Моҳи марти соли равон лоиҳаи саводи иттилоотиву расонаии (СИР) “Агар медонистам” дар ноҳияҳои ӯзбекнишини вилояти Суғд шурӯъ шуд. Дар доираи ин лоиҳаи саводи расонаӣ тариқи намоишҳои кӯтоҳи театрӣ бо забони ӯзбекӣ иштибоҳҳое, ки ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ медиҳанд, дар саҳна нишон дода шуд. Дар намоиши ин саҳнаҳои панҷдақиқагии театрӣ зиёда аз 300 бинандагон ҷамъ омаданд. Дар рафти амалӣ шудани ин лоиҳа, теъдоди хонандагони саҳифаашон аз 1000 ба 15 000 кас расид.
Нахустнамоиши саҳнаҳо бо зикри хатогиҳое, ки ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ медиҳанд, моҳи апрели соли 2023 баргузор гардид. Намоишҳои кӯтоҳи театрӣ иштибоҳоти гуногуне, ки ҷавонони бехабар аз саводи расонаӣ ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ медиҳанд, ошкор мекунанд. Барои мисол, яке аз саҳнаҳо ба паёмакҳои дурӯғин дар мессенҷерҳо бахшида шуда буд: Дар вотсапи як ҷавон хабари бардурӯғ (фейк) меояд, ки гӯё содироти орд аз кишвари Қазоқистон ба Тоҷикистон манъ карда мешавад ва дар натиҷа дигар орд камёфт мешавад. Ин хабарро хонда ҷавон оҷилан ба модараш хабар медиҳад. Онҳо тасмим мегиранд, ки орд харида захира кунанд. Дӯсти ин ҷавон, ки саводи хуби расонаӣ дорад, таъкид мекунад, ки ин хабар дурӯғ аст ва барои исботи ин пешниҳод мекунад, ки он хабарро якҷоя бисанҷанд.
Аммо вай суханони дӯсташро сарфи назар мекунад ва бо модараш халтаҳои зиёди орд мехарад. Баъди чанд муддат аъзои оила эҳсос мекунанд, ки тамоми хонаро бӯйи ғализе гирифтааст. Маълум мегардад, ки ордҳо ҳамааш пӯсидаанд ва дигар қобили истеъмол нестанд. Баъдан хабар мерасад, ки он паёмаки дар вотсап омада дурӯғ будааст.
Аудиторияи асосии лоиҳа ҷавонони ду ноҳияи ӯзбекнишини вилояти Суғд – Ҷаббор Расулов ва Спитамен буд. Барои тамошои намоиш аз ин ду ноҳия бинандагонро ба ягона театри ӯзбекзабони кишвар – Театри ба номи Шукур Бурхонови ноҳияи Спитамен ҷамъ оварданд.
–Қисми аввали амалисозии лоиҳа ин эълони кастинг буд. Барои иҷрои нақш дар саҳнаҳо, мо хостем худи ҷавононро ҷалб кунем, зеро онҳо мушкилоташонро хубтар ва дурусттар дарк кардаву нишон дода метавонанд. Дар натиҷаи кастинг 3– ҷавон интихоб шуд ва мо кори худро шурӯъ кардем. Онҳо донишҷӯ буданд ва малакаи ҳунармандӣ надоштанд, вале чунон нақшҳои худро бозӣ карданд, ки коргардон дида, бовариаш наомад, ки онҳо ҳунармандони ҳирфаӣ нестанд, қайд кард ҳамоҳангсози ин лоиҳа Уктам Ризаев.
Уктам Ризаев ҳамчун ҳамоҳангсози лоиҳаҳо дар ташкилоти ҷамъиятии “Ҷамъияти ӯзбекони вилояти Суғд” фаъолият мекунад. Ҳамзамон, хабарнигори рӯзномаи ӯзбекии вилоятии “Суғд ҳақиқати” мебошад. Уктамро дар фазои расонаии кишвар тариқи лоиҳаҳои расонаияш хуб мешиносанд. Асосан мавзӯи саводи расонаиро Уктам яке аз қисматҳои муҳими таҷрибаи кориаш мешуморад. Ӯ яке аз ширкаткунандагони доимӣ ва фаъоли Эдютонҳои Интернюс мебошад. Идеяи ин лоиҳа ҳангоми ширкат дар чорумин MediaCAMP Эдютон-2023 дар Осиёи Марказӣ кор карда шуд ва дастгирии молӣ ёфт.
–Яке аз дастовардҳои худро ман лоиҳаи “Медиа квест” -ро мешуморам, ки аз тарафи Интернюс дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфта буд. Ин лоиҳа барои фаъолияти имрӯзаи ман, як заминаи хубу муваффақ гузошта буд. Зеро баъди амалисозии он ман ва ташкилоте, ки дар он кор мекунам роҳи саводи расонаиро интихоб кардем. Ҳоло дар ин самт ҷиддӣ машғул ҳастем ва талоши асосиро барои бештар омода намудани муҳтаво барои ӯзбекони Тоҷикистон бо забони ӯзбекӣ равона карадем, мегӯяд Уктам Ризаев.
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Ва ин шабакаҳо ба як қисми ҷудонашавандаи зиндагии рӯзмарраи мо табдил ёфтаанд. Дар саҳнаҳои театрӣ ҳолатҳои ҳақиқӣ аз зиндагии ҷавонон оварда шудаанд. Онҳо оқибати надоштани саводи расонаиро нишон дода , барои пешгирӣ намудани чунин ҳолатҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Аудиторияи асосии ин лоиҳа ҷавонон буданд. Дар аввал, барои тамошои намоиш аз 100 то 200 кас ба таври ройгон ҷалб карда шуд. Тибқи нақша бояд аз ду ноҳияи номбурда 50 нафарӣ хонандагони синфҳои болоиро даъват мекарданд, вале рӯзи намоиш зиёда аз 300 кас ҷамъ омаданд.
Бо вуҷуди он, ки тамошобинони асосӣ ҷавонон буданд, вале миёни онҳо муаллимон, калонсолон, хабарнигорон ва кормандони мақомотҳои давлатӣ низ ширкат доштанд.
Пас аз ба поён расидани намоиши театрӣ, бо ширкаткунандагон қисми суолу ҷавоб ва пешниҳоду бархурдҳо баргузор карда шуд. Уктам Ризаев қайд мекунад, ки як қисмат дар ҳайрат буданд, ки дар ин мавзуъ бо забони ӯзбекӣ низ дар кишвар намоишҳо гузошта мешаванд. Ҷавонон таъкид карданд, ки ҳатман дӯстони худро бо ин қиссаҳо ошно хоҳанд кард.
Райҳона Султонова, яке аз муаллимони муассисаи таҳсилотӣ, ки бинандаи ин намоиши театрӣ буд, қайд кард, ки формати хеле ҷолиби пешниҳоди маълумот интихоб шудааст.
-Ҷавонони мо ҳоло хондани рӯзномаҳо ва гӯш кардани лексияҳои моро на он қадар дӯст медоранд. Аммо тариқи ин намоиш маълум шуд, ки чӣ гуна бо завқу шур тамошо доштанд. Формате, ки шумо интихоб кардед, ба мақсад мувофиқ буд. Зеро он камбудиҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ дода мешавад, дар саҳна ба таври реалӣ дидан барои ислоҳшавӣ замина месозад, гуфт Райҳона Султонова.
Барои ҷалби бештари аудитория, Уктам Ризаев ва тими ӯ 10 рӯз пеш аз намоиш дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоияшон хабар нашр карданд, ки онро зиёда аз 7000 кас хондааст.
-Вақте аз омодагиҳоямон бекстейҷҳоро мегузоштем, аудитория хеле хуш пазируфта, зиёд саволҳо медоданд: ин дар куҷо мешавад?, кай баргузор мегардад?, метавонем ширкат кунем? Мо ҳаракат карда, ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб гуфтем ва даъват кардем, гуфт Уктам Ризаев.
Ӯ қайд мекунад, ки дар умум, муддати амалисозии ин лоиҳа саҳифаи онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ 15 ҳазор кас тамошо карданд. 5 ҳазор дар Instagram ва 10 ҳазор дар Facebook. Ин нишондодро агар бо ҷалби рӯзҳои аввали шурӯи лоиҳа қиёс кунем, он 15 маротиба зиёдтар аст.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.