Муҳим! Мӯҳлати қабули дархостҳо то 10 август тамдид карда шуд.
Мо бо хушҳолӣ озмунро ҷиҳати интихоби шарик барои анҷом додани фаъолиятҳо ҷиҳати рушди муносибатҳои шарикӣ ва истифодаи муштараки захираҳо дар соҳаи расонаҳо эълон мекунем. Мо ният дорем, ки дар ин самт ҳамаи талошҳоро бо роҳи ҷалби ассотсиатсияҳои/созмонҳои касбии расонаҳо, гурӯҳҳои ташаббускор ва редаксияҳои ВАО муттаҳид созем.
Кӣ дар озмун иштирок карда метавонад ва кадом талаботҳои ҳатмӣ вуҷуд доранд?
Дар озмун инҳо иштирок карда метавонанд:
• Ассотсиатсияҳои расонаҳо,
• Созмонҳои ғайридавлатии расонаӣ
• Гурӯҳҳои ташаббускор, ки на камтар аз панҷ нафарро ташкил медиҳанд
• Редаксияҳои ВАО
Кадом фаъолиятҳо мумкин аст дастгирӣ шаванд?
Дар доираи дархости худ, шумо бояд рӯйхати фаъолиятҳоро барои ноил шудан ба ду ҳадафи асосӣ пешниҳод кунед:
1. Дастгирии институтсионалии ташкилоти шумо, аз ҷумла ҷалби иштироккунандагони нав, тавсеа ва таҳкими робитаҳо, тақвияти ҳамкориҳо бо шарикон ва мақомоти давлатӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳо дар соҳаи расона;
2. Эҷоди шабакаҳои шарикӣ бо дигар ташкилотҳое, ки дар лоиҳаҳои таҳкими устувории молиявии ВАО ва баланд бардоштани рақобатпазирии ВАО иштирок мекунанд, дар шакли маъракаҳои муштарак барои ҳифзи манфиатҳо, конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои ҷамъиятӣ.
Дар доираи ин лоиҳа кадом самтҳои фаъолиятро дастгирӣ кардан мумкин аст?
• Рушд ва устувории бизнес дар соҳаи расона;
• Таҳкими устувории молиявии ВАО;
• Рӯйкардҳои нав дар ҷалби маблағ барои редаксияҳо;
• Лоиҳаҳои махсус ва ҷамъоварии маблағҳо;
• Абзорҳо ва методҳои ҷамъоварии маблағҳо;
• Ҳавасмандгардонии масъулияти корпоративӣ ва иҷтимоӣ;
• Маркетинг ва реклама;
• Шаклҳои нави реклама дар Тоҷикистон;
Аз рӯи кадом меъёрҳо дархост арзёбӣ мешавад?
Ҳама дархостҳои барои озмун воридшуда аз ҷониби ҳайати доварони салоҳиятдор тибқи меъёрҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:
• Мутобиқати идеяи лоиҳа ба ниёзҳои муайяншуда;
• Мавҷудияти муҳтаво-нақша барои паҳн кардани иттилоот дар бораи фаъолияти лоиҳа ҷиҳати фарогирии густурдаи иштироккунандагони эҳтимолӣ;
• Аслӣ ва навоварона будани тарзи иҷро;
• Воқеӣ будани хароҷот ва вақти татбиқи лоиҳа;
• Қобили андозагирӣ будани натиҷаҳо, нишондиҳандаҳои андешидашудаи натиҷаҳои эълоншуда;
• Таъсири ҳадди аксар, устувории натиҷаҳои бадастомада.
Ман дар бораи натиҷаҳои озмун чӣ гуна хабардор мешавам?
Ғолибон тавассути почтаи электронӣ огоҳ карда хоҳанд шуд.
Варақаи дархостро чӣ тавр ва дар куҷо пур кардан мумкин аст?
Шумо бояд варақаи дархости онлайниро то 10 августи соли 2022, то соати 23.59 бо вақти Душанбе пур кунед.
Шумо метавонед варақаи дархостиро аз ин ҷо пайдо кунед. Ҳуҷҷатҳои пуршударо ба почтаи электронии TJ-info@internews.org равон кунед.
Оё барои дархостдиҳандагон ягон талаботи иловагӣ вуҷуд дорад?
Лутфан таваҷҷуҳ намоед, ки агар варақаи дархост аз ҷониби гурӯҳи ташаббускор, эътилоф, иттиҳодияи ғайрирасмӣ пешниҳод карда шавад, мо хоҳиш мекунем, ки Ёддошти тафоҳумро бо имзои ҳамаи аъзоёни гурӯҳи ташаббускор пешниҳод намоед. Он нишон медиҳад, ки ҳамаи аъзоёни гурӯҳи ташаббускор ҳадафи ягона ва вазифаҳои умумӣ доранд.
Барои созмонҳои узвиятдошта, ки ба озмуни мазкур дархост пешниҳод мекунанд, зарур аст, ки стратегияи дақиқи созмонҳои узвро дошта бошанд.
Агар саволе дар зеҳни шумо пайдо шавад, ба куҷо бояд муроҷиат намоед?
Барои ҳама саволҳо лутфан ба нишонии электронии TJ-info@internews.org муроҷиат кунед.
Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад. Маълумоти бештари барномаро метавонед аз инҷо пайдо кунед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳон, Internews дар Тоҷикистон.