Ба таваҷҷуҳи шумо мерасонем, ки қабули довталабон ба давраи омӯзишӣ доир ба далелсанҷӣ (фактчекинг) ( сатҳи пешрафта/касбӣ) ва мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз 30 сентябр то 1 октябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, оғоз шуд.
Барои иштирок шахсони зерин даъват карда мешаванд:
– рӯзноманигорон;
– блогерҳо ;
– корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ҳадафи тренинг:
Ҳадафи умумии давраҳои омӯзишии ба нақшагирифташуда мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва огоҳии иштироккунандагони омӯзиш дар бораи малакаҳои санҷиши далелу хабарҳо, муайян кардани троллҳо ва фейкҳо бо мақсади кам кардани оқибатҳои манфии иттилооти бардурӯғ дар бораи низоъҳо ва буҳронҳо ва таъмини ҳалли минбаъдаи мушкилоти воқеӣ мебошад.
Дар рафти давраи омӯзишӣ иштироккунандагон дар самтҳои зерин малака ба даст меоранд:
– Истифодаи абзорҳо ва захираҳо барои санҷиши амиқтари далелҳо.
– Истифодаи методҳо барои ошкор кардани фейкҳо ва троллҳо.
– Таҳлили ҷараёни додаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва муайян кардани амалҳои шубҳанок.
Тренерҳо:
Гегам Варданян – рӯзноманигор, мутахассиси фактчекинги Маркази ташаббусҳои расонаӣ (Арманистон),
Рустам Гулов – коршиноси саводи расонаӣ, муассиси аввалин блог-платформаи Blogiston ва аввалин фактчек -платформа дар Тоҷикистон “Factcheck.tj” мебошад.
Барои иштирок дар давраи омӯзишӣ, шумо бояд бо пур кардани варақаи овардашуда дархост диҳед. Аризаҳоро то соати 18:00 -и 18 сентябри соли 2023 қабул мекунем. Аризаҳое, ки пас аз муҳлати нишондодашуда пешниҳод мегарданд, баррасӣ карда намешаванд.