Internews марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии инъикос ва пешбурди озодиҳои динӣ»-ро (SCARF) дар Тоҷикистон оғоз мекунад. Лоиҳа ба омӯзиши намояндагони расонаҳо ва дастгирии таҳияи муҳтавои босифат ва объективӣ дар мавзуъҳои ҳассоси марбут ба масъалаҳои динӣ равона шудааст.
Он дар Қазоқистон низ амалӣ хоҳад шуд. 15 декабр дар Остона бо иштироки коршиносони расона, намояндагони созмонҳои давлатӣ ва динӣ, диншиносон, коршиносон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор лоиҳа оғоз мешавад.
Идомаи лоиҳа дар Тоҷикистон фаъолиятҳои омӯзишӣ барои муҳаррирон ва журналистҳо, дастгирии грантӣ барои таҳияи муҳтаво дар мавзуъҳои озодии динро дар бар мегирад. Ҳама чорабиниҳои дарпешистодаи лоиҳа ба таври иловагӣ эълон карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯби марҳилаи аввали ин лоиҳа дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури методӣ таҳия шудааст, ки ба масъалаҳои озодии дин ва гуногунии динҳо бахшида шудааст.
Ин дастур барои онҳое, ки ба таҳияи муҳтаво дар мавзуъҳои ҳассос машғуланд, бахусус агар онҳо ба масоили мазҳабӣ иртибот дошта бошанд, кумаки бузург хоҳад буд.
Дастур аз чор қисм иборат аст.
- Рӯӣкардҳои диншиносӣ ва тавзеҳи равандҳо ва хусусиятҳои пешбурди масъалаҳои озодиҳои динӣ;
- тафсирҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла амалияи баӣналмилалӣ ва маҳаллии қонунгузорӣ дар соҳаи таъмини озодии дин;
- Рӯӣкардҳои журналистӣ дар инъикоси масъалаҳои озодии дин ва гуногунии динҳо;
- Масъалаҳои методологӣ: тарзи омӯзиши истеҳсоли муҳтаво дар мавзуъҳои озодии дин.
Дастури методӣ ҳоло ба забонхои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дастрас аст. Варианти ин дастур барои Қазоқистон ба зудӣ таҳия хоҳад шуд.
Умедворем, ки дастурамал ва ҳамчунин худи лоиҳа барои дарки беҳтари мавзӯи диндорӣ ва нозукиҳои инъикоси масъалаҳои динӣ дар миёни журналистҳо ва корбарон мусоидат хоҳад кард.