Дар сомонаи “Новый репортер», ки аз расонаҳои Осиёи Миёна пайгирӣ мекунад, гузинаи тоҷикии он пайдо шуд. Мақолаҳо дар бахшҳои “Нақди расонаҳо”, “Саводнокии расонаӣ», «Худомуз» ва ҳамчунин мавод дар мавриди озмуну бурсияҳо барои журналистон дар минтақа минбаъ ба се забон – русӣ, қазоқӣ ва тоҷикӣ дастрасанд.
Мақолаҳоро оид ба расонаҳои муосир дар Осиёи Миёна, дар мавриди равандҳои нав дар минтақа, дар бораи одамоне, ки онҳоро месозанд, акнун метавон бо забони тоҷикӣ хонд. Манбаи ҳирфаии “Новый репортер” барои расонаҳои осиёимиёнагӣ гузинаи тоҷикии сомонаро роҳандозӣ намуд.
-Ман хеле шодам, ки ”НР” акнун гузинаи тоҷикӣ дорад, зеро вақтҳои ахир сатҳи донистани забони русӣ дар Тоҷикистон, хеле паст фаромадааст, аз ҷумла миёни рузноманиогорн ҳам. Аз ин ру, сохтани манбаҳо бо забони тоҷикӣ кори ҳаётан зарур аст, -мегуяд директори Интернюс дар Тоҷикистон Абдумалик Қодиров.
Самти усулан нав барои Тоҷикистони соҳибистиқлол “Нақди расонаҳо” аст. Коршиносон тавассути ин рубрика кори расонаҳои тоҷикро таҳлил менамоянд, равандҳои нав ва риояи меъёрҳоро дар ВАО-е назорат мекунанд, ки ба забонҳои тиоҷикӣ ва русӣ менависанд.
– «Новый Репортер» нияти доварӣ кардан нисбат ба сифати маводи нашршудаи журналистони тоҷикро надорад, мо танҳо ба журналистон ёрӣ расондан мехоҳем, ки ба корашон аз берун назаре андозанд ва он чиро бубнанд, ки шояд барои рушди касбиашон халал мерасонад,-мегуяд Абдумалик Қодиров.
Ба ғайр аз ин, дар сомона рубрикаи “Саводнокии расонаӣ” ҷойгир шудаааст, ки ба расонаҳои маҳаллӣ ва на танҳо барои онҳо , хеле муҳим аст
“Саводнокии расонаӣ” алҳол зарурати ҳаётӣ барои ҳар инсон аст, сарфи назар аз он ки ӯ маҳсулот барои расонаҳо месозад ё онро истеъмол мекунад. “Саводнокии расонаӣ” чи барои журналистон ва чи барои одамони касбҳои дигар, ягона киштиест, ки метавонад аз баҳри пурталотуми хабарҳои ҷаълӣ ва таҳрикдиҳандаи афзоишёбанда наҷот диҳад,-шарҳ медиҳад, мусоҳиби мо.
«Новый репортер» – манбаи касбӣ барои расонаҳои Осиёи Миёна аст, ки дар он маълумот барои журналистон гирдоварӣ шудаст. Мақолаҳои «Новий репортер» дар бораи чи тавр муҳтавои босифат омода кардан, мухотабонро ҷалб намудан, маводро чи гуна санҷидан, чи тавр маблағ ба даст овардан ва дигар маводе, ки коршиносони маҳаллӣ ва хориҷӣ таҳия менамоянд ,нақл мекунанд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.