Internews дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Дастгирии инъикос ва таблиғи озодии динӣ” (SCARF) сармуҳаррирон ва намояндагони расонаии Қазоқистон ва Тоҷикистонро рӯзи 16 июн соати 18:00 бо вақти Остона ва 17:00 бо вақти Душанбе ба вебинар даъват мекунад, ки дар он Уолтер В. Робинсон, рӯзноманигори таҳқиқотчӣ, муҳаррир доир ба корҳои махсуси The Boston Globe, барандаи Ҷоизаи Пулитсер барои хизмат ба ҷомеа иштирок мекунад. Таҳқиқоти гурӯҳи ӯ дар мавриди таҷовузи ҷинсии кӯдакон дар калисои католикӣ замина барои филмбардории барандаи ҷоизаи Оскар «Дар маркази таваҷҷуҳ» (Spotlight) гардида буд.
Кӣ метавонад дар вебинар иштирок кунад?
Иштироккунандагони лоиҳаи SCARF ба вебинар дастрасӣ хоҳанд дошт. Илова бар ин, ҳама метавонанд онро бубинанд. Барои ин, шумо бояд ба пахши онлайн дар саҳифаи Internews дар Фейсбук пайваст шавед, ё агар мехоҳед, ки дар муҳокима иштирок кунед, бо истифода аз ин линк сабти ном кунед.
Формати вебинар
Уолтер В. Робинсон ҷаласаеро баргузор мекунад, ки дар он аз таҷрибаи шахсии худ, достони машҳури таҳқиқотии гурӯҳи худ ва маслиҳатҳо дар бораи бозтоби масъалаҳои ҳассос ва кор дар жанри таҳқиқоти журналистика суҳбат мекунад. Бахши пурсиш аз тарафи ширкаткунандагон ҳам дар назар гирифта шудааст. Модератор – Заррина Аҳмадова, рӯзноманигор, роҳбари лоиҳаи SCARF хоҳад буд. Ба иштироккунандагон тарҷумаи синхронӣ аз забони англисӣ ба русӣ дода мешавад.
Уолтер В. Робинсон
Муҳаррир доир ба корҳои махсуси The Boston Globe аст, ки аз соли 1972 инҷониб матлабҳои ӯ дар бораи рӯйдодҳои маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ дар саҳифаи аввал қарор дорад. Дар The Boston Globe Робинсон гурӯҳи рӯзноманигорон-таҳқиқотгарон таҳти номи «Spotlight»-ро роҳбарӣ мекард, ки дар соли 2003 ҷоизаи Пулитсерро ба даст овардаанд. Ҷоиза барои хизмат ба ҷомеа аз ҷониби гурӯҳ барои таҳқиқи пурсарусадо дар бораи таҷовузи ҷинсии кӯдакон аз ҷониби рӯҳониёни католикӣ гирифта шуд. Дар натиҷаи ин таҳқиқот, кардинал Бернард Фрэнсис Лоу аз мақоми архиепископи Бостон истеъфо дод. Таҳқиқоти бунёдкоронаи гурӯҳи Spotlight ҷиноятҳоеро фош кард, ки дар тӯли солҳо аз ҷониби калисо пӯшонида шуда буданд. Танҳо дар шаҳри Бостон қариб 250 нафар рӯҳонӣ дар ҷиноят гунаҳкор дониста шуданд. Пас аз 20 сол, кори гурӯҳ ба таҳқиқоти шабеҳ дар саросари ҷаҳон илҳом мебахшад. Таҳқиқоти гурӯҳи “Spotlight” замина барои филми барандаи ҷоизаи Оскар дар соли 2015 гардид, ки дар он Майкл Китон нақши Робинсонро иҷро мекунад. Филм ҷоизаи «Оскар» дар бахшҳои «беҳтарин филм» ва «беҳтарин сенарияи аслӣ»-ро соҳиб шуд.
Аз соли 2007, Робинсон профессори хизматнишондодаи рӯзноманигории Донишгоҳи шимолу шарқии Бостон ва профессори таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ дар Мактаби рӯзноманигории Уолтер Кронкайт дар Донишгоҳи давлатии Аризона мебошад.
Дар миёнаҳои солҳои 1970, Робинсон рӯзноманигори Кохи Сафед дар давраи раёсати ҷумҳурии Рейган ва давраи аввали маъмурияти Буш буд, дар бораи интихоботи президентии соли 1984 навишт ва хабарнигори пешбари рӯзнома дар интихоботи президентии солҳои 1988 ва 1992 буд. Соли 2000 дар мавриди номзадҳои он солҳо таҳқиқот гузаронид.
Дар солҳои 1990 ва 1991, Робинсон дар давраи ҷанги аввал дар Халиҷи Форс ба ҳайси мудири дафтари Ховари Миёнаи рӯзнома кор кардааст. Дар соли 1992, Робинсон муҳаррири ахбори шаҳрии Boston Globe шуд ва се соли дигар муҳаррири бахше буд, ки ахбори анҷуманҳои маҳаллӣ ва ширкатҳоро бозтоб медод. Дар охири солҳои 1990-ум Уолтер Робинсон бештари вақти худро дар сафарҳо гузаронида, дар бораи осори ҳунарие, ки солҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз тарафи фашистҳо ғорат шуда буданд ва дар осорхонаҳои Амрико боқӣ мондаанд, менависад; инчунин, ба қалами вай таҳқиқот дар бораи тиҷорати ғайриқонунии байналмиллалии осори бостонии ғоратшуда тааллуқ дорад. Барои ин кор, Институти археологии Амрико ба Робинсон аввалин ҷоизаи хидматҳои барҷаста ба ҷомеаро тақдим кард.
Ҳамчун профессори рӯзноманигории Донишгоҳи рӯзноманигории шимолу шарқӣ, Робинсон бо донишҷӯён-пажӯҳишгарони худ барои The Boston Globe 26 мақолаи таҳқиқотӣ навишт. Дар мактаби Кронкайт, шогирдони ӯ танҳо дар чор сол 13 таҳқиқ анҷом доданд.
Қабл аз кор дар Boston Globe, Уолтер Робинсон чаҳор сол дар артиши ИМА, аз ҷумла як сол дар Ветнам ба ҳайси афсари иктишофӣ дар дивизияи 1-уми саворанизом хидмат кардааст.
Робинсон соли 1974 Донишгоҳи шимолу шарқиро хатм кардааст. Ба ӯ дараҷаҳои фахрии Коллеҷи шимолу шарқӣ ва Коллеҷи Эмерсон дода шудааст. Вай дар Донишгоҳи Стэнфорд корманди бахши рӯзноманигорӣ буд ва чаҳор маротиба дар ҳайати доварони Ҷоизаи Пулитсер кор кардааст. Робинсон дар соли 2002 китоби «Хиёнат: Буҳрон дар калисои католикӣ»-ро навиштааст.
Чӣ тавр ба вебинар рафтан мумкин аст?
Барои иштирок, шумо бояд аввал сабти ном кунед. Линки пайвастшавӣ ба вебинар дар ZOOM ба иштироккунандагони сабтиномшуда тавассути почтаи электронӣ ба таври худкор фиристода мешавад.
Дар бораи лоиҳа
Лоиҳаи SCARF ба эҷоди иқтидори маҳаллӣ барои тавлиди муҳтавои баландсифат тавассути дастгирӣ ва омӯзиши коршиносони расонаӣ нигаронида шудааст.Дар доираи лоиҳа ҳавзаи тренерон омода карда шуд. Контент-мейкерҳо, рӯзноманигорон ва муҳаррирон барои инъикоси мавзӯъҳои ҳассос оид ба масъалаҳои марбут ба озодиҳои динӣ омӯзонида мешаванд. Лоиҳа ҳамкории мутақобила бо намояндагони иттиҳодияҳои динӣ ва коршиносонеро пешбинӣ мекунад, ки ба расонаҳо дар эҷоди муҳтавои фарогир ва фаҳмидани масъалаҳои ҳассос дар ин мавзӯъ кумак мекунанд.
Бақайдгирӣ то оғози вебинар боз аст.
Агар шумо саволҳои иловагӣ дошта бошед, метавонед ба нишонии zakhmatova@internews.org ё nkovalyova@internews.org нома нависед.