Муаллифони мустақилро аз Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон даъват мекунем, дар MediaLab-и серӯзае иштирок кунанд, ки ибтидои моҳи июни соли 2024 дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар анҷоми “Лаборатория” як ё ду тими беҳтарин барои амалисозии тарҳи расонаии байнидавлатии худ, ки аз 6 то 9 моҳ идома меёбад, аз $20 то $40 ҳазор доллар грант дарёфт хоҳанд кард. Ин тарҳҳо ба рушди ҳамкории байни муаллифони минтақаии мустақиле мусоидат мекунанд, ки дар бораи ҳодисаҳо ва падидаҳои муҳити худ муҳтавои босифат эҷод кунанд. Ҳамчунин ин муҳтаво дар бораи гуруҳҳои осебпазири одамоне нақл хоҳанд кард, ки гирифтори табъйиз ҳастанд.
Чӣ гуна метавон дар MediaLab иштирок кард?
Мо танҳо дархостҳои тимҳои муштараки байнидавлатиро қабул мекунем! Муаллифон аз се кишвар – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистон мустақилона тими худро ташкил медиҳанд (метавон аз Қирғизистон ҳам мутахассис ҷалб кард), барои тарҳи ояндаи худ идея эҷод мекунанд ва метавонанд барои иштирок дар MediaLab дархост фиристанд.
Тимҳо бояд аз панҷ нафар иборат бошанд, дар ҳар тиме бояд ҳадди ақал ду кишвар намояндагӣ кунад. Мутаваҷҷеҳ бошед, ки дар ҳайати тим бояд намояндаи расонаи сабтиномшудае шомил бошад ва дар сурате, ки агар тим соҳиби грант шавад, намояндаи расона нақши роҳбар/сардори тимро бозад ва тарҳро роҳбариву ҳамоҳангӣ кунад. Дар кори амалисозии тарҳ мумкин аст, бештар аз панҷ кас ҷалб шавад, вале ба MediaLab мо танҳо се-чаҳор тимеро даъват мекунем, ки дар ҳайаташон на бештар аз панҷ узви калидӣ шомил мешавад.
Ба маҳзи ин ки шумо гуруҳи эҷодӣ-кории худро ташкил медиҳед ва барои тарҳи байнидавлатии расонаӣ идея пайдо месозед, барои иштирок дар MediaLab метавонед, дархост ирсол кунед.
Муҳлати ниҳоии ирсоли дархостҳо – 19 апрели соли 2024
Пеш аз пур кардани дархост мо тавсия медиҳем, дар ҷаласаи иттилоотии мо иштирок варзед, ки 29 март дар 14:00 барпо хоҳад шуд (ба он метавонед, аз ин ҷо дархост ирсол кунед). Дар ҷаласаи иттилоотӣ мо дар бораи шартҳои техникии иштирок дар MediaLab маълумот медиҳем, инчунин мавзуҳо ва қолабҳои тарҳҳои ояндаро баррасӣ мекунем. Забони ҷаласа – русӣ хоҳад буд.
MediaLab бо кадом забон баргузор мешавад?
Бо назардошти он ки MediaLab – чорабинии минтақаие аст, ки дар он мураббиёни байналхалқӣ ширкат мекунанд, забони кории чорабинӣ русӣ интихоб шудааст. Аммо муҳтавое, ки муаллифон баъди MediaLab меофаринанд, метавонад, бо забонҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ё русӣ бошад.
Кадом идеяҳоро метавон, ба озмун пешниҳод кард?
Барои рушду такмил додани идеяҳои шумо мо чанд самтро пешниҳод мекунем. Инҳо мавзуҳои эҳтимолие ҳастанд, ки бар пояи масоили муҳим ва чолишҳои иттилоотии минтақаи Осиёи Марказӣ асос ёфтаанд, аммо ба таври бояду шояд дар расонаҳо инъикос намешаванд. Инҳо самтҳои зер метавонанд бошанд:
- Дурӯғпарокании ҷинсиятӣ;
- Таъсири ҳодисаҳои байналхалқӣ ба минтақа;
- Ҷустуҷӯ, дарк ва такмили ҳувияти худ;
- Дурӯғпароканӣ ва сиҳатии аҳолӣ;
- Масоили экологии Осиёи Марказӣ ва тағйирёбии иқлим.
Шумо метавонед, тарҳҳои худро дар ҳар қолабе – таҳқиқоти журналистӣ, лонгриди чандрасонаӣ, гузориши махсус ва ё силсилаи гузоришҳо, дар қолаби додаҳо, филми мустанади кутоҳ, филми аниматсионӣ, силсилаи видео-мусоҳибаҳо ва ғайра пешниҳод кунед. Шумо метавонед, қолабҳои ғайримунтазираеро ҳам пешниҳод кунед, ки худи шумо аз уҳдаи иҷрои он мебароед.
МУҲИМ АСТ! Самтҳои пешниҳодшуда барои тарҳҳои ояндаи расонаӣ эҳтимолӣ ҳастанд, на ҳатмӣ. Бо ин рӯйхати пешниҳодшудаи самтҳо худро маҳдуд насозед ва идеяҳои гуногун пешниҳод кунед. Муҳим ин нукта аст, ки мавзуҳои шумо минтақаӣ, дархӯри рӯз, ҷолиб ва барои аудитория муфид бошанд. Ба илова, ба мавзуҳое таваҷҷуҳ кунед, ки дар бораи онҳо, ба бовари шумо, иттилои эътимоднок кам аст ва ҳам ба мушкилоти гуруҳҳои осебпазире таваҷҷуҳ кунед, ки гирифтори табъийз ҳастанд.
Иштирок дар MediaLab чанд марҳила дорад?
Иштирокдорон чанд марҳиларо мегузаранд:
- Муайянсозии идея ва қолаби тарҳи минтақаии расонаии худ;
- Мустақилона ташкил додани тими байнидавлатӣ, муҳокимаи идея ва таҳияи дизайни тарҳи ояндаи худ;
- Иштирок дар ҷаласаи иттилоотӣ;
- Ирсоли дархост аз номи тим;
- Интихоби техникӣ бар асоси шартҳои озмун;
- Тимҳои интихобшуда дар се тренинги онлайнии коршиносони байналхалқӣ иштирок мекунанд.
Дар поёни тренингҳо тимҳо метавонанд, тарҳҳои худро такмил диҳанд ва дархостҳои коркард ва такмилшударо барои иштирок дар MediaLab ирсол кунанд. Доварони мустақил се-чаҳор тими беҳтаринеро интихоб мекунанд, ки ба Душанбе даъват хоҳанд шуд. Мутаваҷҷеҳ шавед, ки дар MediaLab тимҳо бо тарҳҳои аз ҳар ҷиҳате омодашудаи худ иштирок мекунанд. Дар бораи он ки мо тарҳҳоро дар кадом шакле қабул мекунем – дар ҷараёни ҷаласаи иттилоотии рӯзи 29 март маълумоти бештар дода мешавад.
МУҲИМ АСТ! Баъди ин марҳила ҳайати тимҳо мушаххас мешаванд ва онро тағйир додан ғайриимкон мегардад.
Озмуни грантӣ чӣ гуна баргузор мешавад?
Тимҳое, ки дар MediaLab иштирок мекунанд, давоми се рӯз лоиҳаҳои расонаии худро ҳамроҳ бо коршиносони байналхалқӣ ва маҳаллӣ коркард ва такмил медиҳанд. Баъди анҷоми ин кор ба иштирокдорон барои ворид кардани тағйирот ба тарҳҳои худ муҳлати иловагӣ дода мешавад. Баъди ин тимҳо метавонанд, дархостҳои такмилшудаи худро ба озмуни ниҳоии грантӣ ирсол кунанд. Аъзои ҳакамони мустақил аз ҳисоби коршиносони расонаии се кишвари Осиёи Марказӣ як ё ду лоиҳаи беҳтаринеро интихоб мекунанд, ки маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Барои лоиҳаҳои интихобшуда кумаки менторӣ низ расонида хоҳад шуд.
Ҳамаи тимҳое, ки барои иштирок дар MediaLab дархост ирсол мекунанд, на дертар аз 22 апрели соли 2024 посух дарёфт хоҳанд кард.
MediaLab-и минтақаӣ ҷузъи тарҳи “Дастгирии муҳити созгори иттилоотӣ дар Осиёи Марказӣ (CAIIA)” аст, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ ва аз сӯи Internews амалӣ мешавад.