Муҳим! Мӯҳлати қабули дархостҳо то 25 июл тамдид карда шуд.
Internews дар доираи лоиҳаи SCARF («Дастгирии фарогирӣ ва пешрафти озодиҳои динӣ») барои таҳлили мӯҳтавои бо дастгирии лоиҳа таҳияшуда тендер эълон менамояд.
Муҳлати пешниҳоди дархостҳо – 25 июли соли 2022
Таърихчаи лоиҳа
Моҳи августи соли 2020, Internews лоиҳаи дусолаи «Дастгирии фарогирӣ ва пешрафти озодиҳои динӣ» (SCARF)-ро бо мақсади беҳтар кардани сифат, миқдор ва паҳнкунии гузоришҳои босифат дар бораи озодиҳои динӣ бо мақсади мусоидат ба ҷомеаи бештар демократӣ ва таҳаммулпазир оғоз намуд.
Лоиҳа ду ҳадафи асосӣ дорад:
Ҳадафи 1: Пурзӯр кардани иқтидори маҳаллӣ барои эҷоди мӯҳтавои баландсифат ва ҳассос ба низоъ доир ба масъалаҳои озодии дин.
Ҳадафи 2: Баланд бардоштани иштирок тавассути мӯҳтавои фарогир, ки ба муколамаи оммавӣ доир ба масъалаҳои динӣ мусоидат намуда, фаҳмишу таҳаммулпазириро такмил менамояд.
Пас аз ширкат дар тренингҳо дар доираи лоиҳа доир ба гузоришҳои ҳассос оид ба масъалаҳои марбут ба дин ва озодиҳои динӣ, рӯзноманигорони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои таҳия ва нашри мӯҳтавои босифат дар мавзӯи гуногунии динӣ дастгирӣ ёфтанд.
Мақсади таҳлили мӯҳтаво
Мақсади таҳлили мӯҳтаво арзёбии сифати мӯҳтавои бо дастгирии лоиҳа таҳияшуда аз нуқтаи назари стандартҳои умумии журналистика, бо таваҷҷӯҳ ба принсипҳои журналистикаи ҳассос ба низоъ мебошад.
Мушовир(он)-и интихобшуда методология ва меъёрҳои таҳлили мӯҳтавои Internews-ро истифода хоҳад кард. Мушовир(он) намунаи тасодуфии мӯҳтаворо аз ҳар як шарики SCARF таҳлил мекунад, то ки мӯҳтавоҳои бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва узбекӣ эҷодшударо фаро гиранд. Журналистони SCARF бо дастгирии лоиҳа ҳудуди 195 мавод омода карданд; мушовир(он) бояд тақрибан 70 порчаро таҳлил кунанд, ки 35 фоизи мӯҳтавои таҳиякардаи ҳар як иштирокчӣ мебошад.
Довталабон метавонанд таҳлили мӯҳтаворо бо ҳар се забон ё ҳадди ақал, бо ду забон (русӣ ва тоҷикӣ / русӣ ва ӯзбекӣ) пешниҳод намоянд. Дар сурати таҳлили ду забона шумораи қисмҳои мӯҳтавои таҳлилшуда тақрибан 30-40 порчаро бояд ташкил диҳад.
Вазифаҳои мушовир(он):
• Дар ҷаласаи муқаддимавии Internews доир ба методологияи таҳлили мӯҳтаво иштирок менамояд;
• Якҷоя бо кормандони лоиҳа ҷузъиёти таҳлили мӯҳтаворо тартиб менамояд;
• Гузаронидани таҳлили тақрибан 70 порчаи муҳтаво (ё 30-40, агар танҳо бо ду забон), ки лоиҳа бо истифода аз методологияи Internews дастгирӣ менамояд;
• Ҳисоботи пешакиро бо забони русӣ пешниҳод намуда, натиҷаҳои таҳлили мӯҳтаворо, бо назардошти тавсияҳо барои такмили ҳисобот (на бештар аз 10 саҳифа) дарҷ менамояд;
• Ҳангоми зарурият, ҳисоботро мувофиқи шарҳҳо ё тавсияҳои Internews ба итмом мерасонад
Натиҷаҳои кор:
• Муҳокима бо кормандони Internews доир ба натиҷаҳои таҳлили мӯҳтаво.
• Ҳисоботи ниҳоии таҳлили мӯҳтаво (тақрибан 5-10 саҳифа) ба забони русӣ.
Муҳлати иҷрои кор: 20 рӯз
Буҷаи умумӣ (барои таҳлили ҳама маводҳо): $1,200
Номзадҳои ҳавасманд бояд резюмеи худро (CV), тавсияҳо ва беҳтараш намунаҳои таҳлили мӯҳтаворо ба суроғаи tj-info@internews.org ирсол намояд.
Ҳангоми пайдоиши саволҳо, лутфан бо суроғаи зерин тамос гиред: tj-info@internews.org