Интернюс аз 27-уми апрел то 6-уми май, Мактаби онлайнии интиқоди расонаҳоро баргузор мекунад. Дар он ҳам журналистони касбӣ ва ҳам онҳое, ки дар таҳлили контенти ВАО таҷриба доранд, иштирок карда метавонанд. Иштирокчиён дар асоси озмун бо саволномаи пуркардашуда ва бо намунаҳои маводи муаллифӣ интихоб карда мешаванд. Мӯҳлати ниҳоии қабули дархостҳо то 17 апрел аст.
Афзалият ба муаллифоне дода мешавад, ки бо забонҳои қазоқӣ, тоҷикӣ ва ӯзбекӣ кор мекунанд ва ҳамзамон забони русиро дар сатҳе медонанд, ки барои фаҳмидани муаллимонашор имкон фароҳам меорад.
Интиқоди расонаҳо – як соҳаи динамикии журналистикаи муосир мебошад. Он дар арзёбии ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва дигар паҳлӯҳои истеҳсоли иттилоот иштирок мекунад.
Интернюс дар сомонаи “Новый репотер” самти “Интиқоди расонаҳо” -ро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ такмил медиҳад. Лутфан, пеш аз пур кардани дархостҳо ба намунаҳои мавод назар афканед. Мо на танҳо иштирокчиёни Мактаб, балки одамони ҳамфикрро меҷӯем, ки муаллиф ва муҳаррири бахши «Интиқоди расонаҳо» мешаванд ва мунтазам дар асоси гонорар мавод омода мекунанд.
Машғулиятҳо дар мактаб ҳамарӯза ду соат аз душанбе то панҷшанбе гузаронида мешаванд. Формат маърузаҳо ва супоришҳои эҷодиро дар бар мегирад. Забони мактаб русист, аммо бо иштирокчиёни Мактаб кураторҳо бо забонҳои миллӣ кор мекунанд.
Дар миёни мураббиён инҳо ҳастанд: Анна Качкаева- Директори Маркази фарҳангҳои рақамӣ ва саводи расонаӣ, МОИ (Москва) ва мунаққидони расонаӣ, ки аллакай дар лоиҳаи «New Reporter» кор мекунанд: Сергей Ким, Маргарита Бочарова, Назира Даримбет, Анна Шабалдина.
Агар шумо хоҳиши дар Мактаб иштирок карданро дошта бошед ва дар оянда бо Интернюс дар асоси гонорар ҳамкорӣ кардан хоҳед, пас ин дархости онлайниро то 17 апрели соли 2020 пур кунед.
Бо ҳама саволҳо, лутфан, ба kz-info@internews.org муроҷиат кунед. Ҷавобҳо ва саволҳои пурсидашуда дар шакли шарҳ бо эълонҳо дар Internews.kz ва newreporter.org пас аз дастрас шуданашон нашр карда мешаванд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.