Интернюс дар Тоҷикистон рӯзноманигоронро барои ширкат дар омӯзиши журналистикаи ҳассос ба низоъ даъват мекунад

Интернюс дар Тоҷикистон барои иштирок дар омӯзиши дурӯза доир ба инъикоси низоъ ва бӯҳрон барои хабарнигорон озмун эълон мекунад.

Аз октябри соли 2022 Интернюс як лоиҳаи минтақавиро дар Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ мекунад, ки ҳадаф аз он таҳкими тавонмандии ВАО, расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои беҳбуди муштараки инъикоси муноқишаҳои марзӣ мебошад.

Мавзӯи омӯзишии Интернюс “Инъикоси ҳассос ба муноқишаҳо ва бӯҳронҳо” мебошад.

Барномаи омӯзишӣ мавзуъҳои зеринро дар бар мегирад:

• асосҳои иттилоърасонии ҳассос ба низоъ;

• хусусиятҳои кори журналистон дар шароити низоъ;

• масъалаҳои таъмини амнияти ҷисмонӣ, расонидани ёрии аввал дар ҳолатҳои фавқулодда;

• масъалаҳои ҳифзи рӯзноманигорон ва намояндагони ВАО аз хатарҳои ҳуқуқӣ ҳангоми инъикоси муноқишаҳо ва бӯҳронҳо;

• кор бо манбаъҳои иттилоот;

• нақши созандаи журналистика дар инъикоси низоъҳо ва бӯҳронҳо.

Омӯзиш барои рӯзноманигорон дар Душанбе рӯзҳои 17–18 майи соли 2023 баргузор мегардад.

Ҷойи зист ва хӯроки иштирокчиён аз минтақаҳо аз ҷониби созмондиҳандагон пардохт карда мешавад. Иштирок дар тренинг 2 рӯзро дар бар мегирад. Тренерҳо коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ мебошанд. 

Ариза барои ширкат дар тренинг бояд то соати 23:00 (Душанбе) 7 майи соли 2023 пур карда шавад.

ТАМДИД ШУД: барои ширкат дар тренинг бояд то соати 23:00 (Ҷумъа) 12 майи соли 2023 пур карда шавад.

Барои хамаи саволхои иловагӣ ба суроғаи зер мурочиат намоед: Ясмина Насимова, ёрдамчии лоиха, ynasimova@internews.org, тел.: +(992) 501898901

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *