Internews мудир меҷӯяд

Internews барои тарҳе коргар меҷӯяд, ки ба беҳсозии инъикоси холисона ва ботавозуни рӯйдодҳои муҳим дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла инъикоси низоъҳо ва буҳронро равона шудааст.

Тарҳ дар Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Мудири тарҳ метавонад, ки дар Бишкек ё Душанбе қарор дошта бошад.

Мудири тарҳ

Мудири тарҳ ҳимояи моддиву техникии тарҳ ва амалишавии чорабиниҳои тарҳ, вазифаҳо ва натиҷаҳои онро дар кишваре назорат мекунад, ки онҷо қарор дорад, инчунин иртибототро дар доираи тарҳ, аз ҷумла бо созмонҳои шарик ва баҳрагирандагон ба роҳ мемонад. Мудири тарҳ бо мудири минтақаии тарҳ дар иртиботи доимӣ қарор мегирад ва дар амалишавии муассири тарҳи минтақаӣ саҳм мегузорад.

Масъулиятҳои корӣ

  • Мудири тарҳ ҳимояти молӣ-техникӣ ва амалишавии тарҳро дар кишвар назорат хоҳад кард, масъули иҷрошавии ҳамаи чорабиниҳои тарҳ дар кишвар ва иҷрошавии онҳо тибқи нақша, ҳаҷми кор, ҳадафҳо ва буҷа хоҳад буд; натиҷаҳои тарҳро таҳлил хоҳад кард; фаъолияти коршиносони техникиро назорат хоҳад кард; ва бо баҳрагирандагону шарикони тарҳ иртибот ба роҳ хоҳад монд.
  • Интихоб ва равуои сафарҳоро барои тренерон, мушовирон ва иштирокдорони чорабиниҳо ҳамроҳ бо мудири минтақаии тарҳ ҳамоҳанг хоҳад кард. Дар масъулиятҳои мудири тарҳ ҳамчунин ташкили сафарҳо ва будубош ва ғайра шомил хоҳад шуд.

Талабот

  • Бештар аз 5 сол таҷрибаи хуби корӣ дар ВАО ва ё тарҳҳои марбут ба расонаҳо;
  • Маълумоти олии марбута;
  • Дарки амиқи вазъият ва мушкилоти ВАО дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз ҷумла рӯзноманигории низоъ ва ҳассос, инчунин бахши дурӯғпароканӣ ва барангехтани адоват;
  • Маҳорати олии таҳлил ва навиштан;
  • Маҳорати олии ба роҳ мондани иртибот ва баёни фикру ақида;
  • Таҷрибаи омода кардани ҳисобот дар бораи харҷҳо ва буҷа;
  • Омода будан барои омӯзиш ва амалисозии василаҳои бехатари иртиботӣ;
  • Маҳоратҳои таҷрибашудаи созмондиҳӣ бо таваҷҷуҳ кардан ба ҷузъиёт;
  • Донистани забонҳои русӣ, англисӣ ва забонҳои маҳаллӣ (тоҷикӣ ё қирғизӣ) дар сатҳи касбӣ.

Довталабон метавонанд, то 31 майи соли 2024 дархост ирсол кунанд ва ҳамроҳ бо дархост ҳолнома, ангезаҳои худро барои кор кардан дар ин мақом дар шакли нома ва ду номаи тавсиявӣ фиристанд. Ин ҳуҷҷатҳоро бояд ба суроғаи электронии tj-info@internews.org фиристанд ва ҳатман мақомеро зикр кунанд, ки барои он дархост ирсол мекунанд. Онҳое, ки ба ҳадди максималӣ посухгӯи талаботи мақомҳо ҳастанд, барои мусоҳиба даъват мешаванд.

Муҳим! Ҳар ду мақом дар доираи тарҳе эълом шудаанд, ки амалишавии он аз тасмими «донор» вобаста аст. Қабул ба кор аз дарёфти маблағгузорӣ ва қабул ба мақоми мудири минтақаӣ аз тасдиқи «донор» вобастагӣ дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *