Як шаҳри зебои бостониеро тасаввур кунед, ки ба харобазор табдил шуда истодааст. Палмираи бомбабороншуда ва дар он як дӯкони сайёҳии осебнадидаро, ки дар он ду кӯдак паноҳ ёфтаанд, тасаввур намоед. Барои Алла ва Алексей Румянтсев ин саҳна ба офаридаи воқеии — «Кулчаҳо» табдил шуд — муаллифон филми тасвирии зидди ҷангро ба навор гирифтанд, ки боис мешавад сарнавишти кӯдакони қурбонии ҷанггардидаро эҳсос кунед. Сарфи назар аз он, ки тасвир ҳамагӣ чанд дақиқа тӯл мекашад, рамзҳои зиёде дар он пинҳон шудааст, ки бинанда мумкин аст дарҳол муттаваҷеҳи он нагардад.
Оё хароб кардан душвор аст?
Барои Алексей Румянтсев ин аввалин асар дар мавзуъҳои иҷтимоӣ нест. Соли 2022 ӯ филми тасвирии «Даф»-ро дар бораи масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба навор гирифт. Дар ҳамон сол, 24 феврал, воқеае рух дод, ки бар дарки ӯ аз ҷаҳон таъсири калон расонд, Алексей фаҳмид, ки ҷанг метавонад дар ҳар нуқтаи ҷаҳон, дар ҳар сония рух диҳад ва симои бедифоӣ дар пеши ҷанг, албатта, кӯдаконанд.
“Дар пеши назари ман ҳама чиз ба ҳам печида буд, ман мехостам нишон диҳам, ки кӯшиши волидон барои иштирок дар ҷанг ба чӣ оварда мерасонад ва нишон диҳам, ки одамон баъзан ба хубӣ дарк намекунанд, ки ҳангоми талош барои ширкат дар ҷанг ба чӣ дучор мешаванд”, – мегӯяд Румянцев.
Алексей, ки аз тарафдорони намодгароӣ (символизм) буд, тасмим гирифт, ки аз аниматсия истифода барад ва бештар бо забони тасвирҳо ривоят кунад. Худи номи фильми «Кулчаҳо» рамзи кӯдаконест, ки пеш аз калон шудан дар оташи ҷанг мепазанд.
Дар Палмира, ҷое, ки сюжети достон дар он мегузарад, фарҳангҳои зиёде ба ҳам рӯбарӯ мегарданд ва ба ҳамин далел бинанда дар он ҷо нақшҳоеро мебинад, ки ба фарҳанги эронӣ, ки наздиктарин ба фарҳанги Тоҷикистон аст, иртибот доранд. Дар филми аниматсионӣ дар ин шаҳр ба ҷуз кӯдакон одамони дигар низ зиндагӣ мекунанд. Ҳаёти онҳо зудгузар аст, дар як ришта аст, аз ин рӯ онҳо аниматсионӣ не, балки кашида шудаанд.
“Кофӣ аст тарафи онҳо пуф кунед ё бо лостик онҳоро пок кунед. Биноҳо метавонанд боқӣ бимонанд, аммо рӯҳро метавон бо як клик аз вуҷуди одам берун зад ва он метавонад дар ҳар сония мунҳал шавад”, – мегӯяд Алексей.
Муаллиф ва филмноманависи “Кулчаҳо” Алла Румянтсева ба хотир меорад, ки мушкилтарин кор, ҷамъоварии дастии манзараҳои шаҳри вайроншуда буд:
“Маълум мешавад, ки ҳатто бо дастони худ як хонаи миниатюрӣ сохтан сипас онро қасдан вайрон кардан, сӯзондан, таркондан кори осон нест ва вақте ки шумо дар хабарҳо тамошо мекунед, ки чӣ гуна шаҳрҳои воқеиро бомбаборон ва хароб мекунанд, шумо хеле мутаассир мешавед. Худро дар ҷойи сокинон тасаввур мекунӣ ва миқёси пурраи фоҷиаро пай мебарӣ”.
Вохӯрӣ дар аэропорт
Дар пасманзари шахри вайрона, ҳамчун рамзи олами нозук, ки метавонад дар як лаҳза фурӯ равад, киоски сайёҳӣ бо шишаҳои ранга медурахшад. Алла Румянцева мегӯяд, ки ин тасвир аз як вохӯрии тасодуфӣ дар фурудгоҳ илҳом гирифта шудааст.
«Дар ҷараёни кор ман чандин бор ибораи як сокини Палмираро, ки солҳо пеш дар фурудгоҳ вохӯрдам, ба ёд овардам. Ман аз ӯ пурсидам, ки аҳли куҷо ҳаст. — Ман аз Палмира, зеботарин шаҳри рӯи замин, — бо ифтихор чавоб дод ӯ. Пас аз чанд сол фаҳмидам, ки ин гавҳари мероси фарҳангӣ аз дасти ҷангиёни ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ, ред.) амалан нобуд карда шудааст. Тасвири дӯкони сайёҳии “Хуш омадед ба Палмира” эҳтимол аз он мулоқот бо пири суриягӣ, ки зодгоҳаш аз ҷониби террористон валангор шуда буд, илҳом гирифта шудааст”, ба ёд меорад Алла.
Муаллифи филм рамзе аз умед барои нигоҳдории ин ҷаҳонро ба тамошобинон дод – номаҳое, ки писарбача барои хоҳараш аз пеши худ менавишт. Дар ин мактубҳо ӯ боварии ӯро ба он, ки ҳама чизи бад ба зудӣ мегузарад, дастгирӣ мекард. Ӯ ба хоҳараш дар бораи хонаашон, ки дар он ҷо модаркалони азизашон мунтазири онҳост ва барояшон кулчаи гарми хушбӯй мепазад, хотиррасон карда, вайро мутмаин месохт, ки ҳама чиз хуб хоҳад буд.
Поёни филм аз муаллиф
Продюсерҳои мустақили тоҷик дар мавзуъҳои иҷтимоӣ аксаран як поёни фоҷиавӣ ва ноумедкунанда боқӣ мегузоранд, аммо дар “Кулчаҳо” бошад кӯдаконро ба хона ба назди бибиашон бармегардонанд. Ин бозтоби сиёсати умедбахши ҳукумат аст – зану фарзандони ҷангҷӯёни ДОИШ (дар Тоҷикистон мамнуъ, ред.) давра ба давра ба Тоҷикистон баргардонида мешаванд. Дар баробари ин, ибтидоан фарҷоми филм ба таври дигар ва бештар истиорӣ тасаввур мешуд.
«Кӯдакон ба дидори дипломати тоҷикистонӣ, ки барои бурдани онҳо омада буданд, нарасиданд. Вақте ки дипломат ба киоск меояд, онҳо аллакай дар он ҷо набуданд. Дар ин вақт онҳо дар роҳи бомбабороншуда, байни издиҳоми гурезаҳо саргардону парешон, ба дасти тақдир супорида шуда ва ба ихтиёри худ гузошта шуда, мерафтанд”, – гуфт Алла дар бораи анҷоми алтернативии филм.
Филми тасвирии “Кулчаҳо”-ро Алла Румянтсева ва Алексей Румянтсев дар тӯли 5 моҳ бо дастгирии Интернюс дар Тоҷикистон офаридаанд. Ин филм ба зудӣ дар интернет барои тамошобинони васеъ нашр хоҳад шуд.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.