Пас аз якчанд дарси онлайни саводнокии расонаӣ, ки Даря Христолюбова баргузор кард, донишҷӯён зимни номае хоҳиш карданд, ки ӯ омӯзгори онҳо шавад. Онҳо мегӯянд, ҳар дарсе, дар кадом мавзӯе бошад, муҳим он аст, ки устоди онҳо Христолюбова бошад.
Масалан, ҳангоми дарсҳо оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ, донишомӯзони Даря дар бораи он, ки хейтерҳо ба Пушкин, агар саҳифаи Facebook медошт, чӣ гуна шарҳҳо менавиштанд, андеша мекарданд. Онҳо афсонаҳои машҳурро бо истифода аз emoji тахмин мезаданд ва фаҳмиданд, ки дар Интернет чӣ хатарҳо вуҷуд дошта метавонанд.
Вақте Даря Христолюбова, ровӣ ва директори барномаҳои радиои “Азия-Плюс” дар Facebook дар бораи баргузории веб-квести “Дети и Сети” эълон кард, ҳеҷ кас тааҷҷуб накард. Чунки Даря модари Даняи даҳсола аст, ки ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи он ки ӯ ва писараш вақташонро чӣ тавр мегузаронанд, қисса мекунад. Баъзан Даря дар бораи китобҳои бачагонае менависад, ки писараш хонда истодааст ва ҳамаи муштариёни калонсол худашон низ хоҳиши хондани он китобро мекунанд. Баъзан ӯ дар бораи квестҳо барои Даня мегуфт, ки ӯ низ мехост фавран ба хидмат бирасад. Баъзан ӯ дар бораи квестҳои дигар барои Даня мегуфт, ки онро низ мехост амалӣ кунад.
– Солҳои зиёд аст, ки ман дар бораи системаҳои маорифи ҷаҳон маълумот ҷамъ мекунам. Ман манфиатдорам. Барои ман хеле ҷолиб аст. Ва се сол пеш, ман маълумот пайдо кардам, ки муассисаҳои томактабӣ дар Канада дарсҳои саводнокии расонаӣ доранд. Тасаввур кунед: саводнокии расонаӣ дар кӯдакистонҳо таълим дода мешавад! – мегӯяд Даря.
Моҳи феврали соли равон ӯ ба MediaCAMP Эдютон (чорабинии инноватсионии ташкили лоиҳаҳо оид ба саводнокии расонаӣ), ки аз ҷониби Интернюс дар Алмаато баргузор шуда буд, иштирок кард. Дар натиҷа, Даря лоиҳаи дарси саводнокии медиавӣ барои кӯдаконро пешниҳод кард ва барои маблағгузории он грант бурд кард.
– Бозомӯзӣ ҳамеша мушкилтар аст, хуб мешавад, ки аз кӯдакон оғоз карда шавад. Дар назария, ин бояд дар оила ва мактаб анҷом дода шавад, аммо на ҳама дар бораи сатҳи саводнокии расонаии кӯдакон фикр мекунанд. Идеяи лоиҳаи ман танҳо бо онҳо оғоз кардани гуфтугӯ дар ин мавзӯъ буд, – мегӯяд Даря.
Дар аввал, баргузории вебинарҳо дар фасли тобистон ба нақша гирифта шуда буд. Аммо камтар аз як моҳ пас аз Эдютон, COVID-19 дар Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуд ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ бидуни хатар набуданд.
– Ман ҳамаи барномаро ба нақша гирифта, фикр кардам, ки дарсҳоро дар давраи таътили тобистона дар майдони истироҳатгоҳи кӯдаконаи шаҳр доир мекунам. Мо умедвор будем, ки вазъ тағйир хоҳад ёфт, аммо баъд қарор додем, ки дарсҳоро ба тариқи онлайн баргузор мекунем. Ва рости гап, ман асабонӣ шудам. Кӯдакон ҳам ба фаъолияти равонӣ ва ҳам ба ҷисмонӣ ниёз доранд. Чӣ гуна диққати онҳоро дар онлайн нигоҳ доштан мумкин аст? Аммо баъд ман ба ёд овардам, ки чӣ гуна кӯдакон ба компютерҳову смартфонҳо вобастаанд. Ҳамин тавр ман қарор додам, ки онҳоро шавқманд мекунам, – мегӯяд Даря.
Нахуст, ӯ номи вебинарро ба веб-квест табдил дод, то иштирокчиён ба маърӯзаҳои дилгиркунанда не, балки ба як чорабинии ҷолибу шавқовар омода шаванд. Даря тамоми супоришҳои хонагӣ ва синфиро барои иштирокчиёни хурдсол дар асоси карикатураҳо ва филмҳои тасвирии дӯстдоштаашон таҳия намуд. Ҳамчунин дар веб-квест Даря фаъолияти ҷисмонӣ, бозӣ бо номи “Ҳамлаи вирусӣ” таҳия кард.
– Албатта, аз рӯйи интизом кор мекардем: ман қаҳрамонҳои афсонавиро рамзгузорӣ мекардам, ки онҳоро тахмин кардан лозим буд ва аз кӯдакон хоҳиш мекардам, ки агар посух додан мехоҳанд, ҳолати “Даст боло кардан”-ро дар ZOOM истифода кунанд. Аммо нашуд. Кӯдакон кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи зудтар ҷавоб гардонанд. Ман ба ин ҳолат аз ҷиҳати равонӣ омода будам: дар мактаб таҷрибаомӯзӣ карда будам, – мегӯяд Дарья.
Кори хонагӣ барои волидон
Даря ба мутобиқ кардани барнома ба тариқи онлайн муваффақ шуда бошад ҳам, дастрасӣ ба Интернет торафт мушкилтар мешуд. Дар Тоҷикистон алоқа хеле гарону ноустувор аст. Аз ин рӯ, ҳангоми пандемия дар кишвар суоли гузаштан ба таҳсилоти онлайн вуҷуд надошт. Кӯдакон моҳи апрел ба таътили маҷбурӣ баромаданд ва танҳо дар охири моҳи август ба таҳсилот баргаштанд.
– Падару модарон пайваста аз ман мепурсиданд, ки трафик ба дарсҳои Zoom чӣ қадар масраф мешавад. Ҳангоми дарсҳо на ҳама камераҳоро даргиронда метавонистанд, зеро суръати интернет имкон намедод. Дар рӯзи аввал аз сабаби бад будани алоқа, ба “гум кардани” кӯдакон шурӯъ кардам. Дигарон вазифаи хонагии худро мефиристоданд, ба назар чунин менамуд, ки онҳо таваҷҷуҳ доштанд, аммо баъд гуфтанд, ки таҳсилро идома дода наметавонанд, зеро мушкилот дар Интернет вуҷуд дорад”, – мегӯяд Даря.
Ҳангоми пайвастшавӣ ба ZOOM мушкилот ба миён меомад: на ҳама волидон тавонистанд ҷурсозии онро дарк кунанд. Онҳо маҷбур буданд, ки кӯдаконро барои кӯмак даъват бикунанд. Донишҷӯёни хурдсол ин вазифаро хеле зуд иҷро карданд, сарфи назар аз он ки аксарияти онҳо Zoom-ро бори аввал дар ҳаёташон медиданд.
– Миёни иштирокчиёни ман кӯдаконе буданд, ки дар YouTube, Tik-Tok зиндагӣ мекунанд, ҳамаи блогерҳоро медонанд. Аммо бисёре аз онҳо тасаввурот надоранд, ки масалан, дар ҷаҳони маҷозӣ низ одоб вуҷуд дорад. Шумо бояд “ташаккур” ва “лутфан” бигӯед. Ё ин ки хатарҳо ба монанди олами воқеият дар ин ҷо низ вуҷуд дошта метавонад. Вақте ман пурсидам, ки оё ҳамаи инҳоро дар мактаб муҳокима мекунанд, онҳо ҷавоб доданд, ки муаллимон интернетро чизи бад мегӯянд. Ва ман ба онҳо фаҳмондам, ки агар шумо дуруст истифода баред, интернет бад нест. Воқеан, сарфи назар аз тарси худ, ман зуд дарк кардам, ки бархат дар бораи Интернет суҳбат кардан тарафи мусбати кори мо шуд”, – шарҳ медиҳад Даря.
Ғайр аз омӯзиш бо тренер дар ин веб-квест, кӯдакон бо волидайнашон дар якҷоягӣ кор мекарданд. Вазифаи хонагӣ на танҳо ба донишҷӯён, балки ба волидони онҳо низ дода мешуд. Масалан, волидон мебоист дар якҷоягӣ бо кӯдаконашон, се сомонаи таълимиро пайдо ва қоидаҳои истифодаи Интернетро таҳия кунанд. Ҳамзамон волидон бояд ба вебнависи дӯстдоштаи кӯдаконашон дар шабакаҳо обуна шаванду дар ин мавзуъ иншои кӯтоҳе нависанд: “Фарзанди ман ин вебнависро дӯст медорад, зеро …”.
– Пас аз веб-квест, падару модарон тариқи паёмакҳо ба ман изҳори сипос мекарданд. Мегуфтанд, ки дар ҷараёни веб-квест дар бораи фарзандони худ бисёр чизҳоро омӯхтанд. Як модар иқрор кард, ки ҳатто намедонист, фарзандаш оригамиро дӯст медорад ва аз ҳамин сабаб доим коғазпораҳо дар тамоми хона парокандаанд. Ҳамаи онҳо якҷоя вазифаи хонагиро иҷро мекаданд. Хусусан, ба онҳо ин амал писанд омад: кӯдаки худро сахт ба оғӯш гирифта, бӯсакунон гуфтан лозим, ки ӯ дар ҷаҳон аз ҳама беҳтарин аст. Баъдтар кӯдакон ба ман гузориш доданд, ки ин вазифа фавран иҷро шуд, – мегӯяд Даря.
Дар маҷмӯъ, се вебинар оид ба саводнокии расонаӣ ва рақамӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло Даря ду вебинар доир кард. Пас аз дарс бо кӯдакон дар ин мавзӯъ Даря барои муаллимони муассисаҳои миёна низ дарс хоҳад гуфт.
Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.