Internews мудири минтақаӣ меҷӯяд

Internews барои тарҳи минтақаие коргар меҷӯяд, ки ба беҳсозии инъикоси холисона ва ботавозуни рӯйдодҳои муҳим дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла инъикоси низоъҳо ва буҳронро равона шудааст.

Тарҳ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Мудири минтақаии тарҳ тарҳро дар ду кишвар назорат мекунад ва метавонад дар Бишкек ва ё Душанбе қарор гирад.

Мудири минтақаии тарҳ тарҳро дар ду кишвар назорат мекунад, масъули амалисозӣ ва дар умум натиҷаҳои тарҳ аст.

Мудири минтақаии тарҳ ҳимояи моддиву техникии тарҳ ва амалишавии чорабиниҳои тарҳ, вазифаҳо ва натиҷаҳои онро дар ду кишвар назорат мекунад ва инчунин иртиботро дар доираи тарҳ, аз ҷумла бо созмонҳои шарик ва баҳрагирандагони он дар кишваре ба роҳ мемонад, ки онҷо қарор дорад. Мудири минтақаӣ масъули таъмини ҳадафҳоест, ки дар тарҳ зикр шудаанд. Мудири минтақаӣ инчунин масъули таъмини ҳамкорӣ байни тимҳои тарҳ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Масъулиятҳои корӣ

  • Таъмини барномаӣ, маъмурӣ ва мудирияти моддиву техникии ҳамаи чорабиниҳое, ки аз ҷониби тарҳ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ карда мешаванд.
  • Масъулиятҳои дигари эҳтимолӣ метавонанд, аз барқарории робита ва доштани робитаи мудовим бо васоити ахбори оммаи маҳаллӣ, бо муҳаррирон, рӯзноманигорон, блогерон, фаъолони шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ; доштани робита бо баҳрагирандагони тарҳ, суханкунандагони чорабиниҳо, тренерон ва иштирокдорон; ҳамкорӣ бо кормандони тарҳ дар дигар кишвар дар амри баргузории чорабиниҳои муштарак ва сохтану пешбурди муҳтаво ва дигар масъулиятҳо иборат бошанд.
  • Мудирияти иртиботот ва ҳамоҳангсозии тарҳ миёни тимҳои кишварҳо аз Тоҷикистону Қирғизистон.
  • Ҳамоҳангсозии ба кор гирифтани коргарони дигар ва сафарҳои тренерон, мушовирон ва иштирокдорони чорабиниҳо ҳамроҳ бо тими тарҳ. Ҳамчунин кумак дар ташкили сафарҳо ва будубош ва ғайра метавонанд, шомили масъулиятҳо гарданд.
  • Фаъолияти халлоқона бо тими тарҳ ва ширкатдорон/баҳрагирандагон барои коркарди идеяҳо оид ба сохтани муҳтаво, таъмини фаъолиятҳо ва дарбаргирии иштирокдорон дар тарҳ.
  • Рушд ва ҳимояти муносибатҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳо/афроди манфиатдор ба хотири таъмини нақш ва иштироки онҳо дар тарҳ.
  • Ба роҳ мондани мониторинг дар мавриди фаъолият ва натиҷаҳои тарҳ, аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо гирандагони грант, бо кумаки мутахассиси минтақаӣ оид ба мониторинг ва баҳогузорӣ ва дафтари марказии тарҳ.
  • Омода кардани ҳисоботи семоҳа оид ба барнома бо иштироки тим; таҳрири ҳамаи ҳисоботи барномавӣ оид ба тарҳ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон.
  • Дар ҷараёни рӯйдодҳои расонаҳо будан, аз низоъҳо ва мушкилот дар заминаи дурӯғпароканӣ/барангехтани адоват дар минтақа огоҳ будан.
  • Муайян кардан ва хабар додан дар бораи ҳама гуна тағйирот ва ё мушкилоти марбут ба банақшагирии фаъолиятҳо дар доираи тарҳ.
  • Амал кардан дар доираи сиёсати кории Интернюс, содиқ мондан ба рисолат ва арзишҳои асосии созмон.
  • Дар амал татбиқ кардани донишҳо оид ба ҷараёни истеҳсоли муҳтаво, ки аз маҳоратҳои коркарди консепт, ҷанбаҳои техникӣ, нақшаи сенария иборат ҳастанд, инчунин дарки марҳилаҳои истеҳсоли муҳтаво. 

Талабот:

  • Зиёда аз 7 сол таҷрибаи хуби корӣ дар ВАО ва ё тарҳҳои марбут ба расонаҳо;
  • Маълумоти олии марбута;
  • Дарки амиқи вазъият ва мушкилоти ВАО дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла рӯзноманигории низоъ ва ҳассос, инчунин бахши дурӯғпароканӣ ва барангехтани адоват;
  • Маҳорати олии таҳлил ва навиштан;
  • Маҳорати олии ба роҳ мондани иртибот ва баёни фикру ақида;
  • Таҷрибаи омода кардани ҳисобот дар бораи харҷҳо ва буҷа;
  • Омода будан барои омӯзиш ва амалисозии василаҳои бехатари иртиботӣ;
  • Маҳоратҳои таҷрибашудаи созмондиҳӣ бо таваҷҷуҳ кардан ба ҷузъиёт;
  • Донистани забонҳои русӣ, англисӣ ва забонҳои маҳаллӣ (тоҷикӣ ё қирғизӣ) дар сатҳи касбӣ;

Довталабон барои ҳар ду ҷои корӣ метавонанд, то 31 майи соли 2024 дархост ирсол кунанд ва ҳамроҳ бо дархост ҳолнома, ангезаҳои худро барои кор кардан дар ин мақом дар шакли нома ва ду номаи тавсиявӣ фиристанд. Ин ҳуҷҷатҳоро бояд ба суроғаи электронии KG-Jobs@INTERNEWS.ORG фиристанд ва ҳатман мақомеро зикр кунанд, ки барои он дархост ирсол мекунанд. Онҳое, ки ба ҳадди максималӣ посухгӯи талаботи мақомҳо ҳастанд, барои мусоҳиба даъват мешаванд.

Муҳим! Ҳар ду мақом дар доираи тарҳе эълом шудаанд, ки амалишавии он аз тасмими «донор» вобаста аст. Қабул ба кор аз дарёфти маблағгузорӣ ва қабул ба мақоми мудири минтақаӣ аз тасдиқи «донор» вобастагӣ дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *