Лоиҳаи панҷсолаи «Дастгирии иттилоотӣ мутавозин ва қобили эътимод дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ мешавад, ба таҳкими якпорчагии фазои иттилоотӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои онҳо ба иттилооти бардурӯғ мебошад.
Лоиҳаи «Дастгирии иттилоотӣ мутавозин ва қобили эътимод дар Осиёи Марказӣ» (Central Asian Information Integrity Action – CAIIA) соли 2023 оғоз гардида, то моҳи сентябри соли 2028 идома хоҳад ёфт. Лоиҳаи нав ба расонаҳо имкони эҷоди муҳтавои бештари босифат, пеш аз ҳама ба забони тоҷикиро фароҳам меорад ва инчунин кӯшишҳои тавлидкунандагони муҳтавои маҳаллиро барои таҳким ва рушди иқтидори худ тавассути пешниҳоди рӯйдодҳои омӯзишӣ ва платформаҳои нетворкинг (шабакасозӣ) миёни ҷомеаҳои расонаии кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгирӣ мекунад. Лоиҳа методҳоеро дастгирӣ мекунад, ки расонаҳои маҳаллӣ барои шиносоӣ ва муқобилаи муассир бо иттилооти бардурӯғ истифода мебаранд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ дар маросими ифтитоҳи лоиҳа дар Душанбе Питер Райлӣ, директори миссияи USAID дар Тоҷикистон аз ҷумла гуфт:
-Ман набояд ба шумо шарҳ диҳам, ки чаро ВАО-и мустақил барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ муҳим мебошад. Муҳим аст, фаҳмед, ки институти расонаҳои мустақил барои фаъолияти давлат зарур аст; Ҳукуматҳо бо расонаҳои мустақил беҳтар кор мекунанд. Воситаҳои ахбори омма натанҳо ба аҳолӣ, балки ҳукуматро доир ба муайян кардани мушкилот ва донистани оне, ки воқеан чӣ рух медиҳад, кӯмак мерасонад.
Ба гуфтаи Питер Райли, дастрасӣ ба иттилоот дар ин рӯзҳо хеле муҳим аст, аммо аз тарафи дигар, бениҳоят душвор аст. Зеро тарзи пешниҳоди хабарҳо дар ин рӯзҳо ва барои одамон фаҳмидани он, ки ҳақиқат аст, воқеан душвор мегардад. Чун он нуктаҳои зиёде ҳаст, ки боварибахш ба назар мерасад, аммо шояд дуруст набошад.
Лоиҳа инчунин бо сохторҳои давлатӣ барои ҳалли муштараки вазифаҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи саводи расонаии аҳолӣ, бавижа ҷавонон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ғайр аз ин, дар чорчӯби лоиҳа шарикони маҳаллии Internews барои татбиқи стратегияҳои худ, ки ба таҳкими тавлидкунандагони мустақили муҳтаво ва инчунин беҳтар намудани муҳити расонае, ки дар он фаъолият мекунанд, дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Зимни ифтитоҳи лоиҳа Рухшона Наҷмиддинова, директори кишварии Internews дар Тоҷикистон гуфт:
-Истеъмолкунандаи муосир натанҳо бо ҷараёни бузурги иттилоот, балки бо ҷараёни азими каналҳои иттилоотӣ рӯбарӯ аст. Ва инҷо мебояд, ки массиви маълумотро ҷудо кард. Дар айни замон хеле муҳим аст, ки тамоми қишрҳои ҷомеа мубориза бо ин ҷараёни иттилоотиро омӯзанд ва дар ин раванд нафақат рӯзноманигорон, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои давлатӣ ва маориф низ ширкат варзанд.
Натиҷаҳои асосии интизорравандаи аз лоиҳаи «Дастгирии иттилоотӣ мутавозин ва қобили эътимод дар Осиёи Марказӣ»:
• Баланд бардоштани сатҳи саводи расонаӣ ва шиносоӣ ва муборизаи муассир бо иттилооти бардурӯғ дар байни шаҳрвандоне, ки иттилоотро тавлид ва истеъмол мекунанд;
• Эҷоди муҳтавои босифат ва гуногунҷанбаи маҳаллӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои аҳолӣ;
• Эҷоди муҳити мусоиди расонаӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути стратегияҳои маҳаллӣ ва тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими якпорчагии иттилоот
Лоиҳаи «Дастгирии иттилоотӣ мутавозин ва қобили эътимод дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Интернюс ҳамроҳ бо шарикон – Zinc Network (Британияи Кабир) ва ташкилоти ҷамъиятии «Хома» (Тоҷикистон) амалӣ карда мешавад.