он намояндагон аз ҳар панҷ кишвар шомиланд. Баъдан онҳо ғолибони озмунро интихоб хоҳанд кард. Ғолибони озмун ба MediaCAMP Fest барои иштирок дар сессияҳо, мастер-классҳо ва инчунин, барои гирифтани ҷоизаҳо даъват карда мешаванд. Ин дафъа дар озмун 70 нафар аз панҷ кишвар ширкат доштанд.
Инчунин, имсол барои аввалин бор Ҷоизаи Манана Асламазян (коршиноси маъруфи ВАО дар ҷаҳон, барандаи ду ҷоизаи ТЭФИ ва раиси доимии ҳакамони минтақавии Ҷоизаи MediaCAMP, моҳи августи соли 2022 ба таври фоҷиабор даргузашт) дода шуд.
Ин Гран-прии ҷашнвора аст. Механизми эҳдои он чунин аст. Комиссияҳои миллӣ ду номзади пурқувватро аз рӯйхати ғолибони ниҳоии кишварашон пешбарӣ карданд. Хамин тариқ, руйхати иборат аз 10 матлаб аз панҷ ҷумҳурии Осиёи Миёна тартиб дода шуд. Онро ҳакамони махсус даъватшуда, ки иборат аз мутахассисони васоити ахбори омма мебошанд ва дӯстони Манана, ки ӯро мешиносанд, ҷаҳонбинии ӯро доранд ва бо ақидаҳои касбии ӯ ошно ҳастанд, баррасӣ карданд.
Пас аз баррасии дақиқи сабтҳои зиёде дар ҳамаи ин марҳилаҳо, ниҳоят ғолибони Ҷоизаи MediaCAMP 2023 эълон шуданд!
Номинатсия “Замони ҷавонон”
Ҳайати ҳакамон асарҳоро дар номинатсияи «Замони ҷавонон» бодиққат омӯхт, аммо дар байни маводи пешниҳодшуда, ба назари онҳо, ягонтое набуд, ки ба ҷойи аввал комилан мувофиқ бошад. Аз ин рӯ, дар ин категория танҳо ҷойҳои сеюм ва дуюм дода шуданд:
ҶОЙИ 3-юм: Ӯзбекистон – Зиёда Рамазонова, “Китоб қандай таёр тайёрланади?”
ҶОЙИ 2-юм: Қирғизистон – Раҳатай Абдимиталипқизи, ««Что произойдет с элитными домами в Кыргызстане в случае землетрясения? Мнения экспертов»».
Номинатсияи “Замони дарк кардан”
ҶОЙИ 3 – юм: Узбекистон – Гулирано Мусоева«Хотин-қизлар тазйиқларга «жони қирқта»лигидан чидайдими ёки ожизалигидан? Нега улар энг кўп ўз «уйи»да хўрланади?»
ҶОЙИ 2-юм: Узбекистон — Елена Ким, «Язъяванские пески продолжают разбирать под сельхоздеятельность. Почему важно это остановить?»
ҶОЙИ 1 – ум: Қирғизистон — Мундузбек Калыков ва Валентина Галич «Школы, которых нет. Садыр Жапаров отчитался о 68 новых школах – это оказалось преувеличением»
Номинатсияи “Замони пирӯз шудан”
ҶОЙИ 3-юм: Қазоқистон – Динмуҳаммад Калиқулов, «Симптомы и признаки аутизма. Аутизм в Казахстане. Почему особенных детей становится больше?»
ҶОЙИ 2-юм: Қазоқистон – Жанат Тукпиев, «У войны не женское лицо»
ҶОЙИ 1-ум: Узбекистон — Барно Икромова, «Ради благого дела».
Номинатсияи “Замони эҷод кардан”
ҶОЙИ 3-юм: Қирғизистон – Айбике Адилетқизи, Бекболсун Кайпов, Айжамал Туғолбайқизи, «Жаштарга тил үйрөтүп, ааламга жол ачкан Разак».
ҶОЙИ 2-юм: Қазоқистон — Евгения Вологодская, «”Расточительная орлица Сарыгуль”, или зачем ученые собирают деньги на GPS-передатчики степным орлам».
ҶОЙИ 1-ум: Тоҷикистон – Алия Ҳамидуллина, «Шведская таджичка в Африке». Как любовь к детям сделала нашу соотечественницу известной».
Номинатсияи «Мавзӯи сол. Вақт ва пул»
ҶОЙИ 3-юм: Қазоқистон – Ардак Букеева, Лаура Сулейменова, «Как казахстанский экспорт нефти оказался в одной корзине».
ҶОЙИ 2-юм: Қирғизистон — Мария Пак, «Все яйца в одной корзине. Откуда Кыргызстан получает иностранную валюту?».
ҶОЙИ 1-ум: Қазоқистон – Артур Жумабоев, Оксана Ставнийчук, Ануар Нуртазин «Рикошет: как санкции против России привели к росту цен в Казахстане».
Ҷоизаи Манана Асламазян
Ҷоизаи Манана Асламазян, ки Интернюс онро Гран-прии озмуни имсола медонад, ба рӯзноманигори Қазоқистон Дониёр Молдабеков барои маводи «Сюрреализация сознания» (“Сюрреализатсияи шуур”) дода шуд. Кормандони расонаҳои кишварҳои мухталиф, ки дар ҳайати доварони ҷоиза ҳузур доштанд, ин асарро интихоб намуда, қайд карданд:
«Ин як таҳқиқоти ҷиддии журналистӣ аст, ки барои ҷомеаи имрӯза хеле муҳим аст. Зеро дар ҳама ҷо тақлид ба кори фарҳангӣ ҷой дорад. Дар ин ҷо тақлид ва тафтишоти сатҳи баланд аст. Дониёр сатҳи баланди рӯзноманигорӣ дорад”.
Дар ҷоизаи MediaCAMP як номинатсияи дигар вуҷуд дорад, яке аз онҳо “Замон аз намои наздик” аст. Он махсуси аксҳо, карикатураҳо ва дигар тасвирҳо мебошад. Дар ин номинатсия ғолибро на ҳайати ҳакамон, балки тамошобинон интихоб мекунанд. Аз дархостҳое, ки дар номинатсияи «Замон аз намои наздик» пешниҳод шудаанд, пас аз интихоби техникӣ, Интернюс 36 корро дар вебсайти MediaCAMP Fest интишор кардааст. Овоздиҳӣ то 25 июн идома ёфт. Ҳамаи маводҳо ҷамъан 5075 овоз гирифтанд.
Номинатсия «Замон аз намои наздик»
Ғолиб Алихон Сариев аз Қазоқистон шуд. Акси «Возраст любви» (Синни ишқ)-и ӯ бо бартарии бузург пирӯз шуд: 2243 овоз, яъне тақрибан нисфи овозҳои ширкаткунандагонро гирифт.
Озмун ва ҷашнвораи MediaCAMP соли панҷум аст, ки ба як платформаи илҳомбахшӣ, баррасии тамоюлҳои журналистика ва кашфи истеъдодҳои нав дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. То чӣ андоза муҳим будани ин барои ВАО-и минтақаро динамикаи омори рақобат нишон медиҳад. Дар Ҷоизаи MediaCAMP 2019 аз тамоми кишварҳо 470 дархост дар ҳама категорияҳо пешниҳод шуда буд, дар соли 2020 – мо 314 дархост ва дар соли 2021 аллакай 690 дархост гирифтем. Соли 2022 рекорд буд – 823 дархост. Имсол ба конкурс 652 дархост пешниҳод карда шуд.
Узви ҳакамони минтақавии Ҷоизаи MediaCAMP-2023 аз Қазоқистон Асия Акишева вазъ ва кори панҷсоларо таҳлил карда, бозхурди (отзыв) зеринро ироа кард:
“Шояд метавонам бо худ биболам, ки ман яке аз “собиқадорон” дар ҳайати ҳакамон ҳастам. (Асия дар тамоми панҷ соли озмун узви комиссияҳои интихобӣ буд. – эзоҳ аз Интернюс). Дар тӯли ин солҳо шахсан ман на танҳо тарзи зиндагӣ ва воқеаҳои дар кишварҳоямон гузаштаро метавонистам мушоҳида кунам (аз матолиби ҳамкасбон), балки пешравии рӯзноманигорни кишварҳоямонро низ бинам… Мутаассифона, дар давоми 5 соли охир мо инчунин то чӣ андоза сахттар шудани сиёсати давлат нисбат ба ВАО дар кишварҳоямонро мушоҳида карда истодаем. Бо вуҷуди ин, рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ ҳамчунон ҳолати “дифоъ”-и худро нигоҳ медоранд ва монеаҳои мухталифи мавзӯиро паси сар мекунанд. Маводҳо дар бораи зӯроварии хонаводагӣ, дар бораи ҳимоя ва дастгирии занон бештар шуданд (ин ба кулли ҷомеа таъсир нагузошта наметавонист, ки кишварҳои мо ниҳоят барои қабул ё пурзӯр кардани қонунҳо дар ин самт омодаанд). Қазоватҳои ҳирфаии бештар дар мавриди падидаҳое чун муҳоҷирати меҳнатӣ пайдо шуданд. Акнун шумо метавонед бубинед, ки чӣ тавр рӯзноманигорон кӯшиш мекунанд ба мардум биомӯзанд, ки нисбат ба ҳайвоноти хонагӣ ва муҳити зист раҳмдил бошанд. Тарбият, маърифат — журналистон кушиш мекунанд, ки ин гуна масъулиятро низ ба души худ гиранд. Аммо имрӯз дар кори худи рӯзноманигорон монеаҳои зиёде мавҷуданд, на танҳо марбут ба озодии баён. Аксар вақт, рӯзноманигорон бояд дар бозори расонаӣ бо блогнависони беинсоф рақобат кунанд, барои лайк мубориза баранд, зеро роҳбарият/соҳиб васеъ кардани доираи мухотабон, миқдори ҳарчи бештари бознашр ва ғайраро талаб мекунад. Ба назари ман, ин озмун ба журналистони кишварҳоямон имкон медиҳад, ки на танҳо ҳамдигар бевосита шиносанд, балки аз ҳамдигар омӯзанд. Мисли мо, аъзоёни жюри. Шахсан ман аз кор дар ҳайати комиссия лаззат бурдам».
Мо ҳамаи ғолибонро табрик гуфта, инчунин аз ҳамаи иштирокчиёни озмун – барои эҷоди муҳтавои холиқона ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, хоҳиши офаридани журналистика сипосгузорем. Мо ба аъзоёни жюри, ки дар зарфи панҷ сол барои азназаргузаронии садҳо асари ҳамкасбон вақт ва қувваи худро сарф намуданд, ташаккур мегӯем — ин кори душвор аст, вале мутахассисон ин корро ҳамеша бо камоли майл иҷро мекарданд. Мо инчунин мехоҳем ба ҳамаи дӯстон ва шарикони Интернюс, ки дар тӯли ин солҳо самимона ва аксаран ройгон ба озмун кумак карданд ва дар навбати худ ба ВАО дар пайдо кардани шинохт ва эҳсос кардани аҳмияти касби худ ёрдам намуданд, ташаккури зиёд гӯем.
Ҷоизаи MediaCAMP Fest ва MediaCAMP бо кӯмаки мардуми Амрико тавассути Ожонси ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID) имконпазир гардида, як қисми Барномаи MediaCAMP Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷониби Интернюс бо дастгирии молиявии USAID амалӣ карда мешавад. Интернюс барои муҳтавои он масъул аст ва ҳатман нуқтаи назари USAID ё ҳукумати ИМА-ро ифода намекунад.
Имсол Kaspi.kz шарики кулли ҷашнвора гардид. Ҷашнвора инчунин аз ҷониби Департаменти ВАО ва коммуникатсияи Донишгоҳи КИМЭП ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирӣ ёфт.