Маҳдудиятҳо танҳо дар сар ҳастанд: рӯзноманигори тоҷик аз достони қаҳрамонии варзишгари паролимпӣ филми мустанад сохт

Ҷамшед Абдуллоев – қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистону Осиё дар тенниси рӯйи миз ва армрестлери варзида аст. Ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ осеби сахт бардошта ва аз роҳ рафтан монд. Бо ин вуҷуд Ҷамшед руҳафтода нашуд ва ба варзиш машғул гардид. Эмомалӣ Сайидзод, рӯзноманигори тоҷикро саргузашти Ҷамшед ҷалб сохт ва ин рӯзноманигор дар бораи варзишкор филми мустанад таҳия кард.

Ҷамшед дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд зиндагӣ мекунад. Ҳам таксӣ меронад ва ҳам бо варзиш машғул мешавад. Ҷамшед гуфт, суҳбат бо расонаҳоро хуш надорад, бо ин вуҷуд барои иштирок дар филми Эмомалӣ розӣ шуд. Вай аз ин норозист, ки бархе аз расонаҳо афроди дорои маъюбиятро дар ҳолати заъфу нотавонӣ инъикос мекунанд.

“Дар интернет бо наворҳои зиёде рӯбарӯ мешавам, ки шахсони гуногуни маъюбиятдошта гирякунон маблағ мепурсанд ва ё зораву тавалло мекунанд, ки ба онҳо кӯмак расонанд. Ин кор ба ман писанд нест. Ҳар кас бояд зиндагиашро ба дасти худ гирифта, мушкилиҳояшро бартараф ва ба пеш ҳаракат кунад” – гуфт Ҷамшед.

Эмомалӣ Сайидзод дар бораи Ҷамшед аз ҳамкоронаш зиёд шунида буд. Ҳамзамон дар баъзе расонаҳо хонда буд, ки чигуна вай аз зиндагиашро дубора барқарор кардааст. Эмомалӣ мехост, дар бораи Ҷамшед ба таври муфассал қисса кунад. Ин хоҳиш дар шакли филми мустанад таҳия шуд. Эмомалӣ идеяашро ба озмуни грантии формати хурди Интернюс пешниҳод кард. Вай соҳиби грант шуд ва ба ин тартиб филми “Шуълаи орзу” тавлид гардид.

Дар рафти сохтани филм бо мушкилии касбӣ рӯбарӯ шудам. Ман таҷрибаи қариб даҳсолаи рӯзноманигорӣ дорам, аммо филмсозӣ як кори дигар ва нозук будааст. Аз Интернюс кӯмак хостам ва онҳо ба ман Диловар Султонӣ – яке аз филмсозони бомаҳорати кишварро мураббӣ таъйин карданд ва ин кори маро осон кард”, – афзуд Эмомалӣ.

Кори Эмомалӣ бо Диловар Султонӣ аз омӯзиш шуруъ шуд. Ин коршиноси филмсоз нахуст барои Эмомалӣ дарсҳои омӯзишӣ доир кард. Баъдан сенариянависӣ, наворбардорӣ ва дигар ҷанбаҳо шуруъ шуданд. Дар машварат бо Диловар, Эмомалӣ тасмим гирифт, ки саргузашти қаҳрамон аз забони рӯзноманигор садо диҳад. “Шуълаи орзу” қисман дар Исфара ва қисман дар Душанбе ба навор гирифта шуд. Сабти филм дар ду макон ба хотири он буд, ки нишон дода шавад – шароит барои шахсони маъюбиятдошта дар минтақаи дурдаст ва дар пойтахти кишвар чи гуна аст.

Дар Тоҷикистон бештар аз сад ҳазор шахси маъюбиятдошта мавҷуд аст, ки ҳуқуқи баробар бо дигарон, аммо на имкониятҳои баробар бо дигаронро доранд. Барои мисол, наметавонанд, аз ҳоҷатхонаҳои умумӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра баробар бо дигарон истифода баранд. Паёми филми ман ин аст, ки барои чунин афрод низ шароит фароҳам оварда шавад, то тавонанд мустақилона зиндагӣ кунанд”, – гуфтЭмомалӣ.  

Филм дар тамоми платформаҳо (сомона, шабакаҳои иҷтимоӣ)-и гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” нашр ва наздики 100 000 бор дида шуд. Эмомалӣ мегӯяд, бештари шарҳҳое, ки дар зери филм навишта шудаанд, нисбати Ҷамшед ҳарфҳои нек руҳбаландкунанда ҳастанд. Ҷамшед мегӯяд, иштирок ва қисса кардани саргузашташ дар ин филм як қисми муборизае аст, ки дар зиндагӣ мебарад.  

Ман тамрин кардану варзишро хеле дӯст медорам, саҳнаҳои нишон додани ин кор дар филм бароям мушкил набуд. Аммо аз ҷиҳати сухангӯйӣ хеле азоб мекашам. Аммо кӯшиш кардам, ки дар филм ҳар чизеро ки мехостам гуфтан, нақл кардам. Зеро ман аз аввал мубориза бурдам. Агар мубориза намебурдам, имрӯз ман шикаста ва рӯҳафтода мебудам.”- гуфт Ҷамшед.

Инчунин ёдрас шуд, ки аз ҳама фурсати хотирмон барояш аз наворгирии филм ин бозии теннис бо як хориҷие буд, ки дар Қасри тенниси пойтахт рӯбарӯ шуданд. Он вақт худро хеле хушбахт эҳсос кард ва дарк кард, ки дар роҳи дуруст аст. Эмомалӣ Сайидзод, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи ин филм мегӯяд, ки мавзуъи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта барояш мубрам хоҳад монд. Ҳамзамон дар нақша дорад, ин мавзуъро пайгирӣ карда ва дар оянда ҳам аз ҳуқуқи шахсони маъюбиятдошта ҳифз бикунад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *