Internews озмуни грантӣ барои баргузории маъракаи иттилооттии саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ эълон мекунад

Дар доираи лоиҳаи CARAVAN эҷодкортарин, навовартарин ва ҷазобтарин лоиҳа барои беҳбуди саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон дастгирӣ меёбад.  

Маъракаи иттилоотии саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ бояд ба мухотабон барои беҳтар дарк кардани хабарҳо, фарқ кардани далелҳои айнӣ аз ғаразнок, таҳлили мусбатро аз манфӣ ва фварқ кардани гузориши айнӣ ва таблиғотӣ кумак расонад. Маъракаи иттилоотӣ мазкур инчунин барои фаҳмидани он ки ахбори бардурӯғ чӣ гуна кор мекунад ва таълим медиҳад, ки хабарҳои қалбакӣ, далелҳои бардурӯғ ва иттилоъи нодурустро дарк кунанд. Он ба шумо омӯзиш медиҳад, ки саволҳои дуруст диҳед, далелҳои эҳсосиро аз воқеъиятҳо фарқ кунед ва иттилоотро ба таври айнӣ арзёбӣ кунед.

Довталабон бояд ҳамкории минтақавиро баррасӣ кунанд ва омода бошанд, ки ба дархостҳо дар асоси тавсияҳои ҳакамон ва коршиносон дар доираи буҷаи пешниҳодшуда тағйирот ворид кунанд. Лоиҳаҳои ғолибони озмун дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тавассути фаъолиятҳои минтақавии онлайн ё офлайн муттаҳид мешаванд – на бештар аз се чорабинии муттаҳидкунанда дар тамоми давраи иҷрои лоиҳа таҳти як ҳувият (айдентика).

CARAVAN чист?

Аз 1 уми апрели соли 2024 дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи минтақавии «Боло бурдани устувории аудитория тавассути саргузаштҳои боэътимод» (CARAVAN), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, оғоз ёфт. Он ба фароҳам овардани фазои иттилоотӣ ба тамюли иттилоотии беруна тобовартар, маълумоти бардурӯғ ва суханони танафуромез нигаронида шудааст.  

Лоиҳа ба се натиҷа равона шудааст:

  1. Беҳтар кардани сифат ва ҳаҷми муҳтаво ҳамчун муқовимати назаррас ба тақаллуби иттилоотӣ, иттилооти нодуруст ва суханони нафрат дар Осиёи Марказӣ.
  2.  Мусоидат ба рушди фазои расонаҳои миллӣ, ки дар он мухотабон ба мудохилаи беруна ва иттилои нодуруст муқовимат мекунанд.
  3. Тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ байни расона дар кишварҳои Осиёи марказӣ ва берун аз он.

Ҳадаф ва вазифаҳои маъракаи иттилоотӣ: 

Мо интизор дорем дархостҳоеро дарёфт кунем, ки тавассути шаклҳо\форматҳои мухталиф тавонанд:

  • Баланд бардоштани маҳорати тафаккури рақамӣ ва интиқодӣ дар байни аҳолӣ, аз ҷумла, қобилияти муайян кардани хабарҳои қалбакӣ, иттилооти нодуруст, тарғиб, забони нафрат ва хашм дар шабакаҳо; 
  • Кумак ба сокинони маҳаллӣ дар эътироф кардани дасткориҳо ва хабарҳои қалбакӣ, васеъ кардани дидгоҳи худ, баҳо додан ба эътимоднокии муҳтаво ва баҳодиҳии интиқодӣ ба иттилооти воридшуда.
  • Ба мухотабон таҳлили аниқ ва дастрасии сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ, дар бораи эътимоднокӣ ва қобилияти дарки онҳо маълумот додан.

Кӣ метавонад дархост ирсол намояд?

Дархостро метавонанд шахсони ҳуқуқӣ, ки дар кишвар – расона, созмони ҷомеаи шаҳрвандӣ, театрӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, инфлюенсерҳо, расонаҳои нав ва ҳамчунин дигар созмонҳои ғайридавлатӣ, ки таҷрибаи баргузории ҷаласаҳои иттилоотиро доранд, ирсол намоянд.

Ҳама гуна ҳамкорӣ, ки лоиҳаро тақвият мебахшад, истиқбол карда мешавад. Дар ин ҳолат, дархост аз як ташкилот ирсол мешавад, ки баъдан аз шарикони дигар мактуби дастгирӣ пешниҳод мекунад.

Буҷа ва муҳлати амалисозӣ: 

Доварони мустақил як дархости ба меъёрҳои лоиҳа ҷавобгӯро бо буҷаи умумӣ то 25 ҳазор евро интихоб мекунанд. Муҳлати амалигардонӣ — 8 моҳ бо оғози эҳтимолии лоиҳа аз1 октябр.

Грант барои баргузории маъракаи иттилоотӣ метавонад хароҷоти баргузории чорабинии банақшагирифтаи дар доираи лоиҳа, музди меҳнат, истеҳсоли маводи расонаӣ, хароҷоти амалиётии марбут ба эҷоди муҳтаво, таҷҳизот, хароҷоти сафарҳои корӣ ва дигар хароҷоти амалигардонии лоиҳаро пӯшиш диҳад. 

Дархост нақшаи муфассали эҷод ва пахши муҳтаво ва баргузории чорабиниҳоро бо нишон додани вақт ва шабакаҳои пешбарии муҳтаворо бояд дар бар гирад.

Забони маъракаи иттилоотӣ

Баргузории чорабиниҳои онлайн ва офлайн, инчунин эҷоди муҳтаво ба забони давлатӣ дар ин озмуни афзалият дорад. Мутобиқсозии муҳтаво ба дигар забонҳо истиқбол гирифта мешавад.

Бархе қисмҳои маъракаи иттилоотӣ махсусан ба ақаллиятҳои забонӣ ва гуруҳҳои осебпазир, тавассути эҷоди муҳтаво ба забонҳои маҳаллӣ ва ё мутобиқсозӣ ба забони имову ишора барои ҷомеаи ношунавоён нигаронида шавад.

Меъёрҳои интихоб: 

  • Нотакрорӣ, аслӣ ва навоварӣ будани идеяи корзори иттилоот; тамаркуз ба ҷалби шунавандагон, инчунин мавҷудияти рӯйдодҳои офлайн ва онлайн бартарӣ хоҳад дошт.
  • Омодагӣ барои амалӣ намудани то се чорабинии муттаҳидкунанда таҳти як ҳувият  бо шарикони аз дигар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар тӯли тамоми давраи татбиқи лоиҳа.
  • Мутобиқати мавзуъҳои дархостии озмун.
  • Дастрасӣ ба доираи васеи мухотабон, таъмини фарогирии ҳадди аксари мухотабон дар доираи муҳтавои эҷодшуда ва фаъолияти онлайн\офлайн.
  • Тасдиқи таҷрибаи баргузории маъракаи иттилоотии.
  • Мавҷудияти пойгоҳи техникии лозимӣ барои амалигардонии лоиҳа.
  • Уҳдадории риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқии журналистикаи босифат.
  • Мавҷудияти бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ.

Бартарӣ ба он дастаҳое дода мешавад, ки:

  • Беҳамтоӣ, асолат ва навоварии идеяи маъракаи иттилоотиро нишон медиҳанд.
  • Омода аст бо шарикон аз дигар кишварҳо кор кунад.
  • Доштани таҷриба дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба муқовимат бо иттилои нодуруст бартарӣ хоҳад дошт.
  • Омода аст тариқи вебинар, тренинг ва менторӣ омӯзиш гирад ва донишҳои гирифтаашро дар амал татбиқ намояд.
  • Шабакаҳо ё форматҳои гуногуни паҳнкунии иттилоотро пешниҳод кунад.
  • Оммавӣ кардани муҳтаво бо забонҳои маҳаллӣ.
  • Омодаанд аз шарикони эълоншуда тамоми мактубҳои дастгириро пешниҳод кунанд.

Чӣ тавр иштирок кард?

Барои иштирок дар озмун шумо бояд дархостеро пешниҳод кунед, ки аз шакли дархост ва буҷа иборат бошад. Дархостҳои пуршуда бояд тавассути почтаи электронии TJ-Info@internews.org на дертар аз 1 сентябри соли 2024 то соати 23:59 ба вақти Душанбе бо ишора шудани мавзуъи мактуб: “CARAVAN. Дархост барои иштирок дар озмуни корзори иттилоотӣ” ирсол шаванд.

Internews танҳо дархостҳои пуррашударо баррасӣ мекунад. Лоиҳаҳое, ки як ё якчанд ҳуҷҷатҳои заруриро надоранд, ба таври худкор аз озмун хориҷ мешаванд.

Марҳилаҳои озмун:

Марҳилаи аввал: интихоби фаннии дархости лоиҳавӣ (мавҷуд будани бастаи пурраи ҳуҷҷатҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯ).

Марҳилаи дуюм: интихоби дархости лоиҳавӣ, ки бештар ба ҳадафи озмун ҷавобгӯ мебошад (листинги кӯтоҳ).

Марҳилаи сеюм: Питчинг. Даври ниҳоии дастаҳои лоиҳавӣ (ғолибон), ки аз марҳилаи дуюми интихобӣ бо муаррифии ғояи лоиҳа гузаштаанд.

Марҳилаи чорум: Эълони дастаҳои ғолиб аз рӯи натиҷаҳои ниҳоӣ. Доварони озмун ғолибон ва захираҳоро мушаххас хоҳад кард.

Дастгирии довталаб

Internews барои довталабони эҳтимолӣ 16 август соати 14:00 ба вақти Душанбе дар  Zoom ҷаласаи иттилоотӣ баргузор мекунад. Барои ин шуморо зарур аст, ки бо ин линк бақайдгирии ҳатмиро гузаред  Internews инчунин омода аст ба ғолибон барои ниҳоӣ кардани дархост\буҷа, гузаронидани тренинги тахасусӣ ё вохӯриҳои коршиносӣ машварат диҳад. Дархост барои машварати ҳирфаӣ бояд бо амалишавии бомуваффақияти лоиҳа асоснок карда шавад.

Саволҳои иловагӣ доред?

Бо мо тамос гиред! Мо ба саволҳои шумо тариқи почтаи электронии TJ-Info@internews.org посух медиҳем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *