Иштибоҳҳои асосии видеосозони тоҷикро дар як тренинг дар Душанбе баррасӣ карданд

Сужаҳои видеоии бе қаҳрамони асосӣ ва бе синхрон, набуди сохтори видео ва нуқсонҳои дағали дигарро бисёре аз истеҳсолкунандагони видео дар Тоҷикистон дар кори худ роҳ медиҳанд. Дар бораи он ки чи гуна аз ин нуқсонҳо пешгирӣ кард ва видеои босифат чи гуна бояд бошад – дар ҷараёни давраи омӯзишии махсус барои рӯзноманигорони тоҷик Фирӯз Умарзода, роҳбари бахши видеои гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” нақл кард.

Муҳаррирони тоҷик эътироф мекунанд, ки муаллифони ҷавон ҳоло дар қиёс ба навиштани матн таҳияи муҳтавои видеоиро хуш доранд, аммо муҳтавои босифат дар ин формат ҳам чандон зиёд нест. Фирӯз Умарзода, ки солҳои зиёде роҳбари бахши видеои гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аст, мегӯяд, ҳатто маъруфтарин истеҳсолкунандагон дар Тоҷикистон ба иштибоҳҳои дағал роҳ медиҳанд.

-Барои мисол, гузориши видеоӣ қаҳрамони асосӣ надорад. Яъне, пушти парда садое саргузаштро нақл мекунад, аммо қаҳрамон ва синхрон дар гузориш ҷо дода намешавад. Видео сохтор ва навор пайиҳамӣ надорад. Навор дарҳам-барҳам аст. Мавзуҳо мумкин аст, ҷолиб бошанд, аммо муаллифон қоидаҳоро риоя намекунанд ва аудитория муҳтавои хуб дарёфт намекунад. Аммо, албатта, ин қоидаҳо ба видеоҳое дахл надоранд, ки танҳо барои шабакаҳои иҷтимоӣ сохта мешаванд, – шарҳ медиҳад Фирӯз.

Таҷрибаи касбии худро Фирӯз бо иштирокдорони давраи омӯзишии махсусе ба миён гузошт, ки ба истеҳсоли муҳтавои видеоӣ бахшида шуда буд. Ин давраи омӯзишӣ дар идораи гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” рӯзҳои истироҳати гузашта баргузор шуд. Давраи омӯзишӣ дар доираи тарҳи Rising Stars-и Internews дар Тоҷикистон ташкил шуд, ки ин тарҳ ба омода кардани мураббиҳои маҳаллӣ равона шудааст. Фирӯз ва ҳамкасбони вай – рӯзноманигор Меҳрангез Турсунзода ва пардозгар Манижа Анварӣ се давраи омӯзишии махсусро таҳия кардаанд, ки дар идораҳои расонаҳои мустақили мухталифи Тоҷикистон баргузор мешаванд. Давраи омӯзиши аввал дар идораи расонаи Your.tj доир гардида буд, ки дар он давра тамаркуз ба таҳияи гузоришҳо шуда буд; дар давраи дувум – тамаркуз ба таҳияи муҳтавои видеоӣ буд. Ба илова дар давраи дувум Меҳрангез ва Манижа дар бораи он нақл карданд, ки бо манобеи иттилоъ чи гуна бархурд кард, мавзуҳоро аз чанд зовия дид ва тарҳҳои худро даромаднок кард.

Ҳамаи машғулиятҳо бо забони тоҷикӣ баргузор шуданд.

-Мутаассифона, дар Интернет муҳтавои омӯзишӣ бо забони тоҷикӣ хеле кам аст. Ҳатто бо забони форсӣ чунин муҳтаво кам аст – ман санҷидам. Корбарон асосан дарсҳои таҳияи видеоро бо забони англисӣ ё русӣ мебинанд, аммо барои бисёре аз ҳамкасбони тоҷикзабони мо – ин мушкилии бузург аст, зеро онҳо ин забонҳоро намедонанд. Шояд ба ҳамин сабаб мо муҳтавои босифати видеоӣ камтар дорем, – гуфт Фирӯз Умарзода.

Ҳамаи иштирокдорони давраи омӯзишии мазкур – муаллифони ҷавон – рӯзноманигорон ва блогероне буданд, ки бо таҳияи муҳтавои видеоӣ ошноӣ доштанд, аммо мехостанд, дар ин самт рушд кунанд.

-Давраи омӯзишӣ барои ман хеле муфид буд, ҳарчанд ман бархе аз ин донишҳоро доштам, вале баррасии мавзуъ бо ҳамкасбон, муҳокимаи намунаҳо – хеле муҳим буд. Дар мавриди кор бо видео ҳар чизе ки Фирӯз гуфт, барои ман нав буд. Илова бар ин, бахшҳои амалии кор низ муҳим буданд, мо қариб ду соат дар шаҳр навор бардоштем ва баъди он Фирӯз бо ҳар кадом иштирокчӣ кори ӯро алоҳида баррасӣ кард, иштибоҳҳоро нишон дод ва шарҳ дод, ки барои беҳсозии кор чӣ бояд кард, – гуфт Меҳрангез Султонзода, рӯзноманигор, иштирокчии давраи омӯзиш.

Вай бо ин нукта розӣ аст, ки муҳтавои омӯзишӣ барои расонанигорон бо забони тоҷикӣ кам аст.

-Барои мисол, ман ҳамкасбони ҷавон, ҳамдарсҳо аз факултаи журналистика дорам, ки забони русиро хуб намедонанд ва барои онҳо давраҳои омӯзишӣ бо забони тоҷикӣ муҳиманд, – илова кард Меҳрангез.

Баъди анҷоми давраи омӯзишӣ Фирӯз барои иштирокдорони он мураббӣ хоҳад буд. Вай омода аст, баррасӣ ва таҳлили муҳтавои эҷодкардаи иштирокдоронро идома диҳад. Иштирокдорон барои сужаҳои ояндаи худ мавзуъ гирифтаанд. Ҳамаи муҳтавои эҷодкардаашонро иштирокдорон дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ё идораи расонаҳое нашр хоҳанд кард, ки онҷо кор мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи давраи омӯзишии аввал иштирокдорон шаш гузориш таҳия кардаанд (1,2,3,4,5,6).

Давраи омӯзишии баъдӣ дар моҳи августи соли 2024 дар назар аст. Акнун мураббиҳо нақша доранд, бо рӯзноманигорон аз расонаҳои минтақаӣ мулоқот кунанд.

Давраи омӯзишии мазкур бо кумаки мардуми Амрико роҳандозӣ шудааст, ки он аз тариқи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад. Мазмун ва мундариҷаи ин мавод маҳсули Internews буда, метавонад бо нуқтаи назари USAID ва Ҳукумати ИМА мувофиқат накунад.

USAID бузургтарин ташкилоти байналмилалӣ ва омили пешбарандаи натиҷаҳои рушд мебошад. Барои маълумоти бештар сомонаи USAID Тоҷикистон ва саҳифаи Facebook мутолиа намоед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *